05:07 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Владимир Жарихин, архивное фото

Коршинос: об кишварҳои Осиёи Марказиро оштӣ хоҳад дод

© Sputnik / Владимир Трефилов
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
10501

Владимир Жарихин, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ, далели беҳтар шудани равобит миёни кишварҳои Осиёи Марказиро камбуди об дар ин минтақа медонад

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дидорҳои раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо якдигар падидае табиъӣ ва пешбинишаванда аст, вале муносиботе, ки дар 20 соли гузашта доштанд, ки ҳар кадоме аз кишварҳо бо дигаре кашокаш дошт, ноҳанҷор буд, мегӯяд Жарихин.

“Масъала ин аст, ки бархе аз он кишварҳо об доранд, вале нафту газ надоранд, аммо дигаре нафту газ дорад, вале об надорад. Ин масъаларо мешуд бо додуситад осон ҳалл кард, вале мушкил ин аст, ки нафту газ дар бозорҳои ҷаҳон нарх доранд, аммо об нарх надорад. Дар воқеъ, ин масъаларо танҳо бо гуфтушунид ва созиш метавон ҳалл кард ва Худоро шукр, ки акнун ин роҳро пеш гирифтаанд”, — гуфт муовини мудири Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ҳамсуд дар мизи гирде дар хабаргузории “Россия сегодня”.

Вай муътақид аст, ки равобити миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як соли ахир ба далели тағйири қудрат дар Узбакистон рӯ ба беҳбуд ниҳода аст.

“Дар як соли ахир, дар паи ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон, равобити миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Пеш аз ин кишварҳои Осиёи Марказӣ бар сари баҳрабардорӣ аз манбаъҳои об ҷанҷол доштанд ва Русия борҳо талош кард то Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ин масъала ба созиш бирасанд. Аммо акнун дар ин баҳс пешрафтҳое ба назар мерасанд, ки заминасози канор гузоштани ихтилофоти пешин ва ҳамкории созанда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд”, — тавзеҳ дод Жарихин.

Ин коршинос бар ин назар аст, ки беҳбуди равобит миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Русия низ бисёр муҳим аст, зеро амнияти марзҳои Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд аз таҳдидоти теруристиро беҳбуд хоҳад бахшид. Афзун бар ин, кишварҳо аз суботи иҷтимоъии бештар бархӯрдор хоҳанд шуд ва бештар ба нерӯи иқтисодии худ такя хоҳанд кард, на ба пуле, ки коргарони муҳоҷир аз хориҷ мефиристанд.

Мавзуъ

Кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшиш доранд баҳрабардорӣ аз манобеъи обиро равишманд кунанд
Барчаспҳо:
баҳрабардорӣ аз манобеъи об, об, Владимир Жарихин, Русия-Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ