12:46 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Гарчанде дар интихобот боз ҳамон ҳизбҳои пештара ғолиб омада бошанд, ҳайати вакилон ба куллӣ тағйир ёфт, мегӯяд коршинос.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Рӯзҳои истироҳат дар қаламрави Федератсияи Русия интихоботи парлумонӣ баргузор гардид. Натиҷаҳои расмӣ то ҳол бароварда нашудаанд, вале бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳайати ҳизбҳо бетағйир мемонад.

Думаи ҳафтуми давлатӣ кадом самти сиёсати хориҷиро пеш меригифта бошад? Дар бораи ин Sputnik аз сиёсатшиносон ва коршиносони ин соҳа пурсон шуд.

Ба ҷои тағйирот-навгониҳо

"Интихоботи Думаи давлатӣ дар сиёсати хориҷии кишвар тағйироте ворид нахоҳад кард. Сабабаш оддист. Мувофиқи сарқонуни кишвар сиёсати хориҷӣ ба куллӣ салоҳияти президент аст. Ба сиёсати хориҷӣ Шӯрои Федератсия метавонад таъсири бузург дошта бошад, чунки ин мақомот метавонад истифодаи нерӯҳои дохилиро дар хориҷ ба президент иҷозат диҳад ",-гуфт устоди Донишгоҳи таърихи муносибатҳои байналмиллалии Маскав, доктори илмҳои сиёсат ва директори Маркази таҳқиқотӣ Андрей Казантсев.

Думаи давлатӣ салоҳияти тағйир додани сиёсати хориҷии кишварро надорад. Барои ҳамин ҳам коршинос бовар дорад, ки таъсири ин мақомот ба сиёсати хориҷии Русия нисбати тамоми мамолики ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ наонқадар назаррас хоҳад буд.

"Нуқтаи дигари муҳим: ҳизбҳое, ки ба Думаи давлатӣ дохил шуданд, дар асл ҳамон ҳизбҳои пештараанд, вале ҳайати вакилон ба куллӣ тағйир ёфт. Дар ин самт тағйироти бузург аст. Ва вакилони ҷадид, ки дар кумитаҳои гуногун (оиди муносибатҳои байналмиллӣ) фаъолият хоҳанд кард, албатта навгониҳои худро  ҷорӣ мекунанд. Вале ин тағйирот набуда танҳо навгониҳои хурд хоҳанд буд. Бе ягон тағйироти ҷиддӣ",-қайд кард Казантсев.

Барои ҳамин ҳам, мувофиқи пешгӯии Казантсев бо боварӣ метавон гуфт, ки дар самти муносибатҳои Русия бо дигар мамолики хориҷ аз ҷумла кишварҳои ИДМ ягон тағйироти ҷиддӣ ба амал нахоҳад омад.

Овоздиҳӣ барои рушди иқтисод

 Алексей Мухин директори маркази ахбороти сиёсӣ низ баъди интихобот дар сиёсати хориҷии Русия тағйиротеро намебинад.

"Сиёсати хориҷӣ-куллан салоҳияти президент аст. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки Думаи давлатӣ танҳо сиёсати роҳбари кишварро дар ин самт ҷонибдорӣ мекунаду бас. Бартарии ҳизби ҳукмрон "Русияи воҳид" бошад дар палатаи поёнии парлумон агар аз як тараф эҳсоси гуворои вакилон бошад аз ҷониби дигар масъулияти бузург аст",-гуфт Мухин.

Бино ба гуфтаи таҳлилгар ҳайати нави вакилони парлумон эҳтимол натанҳо вазифаҳои сиёсӣ (чуноне, ки Думаи шашум, ки танҳо самти сиёсиро пеш гирифта зери танқиди ҳамагон қарор гирифтанд), балки чун мақомоти муҳим ба ҳукумати кишвар пеш аз ҳама барои ҳалли мушкилиҳои иқтисодӣ  кӯмак хоҳад кард.

Иштироки ками овоздиҳандагон дар интихобот аз он дарак медиҳад, ки тарафдорӣ аз сиёсат бо вакилон шӯхии бераҳмона  кардааст. Русия ва мардуми он дар вазъияти бӯҳрони иқтисодӣ қабл аз ҳама манфиатдори рушди иқтисодиёт ва вазъияти молиявӣ ҳастанд. Агар Думаи ҷадид ин самтро кори худ қарор диҳад, нисбат ба Думаҳои пешин нуфузи зиёд пайдо хоҳад кард. Дар умум ҳамаи шаҳрвандони Русия ба ҷонибдории рушди иқтисод овоз доданд",-бовар дорад Алексей Мухин.

Избирательный участок № 8278 был организован в здании Российского центра науки и культуры
© Sputnik
Нуқтаи интихоботии №8278 дар шаҳри Душанбе
Барчаспҳо:
навгониҳо, тағйирот, интихобот, Думаи давлатии ФР, Алексей Мухин, Андрей Казантсев, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ