19:23 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Раҷаби Мирзо. Акс аз бойгонӣ

Раҷаби Мирзо: мусобиқаи роҳбарони ОМ идома дорад

© Страница Раджаби Мирзо в Facebook
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешнависи қонунеро дар бораи расман пешвои миллат хондани раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳия кардаанд ва ин лоиҳа аллакай дар Шӯрои МН баррасӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Таҳияи ин қонун нусхабардории сиёсати Назарбоев ва идомаи мусобиқаи раҳбарони Осиёи Марказӣ мебошад, гуфт таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо дар суҳбат бо Sputnik.

"Аз ин иқдом танҳо як бардошт кардан мумкин аст, яъне дар Осиёи Миёна мусобиқаи байни раҳбарон оид ба озмуни "ки зуртар?" ба охири худ нарасидааст. Президенти Точикистон ҳамон кореро идома доданист, ки ҳамтоенаш дар Қазоқистону Узбакистон карда буданд", — афзуд оқои Мирзо.

Ба назари таҳлилгари тоҷик ба таври дигар, дар пайи муборизаҳои геополитикиву геостратегӣ кишварҳои ғарбӣ ва то ҷое созмонҳои байналмилалӣ ба ин иқдомҳо ба хотири манофеи худ чашмпушӣ мекунанд.

Таҳия ва баррасии чунин як қонуне дар ҳолест, ки ки қаблан пешниҳоди расман пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби як гуруҳ олимон баҳсҳои ҷонибдорону мухолифон ба бор оварда буд.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як матлаб бо номи "Дурнамои идеяи "пешвои миллат" дар Тоҷикистон" ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кардааст. Ин идея аз ҷониби академик, Носир Салимӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон" (2.04.2015) ва баъдан дар торнигори сайти Ҳизби ҳокими халқи демократӣ нашр шуда буд.

Барчаспҳо:
Осиёи Миёна, мукаддас, таҳлилгар, китобҳо, ғарбӣ, роҳбарон, пешвои миллат, байналмилалӣ, Академияи илмҳо, Туркманбошӣ, Раҷаби Мирзо, Назарбоев, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ