17:35 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Шарқшинос, таҳлилгари масоили  минтақавӣ Зоири Давлат

Зоири Давлат: ҷанги Сурия намунае аз танишҳои Арабистону Эрон аст

© Sputnik
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Навобаста ба ин, ки Эрон ҷумҳурии исломист ва Арабистон давлати низомаш шоҳигарӣ бо низоми мусулмонӣ, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ байни Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳеч гоҳ дар сатҳи шоиста барқарор набуд, иброз дошт Зоири Давлат, шарқшинос ва таҳлилгари масоили минтақавӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik.

Оқои Зоири Давлат ба танишҳои ин ду кишвар- Арабистони Саудӣ ва Эрон дахл карда афзуд, ба ин мушкил бояд аз дидгоҳи илмӣ ва зовияи иқтисодӣ назар афканд, ҳарчанд баҳси мазҳаб низ дар миён ҳаст.

"Ҷумҳурии Исломии Эрон бо масоҳати 1 миллиону 648 ҳазору 195 километри мураббаъ, бо ҷамъияте беш аз 78 миллион нафар ва маҷмӯи тавлиди нохолиси дохилии на кам аз 385 миллиард доллари амрикоӣ солона, дар ду минтақаи рақами аввали манотиқи муҳимми истихроҷи нафт дар ҷаҳон ҷой гирифтааст: аз шимол дарёи Хазар (ё худ баҳри Каспий) ва аз ҷануб Халиҷи Форс ва баҳри Уммон",- қайд кард ӯ.

Ба ҳамин тариқ, Эрон дар минтақаи миёнии АвруОсиё мавқеияте роҳбурдӣ дорад ва як қудрати минтақаӣ дар ҷанубу ғарбии Осиёст ва ҷойгоҳи муҳиммеро дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба далели дар ихтиёр доштани саноати нафт, петрошимӣ ва гази табиӣ барои худ ба даст овардааст.

Коршинос дар идомаи суханрониаш афзуд, подшоҳии Арабистони Саудӣ бо масоҳати 1 миллиону 149 ҳазору 690 километри мураббаъ ва беш аз 30 миллион аҳолӣ, бо маҷмӯи тавлиди нохолиси дохилии зиёда аз 680 миллиард доллари амрикоӣ солона, аз бузургтарин тавлидкунандагон ва содиркунандагони нафти дунё аст.

Гузашта аз ин, Макка ва Мадина — ду макони муқаддаси мусулмонон, ки ҳамагӣ навобаста ба эътиқодоти мазҳабӣ мавриди эҳтиром қарор доранд, дар ин кишвар мавқеъ доранд ва дар байни кишварҳои арабӣ ва мусулмонӣ аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор аст.

Шарқшинос бар ин назар аст, ки новобаста ба ин, ки яке ҷумҳурии исломист ва дигаре шоҳигарӣ бо низоми мусулмонӣ, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ байни Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳеч гоҳ дар сатҳи шоиста барқарор набуд.

Баъд аз инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон равобити ин ду кишвар боз ҳам тиратару хасмонатар шуда, борҳо суъитафоҳуми низомӣ ва дипломатӣ байни ду кишвар ба амал омада аст.

Ҳар ду кишвар шефтаи роҳбарӣ бар соири кишварҳои мусулмони Ховари Миёна ҳастанд, мегӯяд Зоири Давлат, ки дар ин байн, Эрон ба унвони як кишвари шиамазҳаб ва Арабистони Саудӣ ба унвони як кишвари суннимазҳаб, ихтилофоти эътиқодӣ ва сиёсии зиёде доранд, ки маъмулан манфиатҳои бо ҳам зиддро барои якдигар қарор додаанд.

Ба қавли ӯ, ҳимояти Арабистон аз Саддом Ҳусайн дар ҷанги Эрону Ироқ ва ҳимояти Эрон аз шиъиёни ҳусӣ дар низоъи Яман намунае аз ихтилофоту даргириҳост. Ҳамчунин, ду кишвар бо якдигар дар Халиҷи Форс ихтилофоти марзӣ доранд, ки асосан ба сабаби баҳрабардории бештар аз манобеъи ҳидрукарбунии Халиҷи Форс аст.

Конференция на тему отношений Саудовской Аравии и Ирана и войны в Сирии в Институте востоковедения АНРТ
© Sputnik
Ҳамоиши илмӣ дар мавзӯъи "Муносиботи Эрону Арабистони Саудӣ ва таъсири он ба минтақа". Донишкадаи шарқшиносии АУ, 23- октябри соли 2015

 

Ҷаноби Давлат дар идомаи сӯҳбати худ қайд кард, ки Риёз ҳамвора нигарони нуфузи Эрон дар давлати аввали Нурӣ Моликӣ дар Ироқ буд. Ҳимояти Арабистон аз гурӯҳи "Ҷундуллоҳ", ки террористӣ шинохта шудааст, низоъи Яман (2009-2010), муттаҳам шудани Эрон ба иқдом барои террори сафири Арабистон дар Вашингтон, низоъи дохилии Лубнон (2008), террори донишмандони ҳастаии Эрон, эътирозот дар Арабистони Саудӣ (2011) ва дар ниҳоят ҷанги дохилии Сурия намунаҳое аз бархӯрдҳои сиёсиву низомии мустақиму ғайримустақими ду тараф дар солҳои 2005 то 2013 мебошад.

"Бар асоси асноди мунташиршудаи Викиликс, Абдуллоҳ бин Абдулазиз, подшоҳи вақти Арабистони Саудӣ хостори ҳамлаи низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Эрон ва мутаваққиф кардани барномаи ҳастаии Эрон будааст",- илова кард таҳлилгар.

Ногуфта намонад, ки Одил ал-Ҷубайр, сафири Арабистон дар Вашингтон аз тавсияҳои мукаррари Малик Абдуллоҳ ба Амрико дар бораи ҳамлаи низомӣ ба Эрон ва мутаваққиф кардани барномаи ҳастаии ин кишвар ёд карда аст, хулоса кард Зоири Давлат.

 

Мавзуъ

Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон баъд аз амалиётҳои Русия дар Сурия
Барчаспҳо:
таҳлилгари тоҷик, муносиботи Саудӣ ва Эрон, танишҳои Риёз ва Теҳрон, изҳори назари коршиносон, ҷанги Сурия, шоҳи Арабистони Саудӣ, раисҷумҳури Эрон, нахуствазири Ироқ, АУ, Зоири Давлат, Теҳрон, Ар-Риёз, Арабистони Саудӣ, Эрон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ