Назарпурсӣ: 81% юнониҳо хостори дастрасӣ ба манобеъи мустақил ҳастанд

© Flickr \ Matthew HurstТелевизорҳо
Телевизорҳо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Назарпурсӣ, ки аз сӯйи ширкати ICM Research барои хабаргузории Sputnik дар чорчӯби тарҳи Sputnik.Мнение анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки аврупоиҳо ба дастрасӣ ба манобеъи мустақили нуқоти назар, аз ҷумла ба назароти расонаҳои русӣ таваҷҷӯҳи зиёд мекунанд.

ДУШАНБЕ, 19 мая — Sputnik. Беш аз 80% сокинони Юнон ба дастрасӣ ба манобеъи мустақили назарот ба ҳаводиси байналмиллалӣ, аз ҷумла мавзеъи расонаҳои русӣ алоқаманд ҳастанд, омадааст дар натоиҷи назарпурсие, ки ICM Research барои хабаргузории Sputnik анҷом додааст.

Ба беш аз панҷ ҳазор нафар пурсидашудагон дар Бритониё, Фаронса, Олмон, ИМА ва Юнон пешниҳод шуд, ки ба ин суол посух бидиҳанд: то куҷо шумо аолоқа доред, ки ба манобеъи мустақили назарот бар ҳаводиси байналмиллалӣ, аз ҷумла мавзеъи расонаҳои русӣ дастрасӣ дошта бошед?

Дар кишварҳои зикршуда 60% пурсидашудагон ба имкони доштани дастрасӣ ба манобеъи мустақили назарот бар ҳаводиси байналмиллалӣ, аз ҷумла ба мавзеъоти расонаҳои русӣ алоқамандӣ нишон додаанд.

Назарпурсӣ: кӣ Аврупоро аз фашизм озод кард?

Бештар аз ҳама ба манобеъи мустақил ахбор сокинони Юнон таваҷҷӯҳ карданд. 81% сокинони ин кишвар хостори дастрасӣ ба чунин манобеъ шудаанд.

Дар кишварҳои дигар, ки дар ин назарпурсӣ ширкат кардаанд, мизони таваҷҷғӯҳ ба ахбори мустақил тафовут дорад. Агар дар Олмон, ИМА ва Бритониё теъдоди ҷонибдорони иттилоъи мустақил мутаносибан 55 ва 57 дарсад бошад, дар Фаронса аз чунин имконият омодаанд танҳо 49% истифода кунанд. Дар ин кишвар теъдоди афроде, ки барояшон манобеъи мустақил ба ҳаводиси байналмиллалӣ ҷолиб нест 43% мебошад.

Назарпурсӣ аз сӯйи ширкати ICM Research барои хабаргузории Sputnik дар чорчӯби тарҳи Sputnik.Мнение аз 20 март то 9 апрели соли 2015 дар Бритониё, Фаронса, Олмон, ИМА ва Юнон анҷом дода шудааст. 5001 нафар пурсида шуданд (1001 нафар дар Юнон ва дар кишварҳои дигар 1000 нафарӣ). Интихоби пурсидашудагон тибқи ҷинсият, синну сол, ҷуғрофия сурат гирифтааст. Мизони эътимоднокӣ дар маҷмӯъ барои як кишвар +/- 3,1% зимни эътимоднокии эҳтимолӣ 95% мебошад.

Лентаи хабарҳо
0