11:50 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Асъори Чин, акс аз бойгонӣ

Вартаи бӯҳрони қарз ба Тоҷикистон таҳдид мекунад ё чаро Чин ба Осиёи Марказӣ вом медиҳад?

© Sputnik / Alexander Yuriev
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
176 0 0

Қарзи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назди Чин меафзояд, оё имконпазир аст, ки қарзгириро давом дод, ё ин ки қарздоронро варшикаст таҳдид мекунад

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik, Вадим Попов. Тоҷикистон дар байни кишварҳое афтод, ки осебпазирии молиявии онҳо аз рӯи ӯҳдадориҳояшон дар назди Чин, рӯз ба рӯз зиёд мешавад.

Коршиносон аз Center for Global Development (ИМА) сиёсати сармоягузории ҶХЧ-ро омӯхта, маълум кардаанд, ки кишварҳои Осиё, Африқо ва Аврупо аз чиниҳо 8 триллион доллар қарздор шудаанд.

Тоҷикистон ҳамроҳ бо Қирғизистон, Ҷибутӣ, Лаос, Молдив, Муғулистон, Черногория ва Покистон дар гурӯҳи хатар қарор гирифтааcт.

Тоҷикистон чигуна аз Чин қарздор шуд?

Қарзи умумии Тоҷикистон аз Чин 1,2 миллиард доллар аст (беш аз 20% ММД). Маблағи умумии қарзи беруна аз 1 апрели соли 2018 ба 2,859 миллиард доллар баробар буд. Аксарияти ӯҳдадориҳои Тоҷикистон — ин қарзи давлатӣ аз рӯи эътиборҳои "марбута" мебошад.

Дар ивази васоили молӣ, Тоҷикистон вазифадор аст, ки коло интиқол диҳад, назоратро аз болои конҳо таъмин кунад ва дигар шартҳои созишномаро, аксаран бидуни суданд, ба анҷом расонад.

Ҳамин тариқ, дар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2", Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати чинии ТВЕА ҳуқуқи истихроҷи тилло аз кони "Кумарги Боло"-ро дод. Чиниҳо ба кон то замоне, ки Тоҷикистон 331 милллион доллари қарзро барнагардонад, соҳибӣ хоҳанд кард.

Қисми зиёди эътиборҳое, ки ҶХЧ ба Тоҷикистон додааст, ин ё он тавр ба саноати кӯҳӣ канданиҳои фоиданок алоқаманд аст. Ин маблағҳо ба лоиҳаҳои инфрасохторие, ки барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ заруранд, равона карда шудааст. Аммо коршиносон истисно намекунанд, ки ҳаҷми афзоиши сармоягузориҳои мустақим дар бахшҳои муҳими стратегӣ, метавонад Тоҷикистонро ба вобастагӣ аз ҳамсояи пурқудраташ гардонад.

Қирғизистон - ҳамдаму ҳамтақдири мо аз рӯи бадбахтии қарзӣ аст

 Чунин вазъият дар Қирғизистони ҳамсоя низ ба вуҷуд меояд. Қарзи давлатии берунаи Қирғизистон аз Чин (Эксимбанк ҶХЧ) 1 миллиарду 709 миллион долларро дарбар мегирад. Аз он 386 миллион доллараш барои таҷдиди Маркази барқу гармидиҳии пойтахти кишвар гирифта шудааст.

Дар тӯли 10 соли охир қарзи ҷумҳурӣ дар назди Чин тақрибан 200 маротиба афзудааст. Моҳи марти соли равон сафири Чин дар Қирғизистон Сяо Синхуа эълом дошт, ки қарз аз рўи созишномаҳо пардохт хоҳад шуд, вале масъалаи ихтисори онро бошад, ҷониби чинӣ баррасӣ нахоҳад кард.

Шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз вазъияти бавуҷудомада сахт нигаронанд. Нафароне, ки бетафовут нестанд, изҳори ташвиш мекунанд, ки қарздеҳ метавонад қитъаи заминро бар ивази воми худ гирад. Барои он, ки аҳолии иқтисодан фаъол — 2,5 миллион қирғизистониҳо — қарзи давлаташонро ба ҶХЧ пардохт намояд, ҳар як шахс бояд 680 доллар диҳад. Пешниҳоди фаъолон барои "партофтани" пул, ҷамъияти Қирғизистонро ба ларза оварда буд. Дар ҳамин ҳол, қарзи Чин соат ба соат меафзояд.

Бо қарздорони Чин чӣ рух медиҳад?

Чин лоиҳаҳоро дар 68 давлати дунё маблағгузорӣ мекунад. Сарфи назар аз он, ки қобилияти пардохткунии бисёре аз қарзгирон дар ҳоли хеле табоҳ аст, Чин боз ҳам ба онҳо вом медиҳад. Сабаби ин гуна саховатмандӣ дар чист?

Аз як тараф — ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар ҳақиқат сармоягузорӣ барои амалисозии лоиҳаҳои сершумори муҳим кофӣ нест ва Чин, ки захираҳои молиявии бузург дорад, метавонанд ба онҳо кӯмак расонад. Аз ин рӯ, ҳукуматҳои маҳаллӣ бо сари таъзим ба назди сармоягузорони Чин мераванд. Аммо аз тарафи дигар мушкилӣ дар он аст, ки Чин ба захираҳои табиӣ ниёз дораду ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ на бо далели алҳаётӣ  сармоягузорӣ мекунад: роҳҳо ва бандарҳо барои содирот ва интиқоли минбаъдаи ашёи хом ба ҶХЧ заруранд.

Мисоли возеҳи ин таърихи бандари Хамбантотаи Шри Ланка шуда метавонад. Мувофиқи иттилоъи Сандуқи байналмилалии пул, қарзи берунии ин кишвар дар охири соли 2017-ум 48,3 миллиард доллар ё зиёда аз 80 фоизи ММД-и онро ташкил медод. Ҳиссаи ҶХЧ аз он тақрибан 8 миллиард доллар аст.

Мақомоти Шри-Ланка натавонистанд қарзи Чинро саривақт пардохт кунанд ва дар натиҷа бандари муҳимтарини худ Хамбантотаро ба муассисаи давлатии China Merchants Port Holdings доданд. Акнун бастаи назоратии саҳмҳои ширкати идоракунии "Хамбантота" ва худи бандар ба чиниҳо тааллуқ доранд. Шартномаи иҷораи он ба мӯҳлати 99 сол имзо шудааст.

Бо ин роҳ, танҳо як қисми хурди қарз пардохт шудаасту, халос. Чин танҳо 1,1 миллиард доллари онро ихтисор кардааст. Коршиносон ин вазъро "қапқони қарзӣ" номидаанд.

Хамбантота иншооти муҳим барои амнияти барқии ҶХЧ ба ҳисоб меравад. Бандари амиқоб дар наздикии роҳҳои тиҷорати ҷаҳонӣ, ки тавассути Уқёнуси Ҳинд мегузаранд, воқеъ буда, аз се ду ҳиссаи нафти содиротӣ бо хатсайрҳои на аз он дур интиқол дода мешаванд.  

Барои ҳифзи роҳҳои тиҷоратӣ Чин ба пойгоҳҳои ҳарбӣ ниёз дорад. Майдонҳои барои онҳоро низ метавон аз ҳисоби қарзи пардохтнашуда ба даст овард.

Ҳамин тариқ, таҳлилгарон пешбинӣ мекунанд, ки чиниҳо метавонанд идораи бандари ҷазираи Эспириту-Санто дар кишвари Вануатуро ҳам зери дасти худ гиранд. Барои сохтмони ин ва дигар иншоотҳо ҶХЧ ба Вануату эътибор дар ҳаҷми 270 миллион доллар ироа намудааст, ки ин нисфи қарзи берунаи давлати ҳавзаи уқёнуси Ором ё тақрибан сеяки ММД-и онро ташкил медиҳад. Дар масофаи 2 ҳазор километр аз Австралия метавонад пойгоҳи ҳарбӣ-баҳрии Чин пайдо шавад.

Нигарониҳои таҳлилгарон беасос нестанд. Чин аллакай дорои пойгоҳи ҳарбии хориҷӣ аст, ки аз бар ивази қарзи додашуда ба кишвари Ҷибутӣ дар "Шохи Африқо!", гирифта шудааст. Қарзҳои умумии ин кишвари африқоӣ ба нисфи ММД расидааст. Тавре аз ҷониби Center for Global Development пешгӯӣ шудааст, ҳиссаи Чин дар қарзи давлатии Ҷибутӣ дар ояндаи наздик аз 82 то 91% афзоиш хоҳад ёфт. Пойгоҳ дар наздикии раги ҳамлу нақли марзи байни Осиё ва Аврупо ҷойгир аст.

Соли 2015 ҳукумати Покистон ба ширкати давлатии чинӣ China Overseas Port Holding бандари Гвадарро ба муддати 43 сол бароии таъсиси "минтақаи махсуси иқтисодӣ" дода буд. Исломобод қариб 16 миллиард доллар аз Пекин қарздор аст. Ин муомила ба ҶХЧ 91%  фоидаро аз даромади бандарро медиҳад, бар замми ин боз 85% даромадҳои худро "минтақаи озод" ба Чин пешниҳод мекунад. Бандари Гвадар яке аз иншоотҳои муҳимтарин дар муносибатҳои Чин бо Шарқи Наздик ба ҳисоб меравад. Даҳлези Покистон барои осонии кори гулӯгоҳи Малакӣ офарида шуда, ки тавассути он дар ҳоли ҳозир зиёда аз 80 дарсади нафти содиротии ҶХЧ интиқол меёбад.

Соли 2002-юм ҳукумати ҶХЧ қарзҳои Афғонистонро ихтисор карда буд. Мувофиқи маълумоти расмӣ, ҶХЧ мехоҳад бар зидди бӯҳроне, ки дар натиҷаи ҳукмронии гурӯҳчаҳои ҳаракати "Толибон" ба вуқӯъ омада буд, ва сипас маъракаи зиддитеррористии амрикоӣ гузаронида шуда буд, мубориза барад. Маблағи дақиқи қарзҳои ихтисоршуда ошкор намешавад.

Чин аз соли 2000 то 2009 қарзҳои 35 давлати Африқоро дар ҳаҷми 2,85 миллиард доллар ихтисор кардааст. Дар соли 2007 қарзҳои 49 кишвари аз ҳама ақибмонда ва камбизоаттарин дар Осиё, ҳавзаи баҳри Кароиб ва Уқёнуси Оромро ихтисор кард. Қарзҳои Муғулистон бахшида шуданд. Шартҳои мушаххаси бисёр амалиётҳо то ба ҳанӯз номаълуманд.

Оё Осиёи Марказӣ аз густариши Чин бояд тарсад ё на?

Ба вазъи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргашта, лозим ба тазаккур аст, ки ҳукуматҳои ҷумҳуриҳо аҳолии худро бар он бовар мекунонанд то бидуни гирифтани эътибор чархиши иқтисод номумкин аст.

Ҳамин тариқ, муовини якуми мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мешуморад, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна густариши сиёсати Чин дида намешавад, танҳо муносиботи дӯстона ва шарикии стратегӣ вуҷуд доранду, халос.

Дар навбати худ, раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба унвони як тафохур қайд мекунад, ки сармоягузории хориҷӣ барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар саросари ҷаҳон, ду баробар зиёдтар аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ аст. Дар айни замон, ҳисси сармоягузориҳо дар саноати канданиҳои фоиданоки Қазоқистон 34% аз ҳаҷми умумӣ ва 23% аз иктишофи заминшиносиро ташкил медиҳад.

Сардори шӯъбаи иқтисодии Донишгоҳи кишварҳои узви ИДМ Аза Мигранян бар он бовар аст, ки барои чиниҳо назорати сиёсӣ аз болои минтақаи Осиёи Марказӣ лозим нест. Онҳо ягона чизеро, ки мехоҳанд, ин бартарии рақобатпазирӣ дар бозори захоири табиӣ аст. Коршинос амалҳои роҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказро ба зарурати рушд рабт дода, таъкид мекунад, ки иқтисоди Осиёи Марказӣ дар ҳақиқат ба захоири молӣ ниёзи азим дорад.

Аммо на ҳама ин хӯшбиниро мепазиранд

Мудири Маркази омӯзиши кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Семён Багдасаров чунин мешуморад, ки Чин нақшаҳои дурандешона дар нисбати Осиёи Марказӣ ва наздиктарин ҳамсоягони онро дорад. Ӯ бар он бовар аст, ки аз ҶХЧ набояд камтар аз ИМА нигарон буд.

"Чин ба марҳилаи дуввум — густариши низомӣ гузаштааст. Онҳо барои мо шарик набуданду нестанд. Агар ҳолате ба вуқӯъ ояду, моро нобуд карданӣ хоҳанд, чиниҳо инро бо хушнудии том на камтар аз амрикоиҳо ба анҷом мерасонанд", — гуфт Семен Багдасаров дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҳамчунин Тоҷикистон ва ҳамсояҳои онро аз вобастагии қарзӣ огоҳ мекунанд.

Сандуқи байналмилалии пул моҳи ноябри соли 2017 тасмим гирифт то сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон каме боло барад. Чунин тасмим дар робита ба вайрон кардани меъёрҳои нишондоди қарзи давлатии ҷумҳурӣ гирифта шуда буд.

Мутахассисони Сандуқи байналмилалии пул ПУЛ ба қарздорон тавсия медиҳад то ислоҳоти андозӣ-буҷавӣ гузаронанд, ки истеҳсолотро баланд бардошта, ба рушди сармояи инсониву ҷисмонӣ мусоидат кунад.

"Ниҳоят муҳим аст, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо даромади кам, қобилияти сиёсати андози худро баланд бардоранд. Ин ба онҳо имкон медиҳад то пардохти қарзҳои худро таъмин кунанд… Ва муҳим нест, ки фаъолиятҳои иқтисодии бе ин ҳам пешрави худро ҳавасмандтар кунанд", — гуфта мешавад дар гузориши вижаи Бунёди "Пойиноварии сатҳи баланди қарз".

Роҳбари Сандуқи байналмилалии пул Кристин Лагард дар Анҷумани байналмиллалии иқтисодии Санкт-Петербург суханронӣ намуда, қайд кард, ки сатҳи баланд ва вазнинии қарзҳои давлатии кишварҳои соҳибистиқлол ва корпоратсияҳо, ба андозаҳои бесобиқа расидаанд. Алъон ин тақрибан 162 триллион доллар, ё 220%-и ММД-ро ташкил медиҳад, ки аз нишондоди давраи баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бештар аст — ва ин ниҳоят нест.

Дар Сандуқи байналмилалии пул қайд мекунанд, ки ғайр аз қарз, арзиши хидматрасонии он ҳам афзоиш меёбаду, эътибор гирифтан боз ҳам мушкилтар мешавад. Дар ин авзоъ пешниҳодоти Чин ҳамчун наҷот пазируфта мешавад. Танҳо умедвор шудан даркор аст, ки ғарқшудагон боз рӯи об мебароянду, ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони худ ба қаъри он намераванд.

Барчаспҳо:
кони тилло, қарз, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ