Борону барф: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевДождливый день, архивное фото
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши боронҳои пуршиддат пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Пастух со стадом на пастбище, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Дар Ваҳдат чӯпони 26 - сола ҷон бохт: КҲФ мегӯяд ҳоло вақти чаронидани чорво нест
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок мешавад. Дар водиҳо борон борида, дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барфи бошиддат ба амал меояд. Ҳамзамон раъду барқ ба амал омада, дар ағбаҳо туман  мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа ва рӯзона 8+13 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа  гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 дараҷа ва  рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда,  дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барфи баъзан  бошиддат дар назар аст. Ҳамзамон раъду барқ ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0