17:30 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Султони Ҳамад. Акс аз бойгонӣ

Коршинос: Ҳоҷӣ Ҳалим ва Эшони Ҷунайдуллоҳ аз ҷумлаи сулҳхоҳон буданд

© Sputnik Хилватшо Ходжаев
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)
4701

Бархе аз коршиносони масоли сиёсии тоҷик мегӯянд, Абдуҳалим Назаров - собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон ва Ҷунайдуллоҳ Умаров – коменданти пешини низомии шаҳри Душанбе, ки ҳоло дар “такшили гуруҳи террористӣ” ва “хиёнат ба Давлат” муттаҳаманд, нафароне мебошанд, ки аз имзои Созишномаи сулҳ бисёр гарм истиқбол кардаанд.

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Коршиноси масоили сиёсӣ ва собиқ сухангӯи раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ), Султони Ҳамад дар суҳбат бо АМИТ "Ховар" гуфтааст, ин ду қумандони пешини ИНОТ аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки дар тадбиқи Созишномаи сулҳ зиёд талош кардаанд.

"Ҳоҷӣ Ҳалим (Абдуҳалим Назаров, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон-шарҳи идора) ва Эшони Ҷунайдуллоҳ (Ҷунайдуллоҳ Умаров, коменданти низомии шаҳри Душанбе-шарҳи идора), аз ҷумлаи ҳамон фармондеҳоне буданд, ки ин тавофуқи сулҳу оштиро гарм истиқбол карданд ва барои татбиқи он талош варзиданд",- изҳор доштааст ин таҳлилгар.

Ба қавли оқои Ҳамад, Ҷунайдуллоҳ Умаров ҳангоми нооромиҳои дохилии Тоҷикистон ба хоки Афғонистон паноҳ бурда, яке аз қумандонҳои пешини собиқ фармондеҳи неруҳои мусаллаҳи наҳзати исломии кишвар ба шумор мерафт.

"Баъд аз он ки раҳбарияти ИНОТ Ризвон Садировро хоин эълон кард, Ҷунайдуллоҳ аз Ризвон ҷудо шуд ва бевосита ба худи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ итоат мекард",- афзудааст сухангӯи пешини ИНОТ.

Ин коршиноси масоили сиёсии тоҷик аз узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) эълон шудани ин ду мақоми баланпояи Вазорати дифои кишвар изҳори бехабарӣ кардааст.

"Дар бораи аъзои ҲНИТ будан ва ё набудани онҳо маълумоти дақиқ надорам. Аз он ки онҳо ба изҳороти басташавии ҲНИТ имзо кардаанд, мантиқан набояд аъзои ҲНИТ бошанд",-илова кардааст Султони Ҳамад.

Иттиҳоми ташкили гуруҳи террористӣ ва хиёнат ба давлат алайҳи Абдуҳалим Назарзода ва Ҷунайдулло Умаров дар пайи ҳамлаҳои хунин алайҳи кормандони пулис аз сӯи мақомоти тоҷик эълон шуд. Ин ҳамлаҳо субҳи 4 сентябр дар шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат сурат гирифта, дар натиҷаи онҳо наздик ба 10 корманди пулис ҷон додаанд. Мақомот мегӯянд, ҳамлаҳо алайҳи кормандони пулис кори Назарзода ва Умаров мебошад.

Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)

Мавзуъ

Ифтитоҳи парвандаи “хиёнат” алайҳи Назарзода ва Умаров
Барчаспҳо:
амалиёти низомӣ, генерали фирорӣ, ҳамла ба Душанбе ва Ваҳдат, таҳлил, изҳори назар, Созишномаи сулҳ, ҲНИТ, ИНОТ, Ризвон Садиров, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Эшони Ҷунайдуллоҳ, Ҷунайдулло Умаров, Абдуҳалим Назарзода, Султони Ҳамад, Душанбе, Ромит, Кобул, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ