10:52 25 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.41
  • EUR11.11
  • RUB0.14
Шавкат Мирзиёев ва Эмомали Раҳмон

Гуфтушуниди таърихӣ: натиҷаҳои сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

© Пресс-служба президента РТ
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (18)
150 0 0

Мулоқоти роҳбарони Узбакистон ва Тоҷикистон на танҳо баҳсу мунозираҳои кӯҳнаро ҳал кард, балки ҳамзамон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини иқтисодӣ дар ҳаёти ин ду кишвар дар замони навтарин шуд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ташрифи Шавкат Мирзиёев дар таърихи 9-10-уми март аввалин сафари расмии раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон дар 18 соли охир буд. Онро муддати тӯлонӣ интизор буданд, омодагии ҷиддӣ бо миқёси муносиб дида шуд.

Дар Душанбе ҳайатро на танҳо қаровули фахрӣ,  балки боз 12 ҳазор мактаббачагон ва донишҷӯён, ки парчамҳои Узбакистонро алвонҷ медоданд, пешвоз гирифтанд.

Худи Мирзиёев дар арафаи сафараш эълом дошт, ки ният дорад муносиботи ду кишвари ҳамсояро ба сатҳи стратегӣ барорад, ки ин дар ҳамоҳангӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон ба ӯ муяссар гардид.

Молиёт - қабл аз ҳама

Дар натиҷаи мулоқоти паси дарҳои баста, Мирзиёев ва Раҳмон 27 санад ба имзо расониданд, ки аксари онҳо, ин ё он тавр, ба масоили савдо ва ҳамлу нақли байни кишварҳо марбут буданд.

"Иқтисодиёт — аввалият аст. Мо тамоми шароитҳоро барои густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ фароҳам меорем", — қайд намуд роҳбари Узбакистон.

Дар навбати худ, Эмомалӣ Раҳмон баъд аз мулоқот иттилоъ дод, ки ҳукуматҳои ҳар ду кишвар то охири соли 2018 мехоҳанд гардиши колоро то ба 1 миллиард доллар расонанд. Барои қиёс — дар соли 2017 ҳаҷми тиҷорати байни Тоҷикистону Ӯзбакистон 240 миллион долларро ташкил дода буд.

Барои он ки тоҷирон — корфармоён ва таҳвилгарон — якдигарро беҳтар шиносанд, бо дастгирии марказҳои дахлдор мунтазам намоишгоҳҳои тиҷорӣ ташкил карда мешавад, ки дар онҳо истеҳсолкунандагон аз ҳарду ҷумҳурӣ маҳсулоти хешро нишон медиҳанд.

Корро худи Раҳмон ва Мирзиёев оғоз намуданд, намоишгоҳи маҳсулоти Узбакистонро дар маҷмааи варзишии «Манеж» ботантана кушоданд.

Барои дастгирии тоҷирони худ ва содирот ба Тоҷикистон, Бонки миллии Узбакистон омода аст, ки беш аз 100 миллион доллар ҷудо кунад. Шартномаи мувофиқ дар бораи маблағгузории тиҷорат бо "Амонатбонк"-и Тоҷикистон аллакай ба имзо расидааст.

Ба чархиши коло на танҳо намоишгоҳҳо ва сармоягузориҳои ҳадафӣ, балки алоқаҳои васеи нақлиётӣ низ мусоидат мекунанд. Рӯзи ҷумъа дар қисмати роҳи оҳани "Амузанг-Ҳошадӣ", ки вилоятҳои Сурхондарёи Ӯзбакистон ва Хатлони Тоҷикистонро ба ҳам пайваст мекунад, бори аввал дар тӯли 7 соли охир қаторҳои боркашу мусофирбар равона карда шуданд.

Хотиррасонем мекунем, ки соли 2011 ҷониби Ӯзбакистон қисмати роҳи оҳани Амузанг-Ғалабаро барчида буд, ки ин амалашро ҳамчун фарсудашавии роҳи оҳан маънидод карда буд. Иртибот фақат дар соли гузашта барқарор шуд.

Ва акнун ин хатти роҳи оҳан на танҳо ду ҳамсояро ба ҳам мепайвандад, балки ҳамлу нақли колоро ба Афғонистону Туркманистон низ тавсеа медиҳад.

Об ва фарҳанг

Яке аз мавзӯҳои муҳиммтарини мулоқоти Мирзиёев ва Раҳмон ин бекоркунии ниҳоии раводид буд. Гоми аввал ба сӯи ин воқеаи хӯш боз намудани нӯҳ нуққоти гузаргоҳҳои марзӣ аз 1 марти соли равон буд.

Дар матни созишномаи раводидӣ қайд карда мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистон метавонанд дар ҳудуди ин ду давлат то 30 рӯз бидуни ҳеҷ як иҷозатнома истиқомат кунанд.

Ба ин аъмоли нек дар Тошканду Душанбе аз лаҳзаи ба сари вазифа омадани раисиҷумҳури нави Ӯзбакистон, пас аз даргузашти раисиҷумҳури собиқ Ислом Каримов, ки муддати тӯлонӣ намехост бо Тоҷикистон оштӣ кунад, омодагӣ медиданд.

Мавзӯъҳои дигар, ки ба низоъҳои лафзӣ ва даъвоҳои мутақобилаи солҳои гузашта рабт доштанд, масалан, марҳилаи ниҳоии поккории минтақаҳои марз аз мин, омӯзиши муштараки кормандони амният, барқароркунии хатсайрҳои ҳавоӣ низ баррасӣ шуданд.

Вале муҳимтар аз ҳама, пас аз чанд даҳсолаҳо ҳукуматдорон дар масъалаи истифодаи об ва барқ — санги тезкунҷаи тамоми ихтилофот дар муносибатҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя, ҳамоҳангӣ карданд.

Беш аз ҳама ҳукумати замони Каримовро сохтмони НБО Роғун дар рудхонаи Вахш нигарон карда буд. Бастани садд бо баландии 335 метр воқеан барои Тоҷикистони нав "сохтмони аср" ба шумор мерафт. Вале бо ин ҳол, ҳамсоягон гуфта буданд, ки миқёси НБО мустақиман ба андозаи бузургии фоҷеа мутаносиб аст, агар мабодо ҳодисае бо садд рух диҳад.

"Ин иртифоъро тасаввур кунед. Он тамоми 6 муҷтамаи барқии обиро, ки дар масири рудхона ҷойгиранд, шӯста несту нобуд мекунад. Барои ман муҳим нест, ки дар умқи ҳашт ё чаҳор метр ғарқ мешавем. Ман фикр мекунам, ки фаҳмост, ки чаро мо муқобили он ҳастем », — эълом дошта буд муовини вазири иқтисоди Ӯзбакистон Галина Саидова дар конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт" дар соли 2010-ум.

Илова бар ин, барои Тошканд ҷиддан ташвишовар буд, ки Душанбе назорати дарёҳои болообро ба даст гирифта, масъалаи "захираҳои обӣ"-ро ҳамчун воситаи фишор дар музокирот истифода хоҳад бурд, ва бар ин бино, қаблан таҳдид карда буд, ки дар сурати лозима шояд ҳама гуна чораҳои эҳтимолиро бинад.

Акнун шахсан Шавкат Мирзиёев ибрози хоҳиши баррасии имконияти ширкати Ӯзбакистон дар сохтмони иншоотҳои барқиву обии Тоҷикистон, аз ҷумла НБО Роғунро кардааст. Иловатан ҷонибҳо комисиони муштаракеро барои омӯзиши роҳҳои истифодаи оби тозаи кӯли Сарезро омода мекунанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев, ки Эмомалӣ Раҳмон ӯро бародари худ номидааст, (ва ӯ дар навбати худ ба унвони посух куллиёти шоир Ҷомиро ба вай тӯҳфа карда, раҳбари тоҷикистониро ба Тошканд даъват намудааст), на танҳо ба як воқеаи тиҷориву иқтисодӣ, балки ба як маъракаи фарҳангӣ низ табдил ёфтааст.

Пас аз бахши расмӣ ва имзои созишномаҳо, ҳарду раисиҷумҳур ба Қасри санъати "Кохи Борбад" ба консерти идонаи "Шоми дӯстӣ" рафтанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ташрифи роҳбарияти Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар арафаи иди Наврӯз ба амал омад, ки ин нияти хайр мебошад, зеро ҷашни Наврӯз барои ӯзбакон ва тоҷикон баробар муҳим аст.

Ногуфта намонад, ки анъанаҳои умумӣ, урфу одат, эътиқод, усули зист ва ҳатто тарзи пӯшидани либосҳои миллии ин ду халқ табиатан яканд.

Ҳамчун рамзи фарҳанги ягона дар Самарқанд осорхонаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ тармим хоҳад шуд, ва дар Душанбе боғи нави ба номи Алишер Навоӣ бунёд мешавад.

Мавзуҳо:
Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ