08:58 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Дар ноҳияи Спитамен марди дар ҳолати мастӣ бародарашро 16 корд зад

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон марди 44- солаеро боздошт намуданд, ки дар суйиқасд ба ҷони бародари худ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, кормандони милитсияи марди 44- солаи сокини маҳаллаи Доманакӯҳи ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти суйиқасд ба ҷон дастгир карданд.

 

Манбаъ қайд намудааст, ки номбурда рӯзи 27-уми июли соли равон, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиаш бо бародари 43-солааш, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, машрубот истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд бо мақсади куштор 16-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст. 

“Дар натиҷа, бародари ҷабрдидааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - зикр намудааст ВУД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

POSITION: taboola

Мавзӯъҳои асосӣ