14:18 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Шиноварӣ дар кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ

Кӯли Сарез метавонад қисми зиёди Осиёи Марказиро шуста барад

© Sputnik / Шерстенников
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
5408104

Кӯли Сарез, ки дар кӯҳҳои Помир ҷойгир аст, бо кушода шудани саргаҳи худ метавонад қисми зиёди Осиёи Марказиро ба оқибатҳои фалокатбор рӯ ба рӯ созад.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Кӯли Сарез дар ҳоли ҳозир барои якқатор кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар соҳили Амударё ҷойгир ҳастанд, хатари ҷиддӣ эъҷод месозад, менависад Sputnik Узбакистон аз сӯҳбат бо устоди Донишкадаи сохтмон ва меъмории Тошканд, Равшан Қодиров.

Коршинос зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон дар ҳамоиш оид ба масъалаҳои вокуниш ҳангоми ҳолатҳои фавқуллода, ки дар сафоратхонаи ИМА дар Тошканд баргузор гардид иброз дошт, ки имрӯз касе пурра наметавонад мустаҳкамии сарбанди Сарезро (бо 19 миллион тонна об) баҳои дуруст диҳад.

"Сарез- яке аз ҷавонтарин нуқтаи ҷуғрофии сайёраамон ба шумор меравад. Кӯл шаби 18 феврали соли 1911, дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди куҳии Мурғоб пайдо шудааст. Он шаб, зиёда аз ду мукааб километр ҷинсҳои куҳӣ сарбанди дарёро бастаанд. Гуфтаи дигаре низ мавҷуд аст, ки мувофиқи он ярчи пуриқтидор сабаби заминларза шудааст. Ҳанӯз дар давраҳои подшоҳӣ олимон ин минтақаро омӯхта, дар бораи дараҳои чуқур, нишебиҳои ин ҷо маълумот медоданд",-гуфт Равшан Носирович дар бораи таърихи пайдоиши кӯл.

Коршинос ҳамчунин қайд кард, ки заминларза ҳатто дар масофаи ҳазорон километр-дар нуқтаи зилзиласанҷии Пулковаи Санкт-Петербург ба қайд гирифта шуда буд.

Ба қавли коршинос аллакай то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин минтақа бо мақсади омӯзиши кӯли Сарез олимон раҳсипор мешуданд. Ҷойҳои ин минтақа касногузаранд олимон боварӣ ҳосил карданд, ки саргаҳи 500 метраи кӯлро омӯхтан амри маҳол аст.

Албатта об зиёд шудан мегирад ва вазни он ба сарбанди кӯл таъсир мерасонад. Вале инсон қудрат дорад дар пайи омӯзиши тӯлонии минтақа кушодашавии кӯлро пешгӯӣ намояд. Ва масъалаи асосӣ ин аст, ки агар масири об кушода шавад пас чи рух медиҳад?

"Барои баромадани об албатта сӯрохиҳо вуҷуд доранд ва онҳо ҷойҳои осебпазири кӯл ба ҳисоб мераванд.  Ҳамин тавр ҷойҳои осебпазир аз дохил вайрон шудан мегирад. Ҳанӯз дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нишондодҳои махсус оид ба кушодашавии саргаҳи об ҳисоб карда бароварда шуда буданд. Кушодашавии саргаҳ ба ҷамъшавии  мавҷи бузурги об оварда мерасонад. Ва ҳамаи мо чи будани селро хуб медонем. Ин мавҷи об ҳангоми ба поён равон шудан суръати баланд мегирад, чунки роҳи пеши об ҳамвор аст",-шарҳ медиҳад Равшан Қодиров.

Мувофиқи хулосаҳои ӯ дар сурати кушода шудани роҳи об зиёда аз шаш миллион нафар зарар мебинанд. Дар баробари ин қисми зиёди Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон ва Узбакистон зери об хоҳанд монд.

"Агар ба харита нигоҳ кунем, ба хулоса меоем, ки масалан сели об Тирмизро, ки дар соҳили Амударё ҷойгир аст, шуста мебарад. Боз кадом минтақаҳо? Масалан, Канали Аму-Бухоро, ки ба воситаи насос аз об пур карда мешавад, зери сел мемонад. Ин бошад маънои онро дорад, ки ҳазорон қитъаҳои замин бе об мемонанд. Дар охир оби баландиаш то 1 метр бо худ сангу чубу хасу хошокро ҷамъ мекунад ва то баҳри Аралу Каракалпак омада мерасад",-илова кард коршинос.

Барои ҳамин имрӯзҳо аз ҷониби кормандони МЧС курсҳои омӯзишии вокуниш ба офатҳои табиӣ бо аҳолӣ пайваста гузаронида мешавад.

Олим қайд менамояд, ки кӯли Сарез бо нишондодҳои худ касро ба ҳайрат мегузорад: дарозиаш-75 километр, чуқуриаш-зиёда аз 500 метр. Ҳаҷми умумии об айни ҳол 90%-и ҷараён ва гардиши солонаи Амударёро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ ҳатто тасаввур кардан душвор аст, ки дар кӯл чӣ қадар об ҷамъ шудааст ва ҳангоми кушода шудани он чи ҳодиса рух медиҳад.

Ба гуфти коршинос ин танҳо як хатар аст. Тибқи ҳисоботи дигар олимон хатари бузургро ярчи калоне, ки дар қисми рости кӯл ҷамъ шудааст ба бор меорад. Агар ярч ба косаи обанбор афтад, ҷараёни об албатта ҳамаи минтақаҳои дар роҳаш бударо  шуста мебарад.

"Барои ҳамин ярч низ таҳти назорат қарор дорад. Дар бробари назораткунандагони тоҷик ҳамтоёни МЧС-и "Узгидромет" низ ба назорати минтақа машғуланд. Дар баробари ин низоми иттилоотӣ бо ҳамаи кишварҳое, ки дар саргаҳи кӯл қарор доранд, барқарор карда шудааст. Илова бар ин мардуми минтақаҳои хавфнок ба дигар ҷойҳо кӯчонида мешаванд. Кай ва чӣ шуданаш ба касе маълум нест, вале мо бояд омода бошем",-қайд кард Қодиров.

Ба қавли ӯ солҳои қабл масъалаи истифодаи оби кӯл баррасӣ гардида буд. Вале барои татбиқи чунин лоиҳа маблағи зиёд лозим аст. Замоне, ки соли 1980-ум лоиҳаҳои истифодаи оби кӯл рӯи кор меомаданд, ҳодисаи ба ҳама маълум ба вуқӯъ пайваст ва ҳамааш чуноне ки буд, боқӣ монд.

"Мушкилотҳое чун Сарез имрӯз хеле зиёданд. Мо бояд онҳоро аз нуқтаи назари умумибашарӣ ҳал намоем. Ин масъалаҳо моҳияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва умумибашарӣ доранд. Хатар вуҷуд дорад, вале чи шуданаш ноаён аст. Ғайр аз ҳисоботҳои математикӣ дигар чизе маълум нест",-хулоса кард коршинос.

Барчаспҳо:
масъалаи кӯли Сарез, Равшан Қодиров, Осиё, Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ