14:37 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Қарабоғи Кӯҳӣ. Акс аз бойгонӣ

Сиёсатшинос: сабабҳои низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ гуногунанд

© Sputnik / Илья Питалев
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ: аз ҷанг то ҳамлаҳои хакерӣ (5)
65 0 0

Шӯрои доимии САҲА бо иштироки аъзоёни гурӯҳи Минск оиди ҳалли масъалаи Қарабоғ ҷаласаи вижа доир менамояд. Гурӯҳ ҳоло ҳам метавонад ба ҳаллу фасли даргириҳо таъсир расонад, мегӯяд сиёсатшинос Владимир Зорин.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Шӯрои доимии САҲА дар Вена бо иштироки аъзоёни гурӯҳи Минск доир ба бартарафсозӣ ва ҳалли муноқишаи Қарабоғ ҷаласа диор мекунад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба як манбаъ аз ин ташкилот. Қайд мешавад, ки сухан дар бораи ҳар чӣ зудтар аз байн бурдани муноқишаҳо ва эҳтимоли ҳалли он дар сатҳи сиёсӣ меравад.

Ҳамраисони гурӯҳи Мински САҲА Русия, Фаронса ва ИМА мебошанд. Аъзоёни доимӣ —Белорус, Олмон, Италия, Шветсия, Финландия ва Туркия, ҳамчунин Арманистон ва Озарбойҷон ҳастанд.

Қаблан вазири умури хориҷии Русия Сергей Ловров ва котиби давлатии ИМА Ҷон Кери аз ҷонибҳо ба хотимаи даргириҳо даъват карданд. Онҳо "кӯшиши "бозингарони хориҷи"-ро дар тезу тунд кардани муноқишаи Қарабоғ маҳкум намуданд".

Дар бораи пуршиддат шудани даргириҳо дар минтақаи Қарабоғ вақтҳои охир Шабакаи мониторинги этникӣ ва огоҳкунии барвақтии низоъҳо (EAWARN) —ташкилоти ҷамъиятии Русия, ки бо дастгирии Интситути этнологӣ ва антропологии Академияи илмҳои Русия фаъолият мекунад, зиёд маълумот медод, мегӯяд доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Владимир Зорин.

Вазъ дар маҳалли ҳодиса дар Қарабоғи Кӯҳӣ
© Sputnik / Асатур Есаянц
 

"Ҳамин вазъ дар рӯзи аввали даргирӣ, яъне 2 апрел мушоҳида шуд. Якум мехостам бигӯям, ки нақши гурӯҳи Минск то имрӯз самаранок ва муассир буд. Ҳоло ки ин гурӯҳ ҷамъ мешавад, бисёр муҳим аст. Шахсан ман аз ин гурӯҳ умеди калон дорам. Вазифаи аввалиндараҷа ин хотима додан ба даргириҳост. Қадами баъдӣ бояд берун овардани қувваҳои низомӣ ва аслиҳаи вазнин бошад. Ман изҳороти Сергей Лавров ва Ҷон Кериро  дар бораи даъвати хотима додани мубориза хеле хуш пазируфтам. Яъне кишварҳое, ки гурӯҳи Минскро таъсис доданд сиёсати рушани сулҳҷӯёна доранд. Ва ман умедворам, ки ин сиёсат нақши худро хоҳад бозид",-гуфт Владимир Зорин дар мусоҳиба бо радиои Sputnik.

Ба қавли ӯ, ба оташандозии "қувваҳои хориҷӣ" нигоҳ накарда, баъди чанде ҳамаи ин муноқишаҳо поён меёбанд ва ҳалли худро пайдо мекунад.

"Фикр мекунам, ин ҷо Сергей Ловров ва Ҷон Кери Туркияро дар назар доштанд. Коршиносоне, ки алоқаи Туркияро дар Қафқоз мушоҳида мекарданд низ ба чунин хулоса омаданд. Амалан Туркия ягона мамлакате буд, ки дар рафти ин муноқишаҳо яке аз тарафҳоро дастгирӣ кард", — қайд кард сиёсатшинос.

Дар баробари ин Владимир Зорин гуфт, ки муноқиша якчанд сабаб дорад.

"Ин низоъ муноқишаест, ки ба қатори баҳсҳои "яхшуда" ё ба таъхир афтода дохил мешавад. Ва чунин муноқишаҳо метавонанд тезу тунд гарданд ва дар ҳар замон тарканд. Чизе, ки айни замон ба вуқӯъ пайваст —чанд сабаб дорад. Ҳам вазъияти бади иқтисодӣ ва сиёсии ин кишварҳо ва ҳам вазъияти ноороми дунёи имрӯз. Дар чунин шароит ҳамеша авҷи муноқишаҳои маҳаллӣ ва ба таъхирафтода буруз мекунад. Дар аксари ҳолат бошад, ин санҷиши қувваҳои ҳамдигарӣ баъди давраи сулҳи дарозмуддат аст", — иброз медорад Владимир Зорин.

Ба фикри сиёсатшинос айни замон Шӯрои гурӯҳи Мински САҲА метавонад вазъиятро ором кунад.

"Ман фикр мекунам, ки вазъияти имрӯза ба муборизаи бузург табдил нахоҳад ёфт. Чунки гурӯҳи Минск метавонад барои ором гардонидани вазъият таъсири мусбат расонад", —хулоса кард Вламидир Зорин.

Мавзуҳо:
Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ: аз ҷанг то ҳамлаҳои хакерӣ (5)

Мавзуъ

Дар "Эделвейс" шаҳраки ҳарбӣ бунёд мекунанд
Барчаспҳо:
ҷанг дар Қарабоғ, низоъ, баҳси марзӣ, тирпарронӣ, муноқиша, марз, Гурӯҳи Минск, САҲА, Владимир Зорин, Сергей Лавров, Ҷон Керри, Қарабоғи Кӯҳӣ, Арманистон, Озарбойҷон

Мавзӯъҳои асосӣ