07:16 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
телефони мобилӣ

Муштарӣ аз дастрас хориҷ шуд: чаро VEON аз Тоҷикистон рафт

CC0 / Pixabay
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

Оператори шабакаи телефони ҳамроҳ VEON, ки пештар "Vimpelcom" ном дошт, тасмим гирифта аз Тоҷикистон хориҷ шавад

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik, Дмитрий Матвеев. Соҳибони VEON-ро ду далел водор ба хориҷ шудан аз бозори телефони ҳамроҳи Тоҷикистон карданд: яке – боздеҳи кам ва дигаре – молиёти бисёр.

Чанде пеш иттилоъе мунташир шуд, ки ширкати VEON.Ltd (Vimpelcom Ltd), молики ширкати русии "Вымпелком" (намономи "Билайн"), бахши тоҷикистонии худ – Tacom LLC-ро ба ширкати духтарии "Билайн" дар Тоҷикистон – ZTE Mobile хоҳад фурӯхт.

Намояндаи VEON дар ин бора гуфт, ки раҳбарии ширкат ба манзури беҳинасозии дороиҳои иртибототии худ ва хуруҷ аз бозорҳои хурд тасмим гирифта аз Тоҷикистон хориҷ шавад.

Таҳлилгарон ҳам таъйид мекунанд, ки ин ширкат дар Тоҷикистон чандон дороие надорад.

"VEON ширкати хурде нест. Саҳми даромадаш аз хидматрасонӣ дар Тоҷикистон дар баробари даромадаш аз дигар бозорҳо қатрае беш нест", — мегӯяд мудири кулли бунгоҳи таҳлилии TelecomDaily Денис Кусков.

Вале қазия ба ин содагӣ ҳам нест. Мақомоти Тоҷикистон аз ин ширкат молиёт талаб доштанд. Бино бар додаҳои манобеъи озод, ширкати "Вымпелком" дар соли 2016 камобеш 73 милюн дулор молиёт ба Тоҷикистон пардохт карда, дар сурате, ки даромадаш дар он сол куллан 68 милюн дулор будааст.

Вале дар поёни соли 2017 раиси Кумитаи молиёти ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода эълом карда буд, ки ин ниҳод пардохтҳо ва қарзҳои калони чанд оператори телефонҳои ҳамрроҳро ошкор кардааст.

Он замон намояндагони ширкати Telia гуфта буданд, ки ниҳодҳои молиётии Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилӣ 155 милюн сомонӣ молиёт талаб доранд. Ин қарз дар паи санҷишҳое ошкор шуда, ки аз моҳи маи 2015 то моҳи июни 2016 баргузор шудаанд.

Чунин талабу иддаъоеро Кумитаи молиёти Тоҷикистон аз ширкатҳои русии "Билайн" ва "Мегафон" низ дошт ва ҷолиб ин аст, ки дақиқан ҳамин маблағро аз онҳо бозхост мекарданд.

Барои пешбурди кор дар ҳар кишваре фароҳам будани шароити иқтисодӣ муҳим аст. Аммо VEON дар Тоҷикистон чунин шароите надошт, аз ин рӯ мудирони он тасмим гирифтанд аз ин кишвар бираванд.

"Мақомот аз "Вымпелком" пардохти молиётеро талаб карданд, ки барояш муҳосиба карда буданд. Аммо ширкат аз пардохти ин молиёт сар кашид ва ба додгоҳ рӯ овард, вале додгоҳро бохт. Наметавонам доварӣ кунам, ки оё ҳаққ бо мақомоти тоҷик буда ва ё онҳо ғаразе доштанд. Ин нуктаро додгоҳ бояд рӯшан мекард. Вале додгоҳ ҳукме содир кард, ки ба суди "Вымпелком" набуд. Пас аз судури ин ҳукм мудирони ширкат дигар далеле барои кор дар он кишвар надиданд", — мегӯяд дар тавзеҳи ин қазия таҳлилгар Темур Неъматуллин аз бахши таҳлили бозорҳо дар Андарзкадаи сармоягузории "Открытие брокер".

Боре, VEON дар Тоҷикистон афзун бар талабҳои молиётӣ бо мушкилоти идориву танзимотӣ низ дучор шуда буд. яке дигар аз мушкилоте, ки ширкат бо он рӯбарӯ буд, хориҷ кардани даромади бадастомада аз кишвар буд.

"Дар кулл ин қазия барои минтақае, ки чунин рискҳое вуҷуд доранд, комилан маъмулӣ аст. Ҳеч тааҷҷубовар ҳам нест, ки саранҷом ин рискҳо амалӣ шуданд", — афзуд Неъматуллин.

Вале намояндагони ширкати "Вымпелком" то кунун ҷузъиёти ин муомиларо ошкор накардаанд.

"То ҷое, ки ман медонам, ин муомила ҳануз пурра анҷом наёфтааст. Наметавон гуфт, ки "Вымпелком" дар паи берун рафтан аз бозори Тоҷикистон чанд пул аз даст медиҳад, зеро "духтари" тоҷикистонии ширкати VEON аз соли 2015 то кунун гузориши молӣ надода ва маълум нест, ки дар ҳисобаш чанд пул дорад. Ба назарам, бо таваҷҷуҳ ба муомилот бо дигар ширкатҳои мобилӣ метавон гуфт, ки маблағ чандон калон нахоҳад буд ва арзёбии муомила ҳам камтар аз рақаме хоҳад буд, ки дар бозор аст. Фикр мекунам, ки VEON солиёна садҳо милюн дулор даромад ба даст меорад ва шояд ҳам камтар", — мегӯяд Темур Неъматуллин.

Барчаспҳо:
хизматрасонӣ, телефон, Билайн, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ