Коршинос: сармоягузории Русия ба Тоҷикистон коҳиш намеёбад

© Sputnik / Амир ИсаевГузаронидани қубури обгузар ба сокинони Сангтуда
Гузаронидани қубури обгузар ба сокинони Сангтуда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия дар сармоягузории Тоҷикистон шарики дуюмин аст, қайд мекунад Елена Кузмина, муовини шӯъбаи рушди иқтисоди кишварҳои пасошӯравии Донишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳои Русия.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Чин, Русия, Қазоқистон ва Туркия — кишварҳое мебошанд, ки имрӯз шарикони асосии соҳаи иқтисоди Тоҷикистон мебошанд.  Дар соҳаи сармоягузорӣ бошад, барои  Тоҷикистон Русия ва Чин дар ҷои якум ва дуюм қарор доранд. Ҳамин тавр, ба фикри муовини шӯъбаи рушди иқтисоди кишварҳои пасошӯравии Донишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳои Русия, Москва ҳаҷми маблағгузориро ба Тоҷикистон кам намекунад.

Иқтисоди Тоҷикистон солҳои 2000-ум нисбатан устувор тараққӣ мекард, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) тадриҷан зиёд мегардид. Агар ин нишондод солҳои 2000-ум 1,4 млрдро ташкил дода бошад, соли 2014 ба 9,2млрд расида буд. Аммо бӯҳрони соли 2015 ба ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳам таъсир расонид — ҳаҷми ММД ҳамагӣ 7,9 млрд долларро ташкил дод.

Аробакаш дар бозор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: ҳукумати Тоҷикистон бӯҳрони иқтисодиро идора карда наметавонад

Дар иқтисоди миллӣ ғайрисаноатишавии назаррас мушоҳида мешавад. Агар солҳои 2000-ум саҳми саноат дар ММД 36,6% буд, дар соли 2015 бошад- 14,6%-ро ташкил дод. Дар ин ҳол ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ, ки соли 2000-ум 27,3%-ро ташкил дод, соли 2015 то 25% кам шуд.

Аммо дар ҳаҷми ҷисмонӣ ҳам саноат ва ҳам кишоварзӣ зиёд шуданд. Агар соли 2000-ум ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ 0,8млд долларро ташкил дода бошад, пас дар соли 2015 ба 2 млрд доллар расид. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳам ҳамин раванд дида мешавад. Ҳаҷми маҳсулотисоҳаи кишоварзӣ соли 2000-ум ба 0,4млд доллар расид, дар соли 2015 бошад то 3,5млд доллар зиёд шуд.

Дар Тоҷикистон раванди деурбанизатсия ба таври равшан мушоҳида мешавад: агар соли 1991 аҳолии шаҳрии ҷумҳурӣ 31,1%- ро ташкил дода башад, пас соли 2015- ин нишондод ба 26,8%  расид.

Бояд дигар равандҳои мусбиро низ қайд кард. Якум ин ки ҳиссаи сохтмон дар ММД зиёд мегардад: аз 2,3%-и соли 2000-ум то 13,4% дар соли 2015. Дуввум, саҳми нақлиёт ва алоқа низ дар рушд аст: аз 5,2% дар соли 2000-ум ба 12,6% дар соли 2015 расидааст.

Чунин тағийротҳои мусбӣ дар сохтани инфрасохтор аз рушди ботадриҷи иқтисодиёти кишвар дарак медиҳанд.

Дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷалб  сармоягузорӣ сарфи назар аз кам будананаш нақши муҳимро мебозад: аз 0,1млд доллар дар соли 2000-ум то 1,5млрд доллар дар соли 2015.

Пекин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чин ба ба бахши энержии ҶҚ то $4 млрд. сармоягузорӣ мекунад

Дигар тамоюли ҷолиб-ин ҳиссаи сармоягузории қарздиҳандагони хориҷӣ ва буҷҷаи давлатӣ ба сармояи асосӣ мебошад. Ҳиссаи онҳо дар соли 2015 қариб, ки баробар аст: 37,8%, 36,9%.

Гардиши содирот дар ҶТ дар солҳои 2000-2015 ба аз 1459 миллион доллар то 4249 миллион доллар зиёд гардидааст.

Ҷараёни инкишофи содироти кишвар ноустувор буд, ки дар худ лағжишҳои бозори пахтаро, алюминий ва дигар маҳсулотҳои анъанавиро инъикос мекард. Ҳамин тавр, дар солҳои 2011-2015 аз ҳисоби кам шудани содироти маҳсулоти асосӣ — алюминий —23%, пахта-13%, мева, сабзавот ва чормағз —16%, содирот то 7% коҳиш ёфт. Аммо дар баробари ин содироти сангҳои қимматбаҳо то 200% зиёд гардид.

Солҳои 2011-2015 зиёдшавии воридоти маҳсулот фақат  1%-ро ташкил дод. Тамоюли кам шудани воридот аз ҳама зиёд дар сару либос дида мешавд- то 10%.

Танҳо дар як соли бӯҳронӣ —2015 воридот то 27% кам гардид, аз ҳисоби кам шудани воридоти маҳсулоти нафтӣ-21%, сарулибос-50%,  пойафзол-53%, воситаи нақлиёт-45% ва маҳсулоти аз оҳан омодашуда-25%.

Шарикони бузургтарини савдои Тоҷикистон дар соли 2015: Чин бо ҳаҷми савдои дутарафа ба маблағи 2267 миллион доллар(53,4% ҳаҷми тамоми савдои Тоҷикистон), Русия-805 миллион доллар(19%), Қазоқистон-580,4 миллион доллар (13,7%) ва Туркия —366,6 миллион доллар (8,6%).

Дар баробари ин саҳми Русия дар тиҷорати Тоҷикистон то рафт кам мегардад: аз 24,9% дар соли 2000 то 19% дар соли 2015. Ин ба камшавии саҳми Русия дар  содирот вобаста мебошад. Бо ҳисоби миёна дар соли 2011-2015 фурӯши пахтаи  Тоҷикистон ба Русия то 8% кам шуд, мева ва чормағз-44%, сарулибос-34%, сабзавот то 67% кам гардид.

Воридоти Тоҷикистон аз Русия бо ҳисоби миёна дар солҳои 2011-2015 баръакс то 4% зиёд гардид. Кам шудани савдои дутарафа сабабҳои худро ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам дар иқтисодиёти Русия дорад: коҳиш ёфтани шудани даромад, беқурбшавии пул ва ғайра.

Сабаби дигар-ин озодкунии қонунҳои савдобарои  кишвари ҳамсоя- Қирғизистон гардид, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамроҳ шуд.  Тоҷикистон ва Қирғизистон маҳсулотҳои якхелаи соҳаи хоҷагидории содиршаванда доранд. Соҳибкорони тоҷик ҳатто пешниҳод карданд, ки савдои мева, сабзавот, чормағз ва меваи хушкро бо Русия ва Қазоқистон ба воситаи Қирғизистон ё тамғаи Қирғизистон ба роҳ монанд.

Аз назари мо Тоҷикистон ва Русия имконияти васеъ намудани савдои дутарафаро доранд. Бо ҳадди инкишофи иқтисодиёти Русия гардиши савдо низ, зина ба зина васеъ мегардад. Ба рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунин ҳамроҳшавӣ ба  ИИАО метавонад мусоидат кунад.

Мувофиқи маълумотҳои Агентии омори Тоҷикистон, дар солҳои 2007-2015 ҳаҷми маблағи интиқолӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон 6,7млрд долларро ташкил намуд.

Доиншкадаи давлатии санъати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгар: Чин монеаи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО мешавад

Дар ин давра ба Тоҷикистон 51 давлати дунё маблағгузорӣ намуданд. Аз ҳама сармоягузории калон аз тарафи Чин ворид шуд- 1,5 млрд доллар (нақлиёт, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, иктишофи геологӣ, монтажи қисмҳои техникӣ, саноат) ва аз тарафи Русия- 1,4 млрд доллар (сохтмон, алоқа, иктишофи геологӣ, хизматрасониҳои молиявӣ, соҳаи тандурустӣ, саноат, савдо, энергетика ва саёҳат).

Ба гуфти сафири Русия дар Тоҷикистон Лякин Фролов сарфи назар аз бӯҳрони иқтисодӣ Русия сармоягузориро ба Тоҷикистон коҳиш намедиҳад.

"Русия Тоҷикистонро ҳамчун шарики стратегии худ мебинад. Ин ҳам дар ҳамкории савдою иқтисодӣ ва ҳам дар маблағгузорӣ дида мешавад. Мо ҳамкориҳоямонро дар ин соҳа кам нахоҳем кард. Дар баробари ин бояд қоил шуд, ки бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ба имконоти иқтисодиёти Русия низ таъсири манфӣ расонид",- гуфт ӯ.

Тарси асосии тиҷорати Русия ин ҳолати мушкили сармоягузорӣ дар кишвар мебошад. Ба ин нигоҳ накарда ҳамкорӣ давом дода мешавад. Сармоягузори калонтарини Русия — "Интер РАО ЕЭС" ба иқтисоди тоҷик 1,2 млрд доллар маблағгузорӣ кардааст. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО-и Сангтуда 1"-и Русия ва Тоҷикистон ин нерӯгоҳоро сохта ба истифода дод.

Саҳми ширкатҳои русӣ дар сармояи оинномавии ҶСК "НБО-и Сангтуда 1" 75% мебошад. Дар иктишофи газ Русия сармоягузории назаррас кардааст: "Газпром" дар аввали соли 2015 зиёда аз 170 млн доллар сармоягузорӣ кардааст.

Шаҳри Нижний Новгороди Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Перм ва Нижний Новгород хостори ҳамкорӣ бо ПСС-и Тоҷикистон мебошанд

Ширкати фаръии ҶСК "Газпром- ҶДММ "Газпромнефт Тоҷикистон" дар минтақа лоиҳаи сохтмони нутаҳои фурӯши сӯзишвори ва анборҳоро ба роҳ монда, ҳамчунин маҳсулотҳои нафтии Русияро ба фурӯш мебарорад.  Онҳо мувофиқи стандартҳои байналмиллалӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасониҳои гуногунро ба роҳ мондаанд.

Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон "Билайн" ва "Мегафон" кор мекунад, ки ҳамасола шабакаҳои стансияи базавии худро зиёд карда, фарогирии муҳитро бештар мекунад. Дар Душанбе ба шарофати маблағгузории  Русия сохтани троллейбусҳои "Тролза" ба роҳ монда шудааст, ки дар дигар шаҳрҳои кишвар низ паҳн карда мешаванд.

Лоиҳаи стратегии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба системаи навигатсионии "ЭРА-ГЛОНАСС" ба роҳ монда шуда истодааст.

Ғайр аз ин лоиҳаҳои Русия ва Тоҷикистон метавонанд аз ҳисоби коркарди меваю сабзавот, дар ҳудуди Русия, саноати бофандагӣ, гидроэнергетикаи хурд ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ васеъ карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0