Коршинос: Узбакистон рақиби ҷиддии Қазоқистон дар Осиёи Марказӣ мешавад

© © Болат ШайхиновВстреча глав государств ЦА, в Астане
Встреча глав государств ЦА, в Астане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Досим Сатпаев, коршиноси масоили сиёсӣ аз Қазоқистон, дар мусоҳиба бо Sputnik Қазоқистон дурнамои рақобати иқтисодиеро бозгӯ мекунад, ки дар миёни Остона ва Тошканд ҳамзамон бо наздик шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо якдигар сар хоҳад зад

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik, Сергей Ким. Даврони нав дар равобит миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ фаро расида ва шитобон муносиботашонро дигаргун мегардонад. Ин даврон замоне оғоз шуд, ки Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон ба раёсат расид ва ба кишварҳои ҳамсоя сафар кардан гирифт.

Пеш аз сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Қирғизистон дар тирамоҳи соли 2017 бисёре аз таҳлилгарон ба ёд оварданд, ки раҳбарони узбак 17 сол боз аз Бишкек боздид накардаанд. Аммо Мирзиёев ба Бишкек парвоз кард ва дар паи он ҳамсарони кишвардорони узбаку қирғиз Зироатхон Ҳошимова ва Раиса Отамбоева, ки дар фурӯдгоҳ даст ба даст роҳ мерафтанд, намоди дӯстиву даврони нав дар равобити ин ду кишвар шуданд.

Никита Мендкович, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мендкович: Узбакистон бозори хубе барои колоҳои Тоҷикистон мешавад

Нахустин сафари расмии раҳбари Узбакистон ба Тоҷикистон дар 25 соли гузашта низ танҳо бо санадҳои имзошуда дар ёдҳо намонд: ҳазорон донишомӯзу донишҷӯе, ки кишвардоронро бо парчаму шиорҳо пешвоз мегирифтанд, беҳуда сари роҳашон наистода буданд, балки чуноне, ки Эмомалӣ Раҳмон дертар хоҳад гуфт, ба суди кишвар дар он лаҳзаи торихӣ кор кардаанд.

Дидори кории раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ва намояндаи Туркманистон дар Остона, ки ҳамин чанд рӯз пеш баргузор шуд, танҳо ҷӯрчин ё пазле дуруст аз нигоҳи мантиқӣ буд.

Таҳлилгари маъруфи қазоқ, коршиноси масоили сиёсӣ Досим Сатпаев дар ин мусоҳиба бо Sputnik Қазоқистон аз далоиле ёдовар шуд, ки солҳо монеъи наздик шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо якдигар мешуданд.

Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, ки чаро Қазоқистон ва Узбакистон нақши локомотиви ҳамгароии кишварҳои минтақаро бар уҳда мегиранд ва Қирғизистону Тоҷикистону Туркманистон аз наздик шудан чи суде ба даст меоранд. Мо ҳамчунин кӯшиш кардем ангезаҳои ислоҳгарии Шавкат Мирзиёевро дар ёбем, ки оё кӯшишу кунишҳояш рақобати Узбакистону Қазоқистонро падид хоҳад овард ё на.

Досим Сатпаев бар ин бовар аст, ки падид хоҳад овард, агар манзур рақобати иқтисодӣ бошад.

-Дидори раисҷумҳур Мирзиёев бо раисҷумҳур Раҳмон худ ба худ ҳам ҷолиб аст. Пеш аз он ҳам раҳбари Узбакистон аз Қирғизистон боздид карда буд…

— Ва аз Туркманистон низ ҳам…

-Ин дидорҳоро ҳам расонаҳо ва ҳам кишвардорон торихӣ номидаандю Ҳаддақалл, зоҳиран, оё ин дидорҳо гувоҳ бар он нестанд, ки иҷрои тарҳи ҳамгароӣ дар чорчӯби "Осиёи Марказии пасошуравӣ" дубора матраҳ мешавад?

Посол Казахстана в Таджикистане Нурлан Сейтимов принял участие в церемонии официальной передачи гуманитарной помощи РК таджикской стороне. - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон ҳамчунон дувумин шарики бозаргонии хориҷии Тоҷикистон аст

— Кӯшишу талош барои бунёди густараи муштараки минтақаӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд сол мутавақиф шуда буд. То ҷое, ки ман дар ёд дорам, панҷ ё шаш тарҳи иттиҳоди кишварҳои ОМ барои ҳалли масоили муштарак пешниҳод шуда буд. Камбахтона, ин тарҳҳо ҳама рӯи коғаз монданд.

Охирин кӯшиш дар замина дар соли 2005 сурат гирифта буд. Зимнан, ҳамон замон мавзуъи ташкили Консорсиуми байналмилалии обу энержӣ низ матраҳ шуда буд. Вале инро бояд дар назар гирифт, ки дар он замон яке аз тормозҳои аслии ҳамкории минтақаӣ ҳамин Узбакистон буд, ки бо Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавзуъҳои марзӣ, об ва мубориза бо ифротгароӣ ва теруризм ихтилофи назар дошт.

Хуб дар ёд дорам, ки ҳар боре, ки бо кормандони давлатӣ ё коршиносону таҳлилгарони узбак дидор мекардам, онҳо мегуфтанд, ки Узбакистон қалъаест устувор, вале дигар кишварҳо ҳеч кӯшише барои мубориза бо ифротгароӣ намекунанд. Аз ин ҳарфҳо бисёр гуфта мешуд ва ихтилофот ҳам аз ҳамон замон бисёр буданд.

Ончи имрӯзҳо мегузарад, воқеъан марҳилаи муҳими торихӣ аст. Вале, аз дигар сӯ, бояд омода буд, ки ки ихтилофоту мухолифатҳо, ки солҳо дар миёни ин кишварҳо ҷамъ шудаанд, ба зудӣ ва осонӣ аз миён бардошта намешаванд. Бояд рӯйкарди "бурд – бурд"-ро ба кор гирифт, ки ҳар ду тараф аз ҳамкорӣ бурд кунанд.

Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки ин нишасти сарони кишварҳо, ки дар Остона гузашт, дидори расмӣ набуд. Он як дидори машваратӣ буд. дар чунин дидорҳо қарор нест, ки созишу қарордодҳое барои ҳамкории раҳбурдӣ ба даст оянд.

-Чунин дидорҳо бештар намоиши ҳусни ният ҳастанд, на?

— Бале, феълан кӯшиш доранд ҳамон тарҳу ибтикоротеро аз сар бигиранд, ки солҳо пеш матраҳ шуда буданд. Ин ҳам ҷолиб аст, ки пешниҳоди баргузории ин нишаст дар Остонаро Шавкат Мирзиёев дода буд. Ин нукта ҳам муҳим аст.

Ин Мирзиёев буд, ки порсол, дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Самарқанд, чанд баёнияи муҳимро эълом кард. Яке аз ин баёнияҳо бисёр хушам омад. Вай пешниҳод карда буд, ки Иттиҳодияи раисони вилоятҳои марзии кишварҳои ОМ ташкил карда шавад. Ӯ он замон гуфта буд, ки сиёсатмадорон бояд шароити мусоидро баро кор фароҳам оваранд ва иҷоза диҳанд корофаринону бозаргонон дар манотиқи марзӣ кору борашонро пеш баранд: бояд ҳарчи зудтар тамосҳоро барқарор кард.

Агар кишварҳои мо аз гуфтор ба кирдор, ҳаддақалл дар заминаи ҳамкориҳои марзӣ, рӯй биёранд, худ ҳамин ҷаҳиши бузурге дар корҳо хоҳад шуд. Сипас равобитро марҳила ба марҳила мешуд тангтару густардатар кард, чунон ки кишварҳои Урупо карда буданд. Онҳо ҳам Иттиҳоди Урупоро якшаба ташкил накарда буданд.

Дар Осиёи Марказӣ метавон ҳастаи чунин ҳамгароиро дар ду замина падид овард. Яке дар заминаи ҳамкории марзӣ ва дигаре дар заминаи ҳамкориҳои обубарқӣ. Агар ин ду поя гузошта шаванд, пешрафт дар минтақа ҳам имконпазиртар хоҳад шуд.

-Яъне акнун Узбакистон омили аслии ҳамгароии кишварҳои минтақа шуда, чуноне, ки чанде пеш омили аслии боз истодани ин раванд буд?

— Бале, метавон чунин ҳам гуфт. Узбакистон аз хоби дерина бедор шудаву акнун амалан фурсатҳои аз даст рафтаро ҷуброн кунад. Қазоқистон дар оғоз ҷонибдори ҳаргуна ҳамкории кишварҳо дар ОМ буд, вале сипас дилсард шуд. Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки пас аз соли 2005 раҳбарии Қазоқистон кишварро на чун бахше аз Осиёи Марказӣ, балки "кишвари уросиёӣ" муаррифӣ мекард. Чаро чунин буд? Зеро Қазоқистон дилсард шуда буд – ҳар кӯшише, ки Остона мекард, ба натиҷа намерасид. Аз ин рӯ Қазоқистон рӯ ба мудели уросиёӣ овард ва нерӯяшро дар ин замина ба кор бурд, ки натиҷа дод ва Иттиҳодияи гумрукӣ ва Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё падид омаданд.

Международная конференция Центральная Азия – главный приоритет внешней политики Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Чаро гуфтугӯҳо аз иттиҳоди Осиёи Марказӣ афсонае беш нестанд

Акнун фурсати муносибе фаро расида, ки Қазоқистон дубора ба Осиёи Марказӣ рӯй оварад. Агар ёд дошта бошед, ҳамин чанд сол пеш раҳбари Қазоқистон мегуфт, ки бояд пасванди "-истон"-ро аз номи кишвар бурид, то бо дигар кишварҳои ОМ тафовут дошта бошад? Ҳамин нукта ҳам худ далеле дигар аз дилсардии Қазоқистон аст.

Таҷрубаи Иттиҳоди Урупо ва дигар иттиҳодияҳои минтақаӣ ин воқеъиятро барҷаста мекунад, ки кишвар барои муттаҳид шудан бояд локомотивҳое дошта бошанд. Дар Иттиҳоди Урупо Фаронса ва Олмон чунин локомотивҳое ҳастанд.

Дар Осиёи Марказӣ Узбакистон ва Қазоқистон метавонанд чунин локомотивҳое шаванд. На чун раҳбарони минтақа, зеро ки раҳбарии моро касе нахоҳад пазируфт, балки чун нерӯҳое, ки тарҳҳои муштарак матраҳ кунанду дар кишварҳое онҳоро сармоягузорӣ кунанд, зеро ин ду кишвар бештар аз Тоҷикистону Қирғизистон сармоя доранд. Чуноне ки Фаронса ва Олмон дар Иттиҳоди Урупо мекунанд. Агар кишварҳои мо низ чунин ҳамдаст мешуданд, гумон дорам, мешуд ҳама кишварҳои минтақаро бе ҳаргуна ҷоҳталабиву бартариҷӯӣ ба тарҳҳои муштарак ҷалб кард.

-Зимнан, ҳар боре, ки мо дар бораи Қазоқистон ва Узбакистон мегӯем, ҳамвора аз рақобаташон барои "раҳбарӣ дар минтақа" ёд мекунем. Оё чунин рақобате даркор аст?

— Дар воқеъ, ин ҳарфҳо бепоя ҳастанд. Ин ду кишвар ҳеч рақобате надоштанд. Узбакистон дар замони раҳбарии Ислом Каримов ва Қазоқистон муделҳои мухталифи рушд доштанд, чи дар заминаи сиёсӣ ва дар заминаи иқтисодӣ. Узбакистон дар замони Каримов бар худ тамаркуз карда ва худро дар инзиво қарор дода буд.

Агар манзур рушди иқтисодӣ аст, Қазоқистон "фаворит" шумурда мешуд, вале танҳо аз дидгоҳи сармояпазирӣ. Ман бар ин боварам, ки рақобат миёни ин ду кишвар тоза оғоз хоҳад ёфт, зеро Мирзиёев ҳам даст ба ислоҳи сиёсати хориҷии Узбакистон зада ва ҳам сиёсати иқтисодии кишварро тағйир медиҳад. Агар ин ислоҳот воқеъан амалӣ шаванд, агар озодсозии иқтисод фазоро барои сармогузорӣ мусоид кунад, агар рақобатпазирии Узбакистон афзоиш ёбад, онгоҳ Қазоқистон рақибе ҷиидӣ дар бахши иқтисод пайдо хоҳад кард. Онгоҳ рақобат бисёр сахт хоҳад буд.

-Аммо ин рақобат дар бахши сиёсӣ чигуна хоҳанд буд?

— Ман бар ин боварам, ки рақобат барои бартарии сиёсӣ миёни ин ду кишвар афсонае беш нест. Ин раҳбарии сиёсӣ чи маънӣ дорад? Раҳбарӣ замоне воқеъиятпазир аст, ки касе онро бипазирад ё бишносад.

Аммо дар Осиёи Марказӣ ҳаргиз чунин нахоҳад шуд, ҳатто агар, масалан, Қазоқистон ё Узбакистон чунин хаёлеро ҳам дар сар дошта бошанд. Бовар дорам, ки на Душанбе, на Ишқобод, на Бишкек ҳеч шакле аз раҳбарии ин ду кишварро нахоҳанд пазируфт. Онҳо намехоҳанд "бародари бузурге" дошта бошанд, чуноне, ки масалан, Узбакистон дар солҳои 1990-ум нахост Туркия "баробарбузургаш" бошад. Қазоқистон ҳам нахост бародарбузургии Туркияро бипазирад. Ҳама кишварҳо хоҳони равобит бар асоси усули баробарӣ ҳастанд.

Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Замир Кобулов: ДОИШ Афғонистонро пойгоҳ барои ҳамла ба Осиёи Марказӣ мекунад

Дуруст аст, ки Қазоқистон вазъи иқтисодии беҳтаре дорад, вале ҳечгуна раҳбарии сиёсӣ дар минтақа надорад. Ёдатон ҳаст порсол миёни Қазоқистон ва Қирғизистон ихтилофе сар зада буд? Ҳамон кашокаш худ гувоҳ бар ин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ омода ҳастанд дар заминаҳои иқтисод ва фарҳанг ҳамкорӣ кунанд, вале ҳеч кадоме аз онҳо дигареро бартар аз худ нахоҳад донист. Чунин интизоре ҳам набояд дошт.

-Ба назаратон ин ислоҳоти Мирзиёев чигуна ҷанбае доранд? Оё он ҷоҳталабии торихӣ аст ё кӯшише барои раҳо шудан аз мероси даврони Каримов ё ҳалли "риёзии" масоили давлатӣ?

— Фикр мекунем, ин авомиле, ки Шумо бар шумурдед, ҳар кадоме дар маҷмуъ як омилро ташкил мекунанд. Пайдост, ки агар ӯ бихоҳад дар кишвараш ислоҳот анҷом диҳад, бояд аз мероси гузашта раҳо шавад. Аммо ин мерос на танҳо низомест, ки ҳамакнун дар Узбакистон ҳоким аст, балки касоне низ ҳаст, ки ин ҳукуматро шакл медиҳанд. Ӯ худ низ замоне нахуствазир буд дар ин ҳукумат. Ин нукта муҳим аст. Пеш аз он ҳам вай раёсати вилоятро бар уҳда дошт. Ӯ мудири иқтисодӣ аст. На танҳо касе, ки солҳо симати ҳизбӣ доштаву дар бахши идеулужӣ кор карда, балки мудирест, ки хуб медонад, иқтисоди Узбакистон аз кадом тору пуд бофта шудаву нуқтаи заъфаш куҷост. Мирзиёев медонад, ки агар хоста бошад Узбакистонро кишваре ҷаззоб гардонад, бояд ислоҳоте дар он анҷом диҳад.

-Эмомалӣ Раҳмон дар наздик шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ чи нақше дорад? Мавқеъи Тоҷикистон дар ин мавзуъ чигуна аст?

— Тоҷикистон ҳаргиз мухолифи наздик шудан набуду нест. Қазоқистону Тоҷикистон ҳамвора равобити хуб доштаву доранд. Раҳбари Тоҷикистон ҳамеша тарафдори ҳамкориҳои муштарак будаву ҳаст. Ҳамин нукотро метавон дар бораи Қирғизистон низ гуфт. Аммо Туркманистон ҳамеша аз ин ҳамкориву ҳамгароиҳо дар канор буда, вале ин мавқеъаш бархоста аз сиёсати бетарафӣ ва инзивогароёнааш аст.

Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳалқаҳои калидии системи таъмини амният барои кулли минтақа муҳим аст. Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз аст, Узбакистон ва Туркманистон низ ҳамчунин. Табиист, ки ҳама хоҳони он ҳастанд, ки ин кишварҳо дар суботу амният бошанд. Мо ҳама омодаем, ки дар сурати сар задани хатаре кумакашон кунем. Зеро агар яке аз онҳо аз кадом тундравоне аз Афғонистон зарба хӯрад ва Худо накарда, марзашон рахна шавад, он тундравон ба минтақа сарозер хоҳанд шуд. Ман пештар аз "сенорюи туркманӣ" гуфта будам, ки тундравон эҳтимолан ба сӯи дарёи Хазар пешрафт кунанд. Агар ин эҳтимол амалӣ мешуд, таҳдиде бар ҳама кишварҳои канораи дарёи Хазар мешуд.

Ҳар гоҳ мо аз ин рӯйкард, ки гӯё Узбакистон ва Қазоқистон дар минтақа "раҳбар" ҳастанд, раҳо шудем, хоҳем донист, ки кишварҳои ин минтақа чунон ба якдигар вобаста ҳастанд, ки агар яке аз онҳо ба мушкиле дучор шавад, дигарон ҳам доминовор яке дар паи дигаре бо он гирифтор хоҳанд шуд.

-Мавқеъгирии раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ҳам бароямон ҷолиб аст. Вай дар суханронияш дар маросими ёдкарди савганди кишвардорӣ аз кишварҳои минтақа ҷудогона ёд накард, вале аз густариши ҳамкорӣ бо Русия, Чин, Амрико ва Туркия гуфт. Оё Қирғизистон дар воқеъ дар миёни кишварҳои минтақа ҷойгоҳи вижа дорад, ки ҳукумташ ҳар аз гоҳе иваз мешавад, ва оё ин вижагӣ халале дар раванди ҳамгароӣ ворид намекунад?

— Аз дидгоҳи рушди сиёсӣ Қирғизистон дар миёни ин кишварҳо воқеъан "зоғи сафед" аст. Он бо дигар кишварҳо тафовут ҳам аз дидгоҳи рухдодҳои сиёсӣ ва ҳам равишҳои рушди сиёсӣ ва ҳам инқилобҳое, ки дар он рух додаанд, тафовут дорад.

Аммо аз дидгоҳи рӯйкарди ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ раҳбарии Қирғизистон худ медонад, ки кишвар аз ин ҳамкорӣ суд хоҳад бурд. Зеро Қирғизистон дар даруни Осиёи Марказӣ дарбаст аст – чунин кишварҳо бештар мушкил доранд. Қазоқистон ҳам кишварест, ки дар маркази қора дарбаст аст. Дар Остона ҳамвора мегӯянд, ки мо ба дарёҳо роҳ надорем. Агар раҳбарони Қазоқистон ин дарбастагиро омиле манфӣ мешуморанд, пас аз Қирғизистону Тоҷикистон чи интизоре бояд дошт, ки афзун бар ин ки дар минтақа дарбаст ҳастанд, бо кишварҳои ҳамсоя ҳам равобити печидае доштанд. Ошкор аст, ки агар Қирғизистон хоҳони рушди иқтисодӣ бошад, наметавонад дар "фазои дарбаста" ба он даст ёбад.

Мужчина показывает разбитый кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ирина Волк дар бораи занозании шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар Маскав хабар дод

Ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд хуб бидонанд, ки масоили дохилии минтақаро бояд худ бо якдигар ҳаллу фасл кунанд ва пои нерӯҳои севумеро дар миён наоранд. Агар оянданигарӣ кунем, ин суол матраҳ мешавад, ки оё кунишгарони хориҷии сиёсати ҷаҳонӣ ба кадом андоза хостори ҳамкории танготанги кишварҳои мо ҳастанд. Манзурам ҳамгароӣ ё идғом нест, балки ҳамкорӣ аст.

Ҳамгароӣ ё идғом марҳилае пешрафтатар аст. Нахустин марҳилае, ки мо бояд аз он бигзарем, иҷрои тарҳҳои мақтаъӣ аст. дувум марҳила – ҳамкории минтақаӣ аст, ки кишварҳо бояд фазои иқтисодии ягонаро ташаккул диҳанд, қонунгузорияшонро ҳамсон гардонанд. Пас аз он севумин марҳила пеш меояд, ки ҳамгароӣ ё идғом аст ва эҳтимолан дар он марҳила сохторе фаромиллӣ ташкил шавад. Вале ин марҳилаҳоро бояд гом ба гом рафт ва шитоб накард.

-Аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ чаҳоряк аср гузашт. Агар ин бор натавонем равобитро беҳтар аз пеш кунем, оё ингуна намешавад, ки роҳамон аз ҳам ҷудо мешавад ва саранҷом миёнамон на танҳо деворҳои сиёсӣ балки монеъаҳои тамаддунӣ ҳам падид оянд?

— Ҳамин акнун чунин монеъаҳое вуҷуд доранд. Дар ин бистучанд сол мо – ҳамсояҳои наздик бисёр аз якдигар дур шудаем. Бибинед, ки мо дар ин замон фазои иттилоъотии муштараке ҳам падид наовардаем. Мо дар бораи якдигар бисёр кам медонем, магар на?

— Бале, дуруст аст. Шигифтовар аст, ки мардуми Алмаато хуб намедонанд, ки дар Бишкек чӣ мегузарад, ҳарчанд фосила дар миёнашон кам аст.

— Мушкил ҳамин аст! Мо намедонем, ки дар Туркманистон чи мегузарад! Мо ҳарчанд наздик ба якдигар ҷой дорем, аммо аз дидгоҳи фарҳангӣ, башарӣ, ҳамкориҳои иттилоъотӣ аз якдигар бисёр дур ҳастем. Аз ин рӯ буд, ки бар аҳамияти тарҳҳои мақтаъӣ таъкид кардам. Ҳамин тарҳо бояд ташкили фазои муштарак барои ҳамкориҳои фарҳангиву омӯзиширо фароҳам оваранд то ҷавонон бештар бо якдигар ошно шаванд. Он ҳама девору монеъаро бояд аз сари роҳ бардошт! Дар воқеъ, ин насле, ки дар замони истиқлоли кишварҳо падид омадааст, аз авзоъву аҳвол дар кишварҳои ҳамсоя камтар хабаре дорад. Мо бояд ин сиёсатро тағйир диҳему ислоҳ кунем. Агар ислоҳ накунем, насле бузург хоҳад шуд, ки дигар Осиёи Марказиро як минтақаи ягона тасаввур нахоҳад кард. Ин нукта бисёр муҳим аст.

-Оё фурсатро аз даст надодаем?

— Фикр мекунам, ки ҳануз фурсат дорем, ки он чиро, ки пештар натавонистем анҷом диҳем, акнун амалӣ кунем ва роҳу равишҳои навро низ ба кор бигирем. Дар ҳар сурат ҷавонон ҷаҳонро бо чашми бозтар менигаранд ва агар барояшон фурсат бидиҳанд, метавонанд он тарҳҳои ҳамгароиро амалӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0