Коршинос: агрегати 1-уми Роғун на қабл аз соли 2022 сохта мешавад

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкСохмони НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ
Сохмони НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То ҳол маълум нест, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун,чи қадар вақт ва маблағ лозим аст, иброз дошт муҳандис ва гидротехник Анатолий Колесниченко.

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Salini Impregilo S.p.A.,-ширкати итолиёвӣ, ки дар озмуни тандери сохтмони Роғун ғолиб омада буд нақша дорад,  ду агрегати аввалини нерӯгоҳро соли 2018 ба кор омода намояд. Оё ин кор дар ҳақиқат ҳам мумкин аст, ва аз ҳама муҳимаш бехатар ё не? Коршиносон дар ин бора шубҳа доранд.

Оё сохтмончиёни Роғун тавсияҳои бехатарии Бонки Ҷаҳониро риоя мекунанд? Агар ҳа, пас агрегати аввалин танҳо соли 2022 метавонад ба кор дарояд вагар не, на пештар аз соли 2020, мегӯяд Анатолий Колесниченко муҳандис-гидротехник, ки қаблан дар Нерӯгоҳҳи Барқии Обии Норак ва Роғун фаоълият доштааст.

Сохтмони Роғунро итолиёвиҳо идома медиҳанд

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи ваъдаи ширкати Salini Impregilo  агрегати аввали нерӯгоҳ моҳи августи соли 2018 ва баъд моҳи октябри соли 2018 агрегати дуюм ба кор медарояд. Баъди ба итмом расидани сохтмони пурраи НБО Роғун нерӯгоҳ соҳииб шаш агрегат хоҳад шуд, ки иқтидори ҳар яки онҳо 600 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Ҳамин тавр бино ба иттилои ширкат иқтидори умумии нерӯгоҳ ба 3600 МВт, мерасад, ки баробар ба иқтидори се нерӯгоҳи атомӣ аст. Ҳамчунин қайд мегардад, ки дар сурати фаъол шудани Роғун истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон ду маротиба зиёд мегардад.

Садди  Роғун мувофиқи лоиҳа бояд аз ҳама баландтарин дар ҷаҳон шуда-335 метрро ташкил диҳад.

Ду агрегати аввалини Роғун на қабл аз солҳои 2022-2023 сохта хоҳанд шуд

"Муқаррароти асосии шартнома байни НБО Роғун ва ширкати Salini Impregilo чунин аст: якум- Salini ӯҳдадор мешавад, ки сохтмони саддро ба пуррагӣ дар давоми 13 сол ба анҷом расонида агрегати аввалини онро соли 2018 ба кор дарорад. Тирамоҳи соли 2016 бояд саргаҳи дарё баста шавад. Дуюм-барои сохтмони сарбанди Роғун аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон 3,95 миллиард доллар (чунин нишондод дар сайти ширкати Salini нашр гардидааст) ҷудо шудаст",-мегӯяд Колесниченко.

Сохтмони нақби Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Агрегати аввалини Роғун соли 2018 ба кор медарояд

Коршинос муқаррароти созишномаро муфассалтар шарҳ дод:

Дар созишнома сухан танҳо дар бораи (Лот № 2) меравад. Вале барои дохил намудани агрегатҳо бояд нақби зеризаминӣ сохта шавад.

ҶСК Роғун ҳамчунин то ин вақт бояд ҳавзи обанборро омода намояд. Вале ин ҳоло анҷоми кор нест. Коршинос қайд менамояд, ки аз ҳама муҳимаш нигоҳ доштани талаботи стандартҳои байналмиллалӣ дар робита бо бехатарии сарбанди мебошад.

Оё эҳтимоли ба назар нагирифтани бехатарии сохмон ҳам аз ҷониби Роғун ва ҳам аз ҷониби  ширкати Salini Impregilo вуҷуд дорад, савол мегузорад коршинос.

Ба фикри ӯ корфармо бояд тартиби ташкили корро то 30 сентябри соли 2016 маълум намояд.

"Дар акси ҳол сухан гуфтан дар бораи ба кор даровардани агрегатҳо дар соли 2018 ҳоло барвақт аст. Мӯҳлат то 30 сентябр. Ин муҳлат хеле муҳим аст, агар то ин дам тартиби ташкили кор маълум нашавад, пас бастани саргаҳи дарё дар соли 2016 ва ба кор даровардани агрегатҳо-соли 2018 аз эҳтимол дур мемонад",-бовар дорад коршинос.

Сармоягузори хориҷӣ то ҳол пайдо нашуд, қайд менамояд коршинос.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ифтитоҳи яке аз варзишгоҳҳо дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти ҶТ: неругоҳи Роғун ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст

"Эҳтимол сармоягузории сохтмони Роғун бар дӯши мардуми Тоҷикистон афтад. Чи қадар? Номаълум. Сабабаш он аст, ки то ҳол лоиҳаи пурра  тартиб дода нашудааст ва мо намедонем, ки барои сохтмони Роғун чи қадар маблағ лозим аст. Чунки 3,9 миллиард доллар-ин танҳо барои Лот№2 (сарбанд) сарф мешавад. Онҳо бошад чор ададанд",-шарҳ медиҳад Колесниченко.

"Дар созишнома гуфта мешавад, ки даромади агрегати якуми нерӯгоҳ барои сармоягузории агрегатҳои баъдӣ сарф хоҳад шуд. Вале барои давраи зимистон чи, даврае, ки мардуми Тоҷикистон онро бесаброна интизоранд ё барқеро, ки мехоҳанд ба хориҷи кишвар фурӯшанд? Агар ин тавр ҳам шавад даромад аз он наонқадар маблағи бузург аст на бештар аз 100 миллион доллар. Агар 1,5 миллиард ҳам бошад дар соли аввал онҳоро аз худ кардан шубҳанок менамояд",-мегӯяд мутахассис.

Назари коршинос дар бораи ба кор даромадани ду агрегати аввал чунин аст: бо дарназардошти сармоягузории мувофиқ ва риояи тамоми талаботҳои бехатарию стандартҳои байналмиллӣ агрегати аввал танҳо солҳои 2022-2023 метавонад ба кор дарояд, дар сурати риоя накардани тавсияҳо оиди бехатарӣ бошад-2020, вале на қабл аз ин.

"Барои мутахассисони кор ман омодаам, ки ин пешгӯиҳоямро асоснок ва муфассал фаҳмонам",-хулоса кард Колесниченко.

Ё ки бо дуо…

Баъди ду рӯзи эълони ғолибияти ширкати Salini Impregilo S.p.A. барои сохтани Роғун раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон  Саидмукаррам Абдуқодирзода рӯзи 8 июл зимни намози ҷумъа барои ҳарчи зудтар ба итмом расидани сохтмони Роғун дуо карда мусулмоноро низ ба дуо кардан даъват намуд.

Посухи Тошканд: ҳеч гоҳ “Роғун”-ро дастгирӣ намекунем

Ӯ аз намозгузорон даъват ба амал овард, то барои ба итмом расонидани сохтмони Роғун бо дасти худи мардуми Тоҷикситон дуо намоянд, то ҳеч кас ва ҳеч чиз барои амҷом ёфтани ин иншооти бузурги аср монеъ нашавад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳамчунин қайд намуд, ки анҷоми бомуваффақияти сохтмони НБО Роғун дастоварди бузурги мардуми тоҷик буда, барои ҳайвону инсонҳо фоида меорад. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ин нерӯгоҳ барои кишварҳои минтақа низ муфид хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0