22:05 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Намояндагони пулиси Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Коршиносон: Тоҷикистон барои пешгирии ҳама гуна амалиёти террористӣ омода аст

© Sputnik Амир Исаев
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
154 0 0

Шурӯъ аз рӯзи душанбе дар бастагӣ бо ҷашнгирии 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба реҷаи пурзӯри корӣ гузаштанд. Коришносон ибрози андеша намуданд, ки оё эҳтимоли зиёд шудани таҳдид дар арафаи ҷаншгирӣ вуҷуд дорад ё на.

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар арафаи ҷашнгирии 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат корро аз рӯи реҷаи пурзӯр шурӯъ мекунанд, ки ин ба ҳуҷуми мунтазами "Толибон" дар ҳамсоякишвари Афғонистон ва ҳамчунин фаъол шудани ҷангиёни "Давлати Исломӣ" дар Тоҷикистон вобаста мебошад.

Охири моҳи июл ВКД-и ҶТ изҳор дошт, ки дар давоми ним сол дар кишвар чор кӯшиши ҳамлаи террористии "Давлати Исломӣ", пешгирӣ карда шуд. Аз ҷумла ҷангиён мехостанд биноҳои маъмуриро таҳти назорати худ гирифта тарконанд.  Дар баробари ин дар ҳамсоякишвари Афғонистон бошад, руз то руз террористони гурӯҳи тундрави "Толибон" беш аз пеш фаъол мешаванд.

Илҳом Нарзиев сиёсатшинос оид ба масъалаҳои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шуд, ки сарфи назар аз наздик будани Тоҷикистон бо Афғонистон дар Тоҷикистон то ҳол ягон таркиш бо шумораи зиёди қурбониён ба қайд гирифта нашудааст.

"Дар ҳоли ҳозир мақомотҳои қудратӣ тамоми кушиши худро барои пешгирии ҳама гуна таҳдидҳо равона намудаанд,-нақл кард зимни мусоҳиба бо Sputnik Илҳом Нарзиев. —Ҳодисаҳои охирин, ки дар Аврупо ба вуҷӯъ пайвастанд нишон доданд, ки ягон кишвар аз таҳдиди террористон дар амон нест. Аммо Тоҷикистон барои пешгирии чунин амалиётҳо аллакай омода аст".

Коршинос қайд намуд, ки  ҳодисаи соли 2001 ҳангоме,ки марде дар майдони марказии Душанбе зимни ҷашнгирии рӯзи истиқлолият таҳдиди тарконидан мекард, фаромӯш шудааст.

"Таҳдиди хатари террористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусан дар Тоҷикистон зиёд аст, чун бо Афғонистон сарҳади ягона доранд. Роҳбарияти кишвар ин таҳдидро хуб мефаҳмад. Ва барои ҳамин ҳам дар ҷаласаи роҳбарони мақомотҳои қудратии кишвар кормандони ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда шуданд, то чораҳои амниятӣ дар фурӯдгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан в дигар ҷойҳои серодам пурзӯр карда шаванд",-қайд кард Нарзиев.

Ба гуфти ӯ мақомотҳои қудратии Тоҷикистон вазъи кирварҳои ҳамсояро таҳти назорат гирифтаанд. Ҳамин тавр ба қави ӯ рӯзи якшанбе дар қисми шимолу шарқии Афғонистон мақомотҳои қудратӣ як амалиёти террористиро пешгирӣ намуданд.

"Ҷангиён дар бадани кӯдаки 12-сола таҷҳизоти тарканда насб карданд ва ӯ бояд дар майдон миёни омма метаркид.  Онҳо нақша доштанд таҷҳизоти таркандаро фосилавӣ ба кор дароранд. Сарфи назар аз он, ки дар Тоҷикистон чунин ҳодисаҳо ба қайд гирифта нашудааст, мақомоти қудратии кишвар ба пешгирии онҳо омода аст, чунки чунин амалҳои нохуш дар мамолики ҳамсоя ба вуқӯъ мепайванданд",-изҳор дошт ӯ.

Директори Донишкадаи ИДМ Константин Затулин дар мусоҳиба бо Sputnik қайд намуд, ки эҳтимоли ба вуқӯъ омадани таркиш дар ҳама  нуқоти ҷаҳон вуҷуд дорад, Тоҷикистон бошад дар макони бархӯрди таҳдидҳо ҷойгир шудааст.

"Аз рӯи эътиқоди динӣ Тоҷикистон кишвари мусулмонист, дар баробари ин мамлакат мувофиқи сарқонун дунявӣ мебошад. Чунин навъи сохтор фундаменталистонро қонеъ намекунад. Ва ҳамчунин ин кишвар яке аз манбаҳои асосии шомил шудан ба сафи Давлати Исломӣ дониста мешавад",-гуфт Затулин ва илова намуд, ки мақомотҳои қудратии Тоҷикистон маротибҳои зиёд кӯшиши ба вуқӯъ пайвастани таркишҳоро пешгирӣ намудаанд.

Сиёсатшинос қайд намуд, ки дар Тоҷикистон амалиёти террористӣ кам набуд, вале мақомотҳои давлатӣ худ бидуни кумаки Русия, Эрон ва дигар кишварҳо тавонист онҳоро пешгирӣ намояд.

"Яке аз сабабҳои асосии фаъол будани Русия дар қаламрави кишварҳои Ховари Миёна ин дастгирии бевоситаи кишварҳои ИДМ мебошад, мамлакатҳое, ки дар акси ҳол метавонанд ҳадафи гурӯҳҳои террористӣ қарор гиранд",-изҳор намуд Константин Затулин.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.

Мавзуъ

ВАО: “Толибон” ҷавобгарии такриш дар назди меҳмонхонаи Кобулро бар дӯш гирифт
Шаҳрванди Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон дастгир гардид
Дар Афғонистон наздики 30 ҷангии Давлати Исломӣ нобуд карда шуданд
Барчаспҳо:
таҳдиди террористӣ, Давлати Исломӣ, Толибон, Илҳом Нарзиев, Константин Затулин, Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ