Қаршибоев: хавфи баста шудани Шӯро вуҷуд дошт

© SputnikҶаласаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон 4 декабри соли 2015
Ҷаласаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон  4 декабри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба назари Раиси Шӯрои ВАО соли ҷорӣ эҳтимоли баста шудани ин ниҳоди танзимкунандаи меъёрҳои ахлоқӣ дар кишвар вуҷуд дошт, аммо онҳо корҳоеро анҷом доданд, ки пеши роҳи ин тасмим гирифта шуд.

Субҳи имрӯз дар меҳмонхонаи мавсум ба "Лотус"-и пойтахт ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО ба кори худ шурӯъ кард. Хабарнигори Sputnik дар робита ба фаъолияти ин  ниҳод дар соли равон, камбудӣ ва дастовардҳои он бо Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Шӯрои мазкур бо чанд суол муроҷиат намуд.

- Соли 2015 барои Шӯрои ВАО ва роҳбари ин ниҳод чӣ армуғоне овард?

— Пеш аз ҳама мо дар тӯли як сол тавонистем, фаъолияти дастгоҳи иҷроияи Шӯроро ба роҳ монем. Бештар ба омили сохтории Шӯро, ки яке аз шартҳои фаъолияти созмон мебошад, ба ҳамин чиз диққат додем ва шояд аз ин лиҳоз нисбати мо эродҳо низ садо диҳанд, ки бевосита ба баррасии шикоятҳо, баррасии риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон камтар диққат додем.

- Хуб, имсол ниҳоди зери роҳбарии шумо ба чанд шикоят расидагӣ кард?

— Шумораи муроҷиатҳо ба Шӯро нисбат ба солҳои гузашта камтар буданд, шояд аз он сабаб, ки соли ҷорӣ интихоботи парлумони сурат гирифт ва пас аз воқеаҳои моҳи сентябр фазои иттилоотӣ андаке маҳдуду муташаниҷ буд, сарфи назар аз ин ба хотири он, ки яке аз вазифаҳои Шӯро ин таҳкими озодии баён аст. Нисбати ҳодисаҳои моҳи сентябр низ изҳороти худро пахш намудем, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстримизм набояд боиси маҳдуд шудани ҳуқуқи ВАО ва махсусан ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот гардад.

Қаршибоев: ҳукумат расонаҳоро “ҳокимияти чорум” намедонад

Дар тули соли ҷорӣ 19 муроҷиатро номнавис кардем ва аз ин 12-то бевосита ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО дахл доштанд, 7 қазияи дигар ин дигар масъалаҳое, ки марбут ба фаъолияти Шӯро аст, вобастаги доштанд.

Имсол мо агар 4 қазияро дар Шӯро баррасӣ карда бошем, бевосита дар ҷарасаи раёсати Шӯро, дар дигар ҳолатҳо мо кӯшиш ба харҷ додем, ки мушкиле, ки пеш омадааст ва боиси муроҷиат ба Шӯро шудааст, дар марҳилаи аввалия баррасӣ карда ҷонибҳо қаноатманд гарданд.

Яъне, мо бештар ба миёнаравӣ машғул шудем, то ки он даъвоҳое, ки нисбат ба журналистон ва ВАО буд, ҳатто то ба дараҷаи дар ҷаласаи Шӯро баррасӣ нарасида ҳали худро меёфтанд. Ба ин муваффақ ҳам шудем.

- Мушкилоту камбудиҳоеро, ки садди роҳ ва пешравии Шӯро шуданд, метавонед номбар намоед?

— Албатта, камбудиҳо дар фаъолияти Шӯро низ вуҷуд доранд. Мо дар назди ҷомеаи журналистӣ ду коре, ки мехостем анҷом диҳем анҷом дода натавонистем. Аввал, ин қазия вобаста ба протоколи ҷаласаи ҳукумат, ки боиси сару садоҳои зиёд шуд. Мо тасмим гирифтем, ки ин масъаларо то сатҳи ҳукумат муроҷиат мекунем, ба як хулоса меоем, ки ин протокол набояд боиси маҳдуд гаштани ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳуқуқи ВАО ба дастрасӣ ба иттилоотӣ расмӣ гардад.

Акбари Сатторро дар зодгоҳаш- деҳаи Мортеппаи Ҳисор ба хок супурданд

Мо дар ин самт кор карда истодаем, вале то имрӯз муваффақ нашудем, ки муроҷиатамон дар ҳукумат баррасӣ гардад. Бо сабабҳои объективӣ ин кор ба уҳдаи Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон маҳрум Акбаралӣ Сатторов гузошта шуда буд ва марги нобаҳангоми ӯ боис шуд, ки мо аз нав ба ин кор баргашта шурӯъ кунем ва то охир ин корро анҷом хоҳем дод.

Масъалаи дуюм ин буд, ки дар яке аз ҷаласаҳои Раёсат ба миён гузошта шуда буд, мониторинги риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО буд, албатта ин масъала масъалаи муҳим ва рӯзмарра аст, вале барои анҷом додани мониторинги босифат мо бояд ашхосеро омода кунем, ки бевосита ба ин кор машғул бошанд ва ҳар сари вақт ҳисобот омода кунанд то ки онро дар Шӯро ва дар ҷомеаи журналистӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем. Албатта, дар умум мо риояи меъёрҳои ахлоқиро пайгирӣ кардем, вале мушаххасан мониторинг дар ин ё он самти риои меъёрҳо анҷом дода натавонистем.

- Бештар дар кадом самтҳо ба рӯзноманигорони ҷавон тренингҳо гузарондед?

— Яке аз самтҳои дигари фаъолияти мо ин таҳкими меёрҳои ахлоқӣ тавасути корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом додани тренингҳо буд, ки сарфи назар мо дар ин корҳо маблағгузорие надоштем аз ҳисоби аъзои Шӯро аз ҷумла аз журналистони забардастӣ Тоҷикистон хоҳиш кардем, ки онҳо бо журналистони ҷавон дар мавзӯи сифати рӯзноманигорӣ, меъёрҳои ахлоқи журналистӣ тренингҳо гузаронанд.

Мо мувафақ шудем, ки бо ин даври омӯзиш беш аз 50 нафарро фаро гирем, тасмим ҳам гирифтем, ки миёни журналистони ҷавон як озмуни беҳтарин иншо дар мавзӯи "Мо расонаҳои хушахлоқро интихоб мекунем" эълон намудем.

То имрӯз ба мо беш аз 10 мавод аз ҷониби журналистон ворид гашт. Мо тасмим гирифтем, ки бинобар хоҳиши журналистони ҷавон, ки дар минтақаҳо фаъолият мекунанд мӯҳлати ин озмунро тамдид кунем.

Қаршибоев: ба ҷосускобӣ миёни хабарнигорон хотима бояд дод

Дар айни замон Шӯро дар як марҳилаи тақдирсоз қарор дорад ва мо дар ин ҷалама мо ҳарчи бештар корҳоеро анҷом диҳем, ки барои фаъолияти пурсамари ин Шӯро мусоидат кунад.

-Хавфи баста шудани Шӯрои ВАО вуҷуд (дошт) дорад?

— Эҳтимол буд ва мо дар соли равон кушиш кардем, ки корҳоеро анҷом диҳем, ки Шӯро баста нашавад. Ба ҳамин хотир бештар ба омили сохтори Шӯро диққат додем, то ин, ки ҳамин хавфро камтар кунем.

Ман ҳамчун раиси Шӯро аз фаъолияти имсола пурра қаноатманд нестам. Дар инҷо шояд гуноҳи худи ман бошад вале ман ҳадди имкон кӯшиш ба харҷ дода истодаам, ки шиори кам бошаду хуб бошадро амалӣ намоям. Ин Шӯро на шӯрои Қаршибоев ва на аз аъзои Раёсат аст.

Балки аз ҷомеаи рӯзноманигорӣ аст ва ҳамаи онҳо масъул ҳастанд ва бояд масъулияти худро эҳсос кунанд, ҳади имкон кушиш ба харҷ диҳанд, ки ин Шӯро яке аз падидаҳои нав дар ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон аст.

Шаш сол боз ин Шӯро дар Тоҷикистон амал мекунад ва ин нахустин созмоне ҳаст, ки дар Осиёи Марказӣ дар ин самт ташкил шудааст ва набояд мо ин корро дар нимароҳ гузорем ва ҳадди имкон кӯшиш ба харҷ диҳем, ки намунаи ибрат барои рӯзноманигорони дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ гардем.

Лентаи хабарҳо
0