Коршиносон: бо баргаштани муҳоҷирон Тоҷикистон “талхком” хоҳад шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкТафтиши асноди муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Тафтиши асноди муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳримот алайҳи Русия, уфти арзиши рубл ва афтиши умумии иқтисодиёти Русия – дар чунин ҳолат муҳоҷирони Тоҷикистон на танҳо наметавонанд ба хонаводаашон пул фиристанд, балки аз эҳтимол дур аст худро низ таъмин карда тавонанд, мегӯянд бархе аз таҳлилгарон.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Он гаҳ ки муҳоҷирон ба далели набуди кор дар Русия ба ватан баргарданд, кишвар ба "талхкомӣ" мувоҷеҳ хоҳад шуд, гуфтааст ба оҷонсии "Авеста" Абдулфаттоҳ Шафиев, коршиноси тоҷик.

Таҳримҳо алайҳи Русия, уфти қурби рубл, коҳиши арзиши нафт, афтиши иқтисодиёт — то чи ҳад ин тамоюлҳое, ки дар Русия ҷараён доранд, метавонанд ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон таъсир расонанд?  

"Ҳамаи фишори молии кишвар болои дӯши муҳоҷирон бор буд, акнун ки онҳо аз муҳоҷирати корӣ аз Русия бино бар сабаби набудани кор бар мегарданд, пас кишварро "талхкомӣ" дар пеш аст", — афзудааст Шафиев.

"Набояд умед баст, ки дар Русия корҳо рӯ ба роҳ хоҳанд шуд ва муҳоҷирон минбаъд ҳам аз ҷиҳати иқтисодиву сиёсӣ кишварро муътадил нигаҳ медоранд. Фикр мекунам, набояд таъхир кард ва ҳатман бояд тасмимҳои мутаносиб гирифт — ба тиҷорати хусусӣ имтиёз дод, ҳамчунин ба тими иқтисодӣ кордонон ва коршиносонро новобаста аз дидгоҳҳои сиёсиашон ҷалб кард ва ба эшон салоҳияти васеъ дод", — мегӯяд вай.

Фаъоли сиёсии дигар, ки дар саросари кишвар шинохта аст — Алим Шерзамонов, бар ин бовар аст, ки давлатҳои собиқи шӯравӣ бо Русия пайвандии ногусастанӣ доранд, аммо Тоҷикистон бештар аз ҳар кишвари дигар аз сиёсат ва иқтисодиёти Русия вобастагӣ дорад.

Ин фаъоли сиёсӣ изҳор дошт, ки ҳатто тибқи омори расмӣ пулҳое, ки муҳоҷирон мефиристанд 40 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад, аммо омори ғайри расмӣ бошад далолат бар ин мекунад, ки 60 дарсади ММД аз ҳисоби пулҳои муҳоҷирон таркиб ёфтааст.

"Мо се навъи содироти аслӣ дорем: алюмин, пахта ва неруи арзони корӣ. Вазъи алюмину пахта дар бозори ҷаҳонӣ як қадар тағйир ёфтааст. Арзиши онҳо коҳиш меёбад. Танҳо умед ба содироти неруи корӣ боқӣ мондааст, аммо мутаассифона ин ҳам бо хатар рӯ ба рӯст, чун вазъият дар Русия на чандон хуб аст ва қурби рубл низ коҳиш меёбад", — гуфтааст Шерзамонов.

Баҳори 2015, ба гуфтаи вай, вазъ аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд.

"Агар оқибати ин тамоюлотро русҳо баъд аз 6-8 моҳ эҳсос кунанд, пас дар Тоҷикистон давоми 2-3 моҳ ҳис шаванда хоҳад буд, яъне иқтисоди мо то он ҳад вобаста аст, ки чораи дигаре боқӣ намондааст", — изҳор медорад Шерзамонов.

Бино бар бовари ин фаъоли сиёсӣ, ҳукуматдорони Русия, талош хоҳанд кард, ки ҷуброни пасту баландшавии қиммати бозорро барои шаҳрвандони худ бипардозанд, аммо ба ҳеч ваҷҳ барои шаҳрвандони хориҷӣ ин корро анҷом нахоҳанд дод.

"Агар дар гузашта 20 ҳазор рубли русӣ, ки барои мисол, муҳоҷирон дарёфт мекарданд, муодили 600-700 доллар мешуд, акнун муодили 300-350 доллар мешавад. Гузашта аз ин, тағйироте ки ба қонунгузории Русия ворид шуду аз 1 январ мавриди амал қарор мегирад, ба ҳеч ваҷҳ ба нафъи муҳоҷири тоҷик нест. Дар ин ҳолат муҳоҷири кории тоҷик на танҳо имкон надорад, ки ба ватан пул фиристад, ҳатто эҳтимол аст, ки худро ҳам натавонад таъмин кунад", — изофа мекунад Шерзамонов.

Лентаи хабарҳо
0