02:59 21 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.09
  • RUB0.14
Ҳамоиши байнулмилалии Осиёи марказӣ – минтақаи афзалиятноки сиёсати хориҷии Узбакистон

Чаро гуфтугӯҳо аз иттиҳоди Осиёи Марказӣ афсонае беш нестанд

© ИА "Жахон"
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
292 0 0

Ховарпажӯҳ Александр Князев дар мусоҳиба бо Sputnik Узбакистон роҳбурдҳои сиёсати хориҷии раисҷумҳур Шавкат Мирзиёевро баррасӣ ва воковӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Нуқтаи мабдаъе, ки баррасиву воковии таҳаввулот дар Узбакистонро бояд аз он оғоз кард, тағйири мудели рушди иқтисодӣ дар он кишвар аст.

Иқтисоди инзивоталабона ва санъатисозии ҷойгузини воридот, ки 25 сол дар Узбакистон ба кор мерафт, дигар нокоромад шудааст. Ин кишвар дар марҳилаи нави рушд пеш аз ҳама ниёз ба дастёбӣ ба бозорҳои хориҷӣ дорад. Ҳамин омил аст, ки ислоҳот дар сохтори мудирият ва озодсозии нисбии умури иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Узбакистонро тавзеҳ медиҳад ва тавҷеҳ мекунад.

Рӯшан аст, ки ислоҳоти усулие, ки дар Узбакистон сурат мегирад, наметавонад тағйирот дар сиёсати хориҷии Тошкандро дар пай надошта бошад. Ҳарчанд усули роҳбурдии он ҳамчунон пойдору устуворанд: яксон дур будан аз абарқудратҳо, бартарӣ додан ба равобити дусӯя бо ҳар кишваре, ширкат накардан дар тарҳҳои ҳамгароии чандсӯя.

Сиёсати хориҷии Узбакистон ҳамчунон бар манофеъи миллии худхоҳона, аммо хирадпазире устувор аст, ки ҳаргуна созишеро, ки барои кишвар зиёновар бошад, пас мезанад. "Роҳбурди сиёсати хориҷии Мирзиёев" бо "роҳбурди сиёсати хориҷии Каримов" ин тафовутро дорад, ки камтар сиёсӣ аст ва бештар бар густариши асару таъсиргузории иқтисодӣ бунёд ёфтааст.

Минтақа бартар аст?

Нахустин изҳороти раисҷумҳури Узбакистон дар бораи бартарӣ доштани равобит бо ҳамсояҳо бархе аз таҳлилгаронро далел шуданд, ки натиҷагириҳои бисёр хубинона, аз он ҷумла – дар бораи эҳтимоли роҳандозии раванди ҳамгароии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, кунанд. Ин арзёбиҳо аз ҳамон оғоз ормонгароёна буданд ва ҳастанд, зеро ин омилро дар назар нагирифтаанд, ки дар сиёсат манофеъ бар ҳаргуна орзӯву ормон бартарӣ доштаву доранду хоҳанд дошт.

Бо ин ҳол, ҳамин чанд рӯз пас дар шаҳри Остона нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки мубтакираш Тошканд аст. Ин нишасти кишвардорон ҳамин акнун сару садоҳоеро ба бор оварда, зеро на бо пешниҳоди Қазоқистон, ки ҳамвора хостори ҳамгароии ин кишварҳо буда, балки бо пешниҳоди Узбакистон баргузор мешавад. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи ноябри соли 2017 пешниҳод кард, ки Шурои машраватии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баррасии масоили минтақа ва ёфтани муносибтарин роҳи ҳаллашон ташкил шавад. Остона ин пешниҳодро хуш пазируфт ва онро созманд кард. Зимнан, раҳбари Узбакистон ҳамон замон ҳам таъкид карда буд, ки манзур аз ин Шурои машваратӣ кадом созмони нави байналмилалӣ ё сохтори ҳамгароӣ нест.

Ин рӯйкарде воқеъгароёна ба тавсеъаи гуногунҷиҳата ва мутафовитсатҳи кишварҳоест, ки ҳамгароиву наздик шуданашон ҳамвора бо воқеъиятҳои айнӣ маҳдуд мешудааст. Чунончи, Тошканд, Остона, Ишқобод, Душанбе ё Бишкек ҳаргиз омода набуда ва нахостаанд, ки бахше аз ҳокимияти худро ба кадом як сохторҳои мудириятии фаромиллӣ вогузор кунанд.

Ин мавзуъ дар ин пойтахтҳо ҳаргиз матраҳ ва баррасӣ ҳам нашудааст, ҳарчанд бе вогузории бахше аз ҳокимият ба сохторҳои фаромиллӣ ҳечгуна ҳамгароие шакл намегирад. Агар ҳам аз ҳамгароӣ дар он кишварҳо чизе гуфта мешавад, он суханҳо бештар аз сари эҳсос гуфта мешаванд ва гӯяндагонашон ҳам бархе сиёсатмадорон, таҳлилгарон, нависандагон ё шоирону фарҳангиён ҳастанд. Вале раисҷумҳур Мирзиёев дар ин бора камтар сухан гуфтааст.

Пиндори ваҳдат

Рӯйдоднигории ҳама ибтикорҳои ҳамгароӣ дар паҳнаи Шуравии пешин, ки шуморашон беш аз даҳтост, ҳеч намунае аз комёбӣ дар ин заминаро ба даст намедиҳад. Он ҳама гуфтор дар бораи ториху фарҳанги муштарак ва ваҳдати Осиёи Марказӣ мифологемҳое ҳастанд, ки фазои иттилоъотии имрӯзиро пур кардаанд. Ин минтақа дар гузашта ҳар боре, ки дар як чорчӯби кишвар муттаҳид шуда, бо зӯру куштор буда ва он давлатҳо низ чандон дерпо набуданд.

Маъмулан ин сарзаминро нерӯҳои хориҷӣ ва камтар дохилӣ дар як кишвар муттаҳид кардаанд. Аз он миён метавон аз Чингизхон, Темурланг, подшоҳии Русия ва Иттиҳоди Шуравӣ ёд кард, ки бо зӯр ин минтақаро дар як воҳиди сиёсӣ муттаҳид карда буданд.

Боре, пахшу пароканиши мифологемҳое, ки умеду интизороти бепояеро падид меоваранд, ҳаргуна тарҳеро сиёсӣ мекунад ва чи басо арзиши билқувваи амалгароёнаашонро низ коста мегардонад.

Аз ин рӯ, нишасти сарони кишварҳо дар Остона метавонад афзори судманде дар беҳинасозии ҳамкориҳо ва афзун бар он – аҳруме барои ҳаллу фасли масоили дерина ва оянда дар чорчӯби дусӯя ва ё сесӯя дар минтақа шавад. Бештар аз инро наметавон аз ибтикороти Тошканду Остона интизор дошт.

Тошканд – Остона

Рӯшантар аз ҳама фаъол шудани ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Қазоқистон ва Узбакистон ба назар мерасанд. Дар заминаҳои таробарӣ ва энержӣ ҳамкории Узбакистону Қазоқистону Туркманистон бештар имконпазир аст. Ҳамчунин заминаи обу барқ низ аз мубрамтарин заминаҳо дар равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ мемонад. Дар пайванд бо бархе аз тарҳҳои Чин ҳамкорӣ дар заминаҳои таробарӣ ва тарнзит низ густариш хоҳад ёфт.

Гутфугӯи Тошканд ва Остона – на танҳо дар чорчӯби нишасти кишвардорон дар Остона, балки дар дурнамо низ, як бори муҳими дигаре низ дорад, ки ниёз ба таваҷҷуҳи вижа дорад: ин бор – равобит миёни ду кишвари минтақаофар аст, ки ҳар кадоме ҳадаф доранд бар кулли Осиёи Марказӣ асару таъсиргузор бошанд. Ҳам Назарбоев ва ҳам Мирзиёев борҳо аз масъулияташон дар баробари ин минтақа сухан гуфтаанд. Аз ин рӯ, таъсиси Шурои машваратӣ дар Остона амалан бунёди созукори мудирияти ин асару таъсиргузорӣ хоҳад буд, ки барои амалӣ кардани он ниёзе ба таъсису роҳандозии сохторҳои фаромиллӣ ё иттиҳодияҳое нест.

Ҳамкориҳои гуногунсатҳ

Таҷрубаи даврони пасошуравӣ нишон медиҳад, ки бе мушорикати Узбакистон ҳамкории минтақаӣ нопурра, пароканда ва нокоромад хоҳад буд. Ин гуфта барои Туркманистон низ рост меояд, ҳарчанд ин кишвар ба далели ҷойгоҳи ҷуғрофиёиаш бештар хоҳони ҳамкорӣ берун аз чорчӯби расмии Осиёи Марказӣ аст.

Аз он ҷое, ки Узбакистон ҳамчунон ба сиёсати напайвастанаш ба чорчӯбҳои расмишудаи чандҷониба вафодор аст, ҳамкорӣ дар ҳар заминае дар он минтақа метавонад танҳо ҷанбаи гуногунсатҳ дошта бошад ва ё дар чорчӯби тарҳҳои муайяну мушаххасе сурат бигирад. На узвияти Қазоқистону Қирғизистон дар Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё ва ё Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва на сиёсати бетарафии Туркманистон набояд ба короӣ ва асарбахшии ин ҳамкорӣ халал бирасонанд.

Раҳбарии Узбакистон тавониста, ки дар кӯтоҳтарин замон равобиташро бо ҳама кишварҳои ҳамсояаш беҳбуд бахшад. Ин равобит нисбат ба ҳар кишваре ҷанбае ҷудогона доранд, ки ин омил ҳам имконнопазир будани ҳамсонсозии равобиту муносибот миёни панҷ кишвари Осиёи Марказиро дар чорчӯби иттиҳоди фарзие таъйид мекунад.

Узбакистон – Амрико – Афғонистон

Раҳбари нави Узбакистон пас аз роҳандозии равобити хуб бо Русия ва Чин дар баҳори соли 2017 бояд равобиташро бо Амрико ва кишварҳои Урупо низ дар чорчӯбе нав мегунҷонд. Ширкати Шавкат Мирзиёев дар 72-умин нишасти Маҷмаъи Кулли Созмони милали муттаҳид ва ҳамоиши коркушоёну корофаринони узбаку амрикоӣ дар Вашингтон дар сентябри соли 2017 иқдомоти раҳбари нави Узбакистон барои навсозии равобит бо кишварҳои Ғарб буданд.

Тамосҳои мукаррар бо Амрико дар оғози соли 2018 низ яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хориҷии Узбакистон буд. Чунончи, вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов бо муовини сиёсии вазири умури хориҷии Амрико Томас Шеннон дар Вашингтон дидору гуфтугӯ карда буд. Ҳамӯ 31 январ дар Тошканд бо муовини аввали ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Элис Уэллс дидор кард.

Ин масъули амрикоӣ ҳамчунин бо муовини аввали раиси Маҷлиси Олии Узбакистон Содиқ Сафоев ва намояндаи вижаи раисҷумҳури Узбакистон барои Афғонистон Исматилло Эргашев низ дидору гуфтугӯ карда буд. Ин диду боздидҳоро бархе аз гузоришгарон "марҳилаи нави наздик шудани Амрико ва Узбакистон" низ шумурда буданд.

Боре, 21 январ Узбакистон ва Афғонистон дар ибтикоре муштарак аз баргузории ҳамоиши байналмилалии вазирони хориҷа дар мавзуъи "Афғонистон – роҳ ба сӯи оянда: раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар заминаи амният ва мушорикати минтақаӣ" дар поёни моҳи марти соли 2018 хабар доданд.

"Нишасти Тошканд идомаи мантиқии дувумин нишасти "Раванди Кобул" хоҳад шуд, ки дар поёни феврали соли 2018 баргузор мешавад ва натиҷаҳои кӯшишу талошҳои ҷомеъаи байналмилалӣ дар сатҳу заминаҳои гуногунро тасбит хоҳад кард", — гуфта буд Абдулазиз Комилов дар нишасти баррасии масоили Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Шурои амнияти СММ.

Сафарҳоеро, ки Комилов дар моҳи феврал ба Теҳрон, Деҳлӣ ва Исломобод анҷом дод, метавон оғози фаъол шудани сиёсати хориҷии Узбакистон дар ин самтҳо шумурд. Бегумон, дар дидорҳое, ки дар он шаҳрҳо баргузор шуданд, масоили куллии равобити дуҷониба низ баррасӣ шудаанд. Вале муҳимтар ҳадаф аз он сафару дидорҳо моил кардани Эрону Ҳинду Покистон ба ширкат дар ҳамоиши вазоратӣ дар масоили Афғонистон дар Тошканд будааст.

Вале фаъол шудани Тошканд дар самти Афғонистонро набояд чун рухдоде ҷудогона дар сиёсати Узбакистон донист. Дар нимаи дувуми моҳи январ дар Ню-Йорк нишасти масъулини умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико дар чорчӯби С5+1 баргузор шуда буд. Ҳадафи аслии тарҳи кӯҳнаи "Осиёи Марказии Бузург", ки чорчӯби С5+1 амалан варианти хурдшудааш аст, фароҳам овардани шароит барои ҷудосозии гетосиёсӣ ва гетоиқтисодии Осиёи Марказӣ аз Русия ва Чин ва якпорчасозии он бо кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ зери султаи Амрико будаву ҳаст.

Ин якпорчасозӣ барои Амрико имкон фароҳам мекард, ки мавқеъашро дар Уросиёи Марказӣ устувор кунад, ки роҳу дастрас ба Уқёнуси ҷаҳонӣ надорад, вале аз ҷойгоҳи бисёр муҳим аз дидгоҳи гетороҳбурдӣ дар миёни Русия, Чин ва Эрон бархӯрдор аст. Узбакистон дар ин тарҳ ҷойгоҳи марказӣ дорад, вале бино бар далоилу шавоҳиде метавон гуфт, ки дар ин маврид ҳам Тошканд кӯшиш дорад нақши кунишгарро дошта бошад ва на нақши кунишванди дасткориҳои Вашингтонро.

Рақобат бо Остона?

Ибтикори Узбакистон барои баргузории ҳамоиши "Афғонистон – роҳ ба сӯи оштӣ" ду ҳадаф дорад. Ин ибтикор бояд вазъу ҷойгоҳи нави ин кишвар дар минтақаро тасбиту таъйид кунад, бавижа, ки Тошканд дар гузашта дар сиёсати минтақаӣ чандон фаъол набуд.

То кунун аз кишварҳои минтақа танҳо Қазоқистон худро чун кунишгари ҷиддӣ дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, ки музокироти сулҳи Сурияро дар Остона баргузор ва миёнҷигарии худро барои ҳалли муноқиша дар Укроин ва Қарабоғ пешниҳод кардааст. Агар ибтикори Тошканд идомае пайдо кунад, Остона ночор аст ин воқеъиятро бипазирад, ки инҳисораш дар ин замина ба поён расидааст. Боре, ҳаройина ин омил ҳамакнун газанде ба равобити мусбати Қазоқистон ва Узбакистон намезанад.

Акнун метавон гуфт, ки пешрафти раванди музокирот бо ибтикори Узбакистон ва зери назари Созмони милал дар воқеъ нусхае навшуда аз ибтикори Туркманистон барои баргузории музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Ишқобод аст, ки соли 2017 пешниҳод ва баррасӣ шуда буд. Ин ду ибтикор метавонанд рухдодҳо ва ё равандҳои ҳамзамон низ бошанд, вале ошкор аст, ки онҳо бо якдигар пайванд доранд ва ин пайвандашон бо тамосҳои мукаррар миёни Кобул ва Тошканд ва Кобул ва Ишқобод дар ду – се моҳи ахир таъйид мешавад.

Ибтикори Тошканд ҳамчунин бо гуфтугӯи Қазоқистон ва Амрико дар мавзуъҳои Афғонистон ва минтақа дар кулл созгор аст.

Тошканд – Вашингтон

Дар чорчӯби ибтикори нави Узбакистон баъид менамояд, ки рақибони гетосиёсии Амрико дар сиёсати минтақаӣ – Русия, Эрон, Чин ва Покистон, ки имрӯзҳо сиёсати хориҷияш номушаххас аст, иҷоза ёбанд, ки бар тасмимгирӣ дар муҳимтарин масоил асару таъсире бигузоранд. Ин ки сиёсати хориҷии Афғонистон аз Вашингтон раҳбарӣ мешавад, бар касе пӯшида нест. Кобуд низ беҳуда равобиташро бо Тошканд густариш намедиҳад. Аз инҷост, ки бархӯрди Кобул бо ибтикорҳои Русия дар масоили Афғонистон комилан дигарсон аст.

Узбакистон дар чорчӯби таҳаввулоте, ки дар мудели иқтисодӣ ва сиёсии он сурат мегиранд, ниёз ба бозорҳои гуногуни хориҷӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ дорад. Афзоиши эътибори байналмилалии кишвар бояд бар фазои сармояпазирии он низ таъсире мусбат бирасонад.

Кишварҳое, ки дар масоили Афғонистон ба мушорикат фаро хонда шудаанд, яъне Эрон, Покистон ва Ҳинд, ҳам аз дидгоҳи бозаргонии хориҷӣ ва ҳам аз дидгоҳи таробарии фаромарзии колоҳо нақшу аҳамияте фаровон доранд. Ҳарчанд Тошканд ҳамзамон бо расидан ба ҳадафҳои худ, мустақиман ё ғайримустақим, ҳатто агар дар буъди роҳбурдӣ ҳам буда бошад, маъмурияти сиёсати минтақаии Амрикоро низ пайгирӣ ва иҷро мекунад.

Ин падидаро наметавон марҳилае нав дар ҳамгароӣ ё наздик шудани Тошканду Вашингтон шумурд. Узбакистон дар чорчӯби доктрин ё раҳномаи сиёсати хориҷии худ ҳамчунон дар парадигми чандбурдорае амал мекунад, ки бештар бо манофеъи миллии он созгорӣ дорад. Аз эҳтимол дур ҳам нест, ки ин сиёсат худ равише бошад барои дастёбӣ ба ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва нигаҳ доштани тароз дар ҳамкориҳои роҳбурдӣ ва корёрии судманд бо Чин ва равобити ҳампаймонӣ бо Русия.

Барчаспҳо:
Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ