Ӯро ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон фаромӯш намекунанд: набераи Айнӣ дар бораи адиб

© © Sputnik / Амир ИсаевЗайниддин Орифи, Алексей Авганов и Эрадж Айни у памятника Садриддину Айни
Зайниддин Орифи, Алексей Авганов и Эрадж Айни у памятника Садриддину Айни - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Садриддин Айниро на танҳо дар Тоҷикистон гиромӣ медоранд, балки дар Русия ва Узбакистон низ дӯсташ медоранд, мегӯяд набераи вай Эраҷ

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Снег — барф, часы — соат, хлеб — нон: маҳз аз ҳамин калимаҳо Садриддин Саидмуродзода омӯзиши забони русиро сар карда буд.

Он вақт устод 14 сол дошт. Пас аз чанд сол Садриддин Айнӣ — ассогузори адабиёти советии тоҷик шуд.

Имсол 140-солагии Айниро дар Тоҷикистон ба тантана таҷлил карданд.

Айнӣ 27 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи Бухоро дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба илмомӯзи ва шеър шавқу рағбат дошт. Баъзан бо ҳамсолонаш байтбарак мекард. Каме нагузашта худ ба шеърнависӣ сар карду нависанда ҳам шуд. Ин кӯдаки хурдсол дар ояндан яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷик шуд.

Бо солшумории пешин зодрӯзи Айнӣ 15 апрел аст.  Барои ҳамин дар Тоҷикистон асосан чорабиниҳо бахшда ба зодрӯзи адиби бузург ҳафтаи гузашта баргузор шуданд. Дар Иттифоқи нависандагон, Фарҳангистони улум, Китобхонаи миллӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи адиб ҳамоишҳои илмӣ баргузор шуд, ки дар он меҳмонон аз хориҷи кишвар низ ширкат доштанд.

Дар арафаи ҷашни Айнӣ, хона —музейи вай дар Душанбе таҷдиду тармим гардид.

Нигаҳдорандаи мероси адабии Садридин Айнӣ наберааш Эраҷ Айнӣ аст. Вай раиси Бунёди адабии ба номи Айнӣ аст.

"Ҳоло намуди зоҳирии биноро таъмир карданд: бом, намои иморат, роҳи сангфарши назди ҳавлӣ, деворҳо.Бори аввал дар 40 соли ташкилшавии музей  лавҳаи ёдгорӣ  насб карданд. Ҳукумати шаҳри Душанбе ба мо ваъда додааст, ки давраи дувуми таъмиру тармими музей идома хоҳад ёфт. Мебеле, ки бобоям аз он истифода мебурд, аз таъмир бароварда хоҳад шуд. Лавҳаи китоб ва дастнависҳо ва асбоби рӯзгори бобоям, ки дар он нигоҳ дошта мешуд, таъмир карда мешаванд",- гуфт ба Sputnik Тоҷикистон набераи Айнӣ.

Парк культуры и отдыха имени Садриддина Айни после реконструкции - Sputnik Тоҷикистон
Саҳми Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ: дар Душанбе ҳамоиши илмӣ доир мешавад

Гуворост, ки хотири нависандаи буругро на танҳо дар Тоҷикистон гиромӣ медоранд. Дар Рязан "Нашриёти Айнӣ" ифтитоҳ шудааст, ки мақсад аз он мусоидат ба омӯзиши мероси адабии ҳам тоҷикӣ ва русӣ мебошад.

"Нашрияи мо мунтахаби зебои ашъори Сергей Есенинро муниташир кард. Китоб дар ҷашнворае дар соли 2017 дар бахши "Гуфтугӯи фарҳангҳо" ҷойи аввалро гирифта буд. Мунтахаби ашъори Есинен бо тарҷумааш ба забони тоҷикӣ, ки шоири машҳур Лоиқ Шералӣ анҷом додааст, мунташир шудааст",- мегӯяд роҳбари нашрия адиби тоҷиктабори рус Аликсей Афғонов.

Нашрия мақсад дорад, ки дар оянда китоби адиби машҳури тоҷик Аҳмади Донишро, ки "Сайри Бухоро то Петербург" ном дорад бо ду забон тарҷума кунад.

"Ҳамчунин нақша дорем, ки мунтахаби осори Максим Горкийро  бо забони тоҷикӣ ва русӣ мунташир кунем. Китоби "Ёддоштҳо"-и Садриддин Айнӣ ҳам мунташир хоҳад шуд", — афзуд вай.

Тобистони соли 2017 ҳангоми таҷдиду тармими боғи Садриддин Айнӣ,  оромгоҳи чанде аз намояндагони машҳур, аз ҷумла марқади писари Садриддин Айни — Камол Айниро ба оромгоҳи Лучоб кӯчониданд.

"Интиқоли марқад аз як макон ба макони дигар барои наздикони марҳум ҳамавақт аламовар аст. Аз тарафи дигар боғи Айнӣ пас аз таъмир ба як макони зебои фароғатӣ барои сокинони Душанбе табдил ёфт. Оромгоҳи Лучоб, ки мақбараҳои шахсонаи барҷастаи миллат ҷой дода шудааст, ободтар гаштааст", — мегӯяд Эраҷ Айнӣ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в парке культуры и отдыха имени Садриддина Айни после реконструкции - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Боғи устод Айниро бозкушоӣ кард

Ба мероси адабии Айнӣ дар тамоми ҷаҳон баҳои баланд медиҳанд."Одина"-ро қадами аввал дар роҳи адабиёти муосири тоҷик медонанд. "Дохунда", "Марги судхӯр", "Ёддоштҳо" ва дигар асарҳои Айни намунаҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Ба номи Садриддин Айнӣ ноҳия, театр, кӯчаҳо дар Душанбе ва хориҷ аз кишвар- Узбакистону Русия ва донишгоҳ дар Тоҷикистону Узбакистон номгузорӣ шудааст.  Муҷассамаи Айнӣ дар Душанбе ва Самарқанд қомат афрохтааст. Айнӣ аввалин қаҳрамони Тоҷикистон аст ва акси вай дар пули 5-сомона ҳам дарҷ гаштааст. Ҳатто ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон-Эйр" номи Айниро зинда нигоҳ медоранд.

Лентаи хабарҳо
0