04:35 21 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Зани мусолмоне дуо мекунад, акс аз бойгонӣ

Я скоро приеду в Таджикистан: холаи Ҳувайдо аз охирон сӯҳбат, модари маризу ваъда аз Русия

Mukhtar Khan
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
549 0 0

Бунафша Содиқова мегӯяд, бори охир бо Ҳувайдо тариқи занги видеоӣ сӯҳбат карда буд. Ҳувайдо мегуфт, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон меравад ва хело пазмони наздиконаш шудааст

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ҳодисаи куштори фоҷеабори духтараки панҷсолаи  тоҷик дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав  ҷомеаи Тоҷикистон ва Русияро такон дод.  Шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз вокунишу марсияҳои корбарони интернет  дар ҳаққи Ҳувайдои хурдакак аст.

Чанд наворе, ки дар он доду фиғони падару модари Ҳувайдо нишон дода мешавад, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ларза овардааст. 

Аз зиндагӣ дар Русия розӣ буданд

Sputniк Тоҷикистон аз холаи Ҳувайдо аҳволи хонаводаро пурсон шуд.

Холаи  Бунафша Содиқова  дар бораи хонаводаи Ҳувайдо, охирон сӯҳбат бо духтарак, бемории модараш ва ваъдаи некхоҳон аз Русияву Тоҷикистон  гуфт.

Никоҳи модари Ҳувайдо — Нигина Саидова бо падараш Абдусалом Саидов  дувум будааст. Онҳо  чор фарзанд — се фарзанди якҷоя ва як духтари 12-солаи  Нигина Саидоваро аз шавҳари аввалааш тарбия мекарданд.

Ба гуфтаи холаи Ҳувайдо, падараш дар шаҳри Серпухов  майдакор буд — дар чанд ҷо кор мекард. Модараш пас аз таваллуди фарзад хонашин буд.

"Мо бо хонаводаи хоҳарам тариқи Вайбер зуд- зуд иртибот мегирифтем. Сӯҳбатҳои видеоӣ мекардем. Ба назар хурсанд буданд ва аз зиндагӣ дар Русия розӣ буданд", —  мегӯяд вай.

Ҳувайдо

Ҳувайдое, ки ҳамакнун аксҳояш дар тамоми интернет паҳн шудаву чеҳрааш ба ҳама ошно гаштааст, тифли оддӣ буд: панҷ сол дошт, мисли ҳамсолонаш  бозӣ мекарду боғча мерафат.

Ҳувайдо дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Волидон ӯро бо худ ба Русия бурданд.  Тайи панҷ соли зиндагӣ дар Русия забони русиро пурра омӯхт ва тоҷикиро қариб намедонист.

Дар охирон сӯҳбат бо наздикон, Ҳувайдо гуфтааст, ки ба наздики ба Тоҷикистон меравад ва хешовандонашро пазмон шудааст.

"Ҳангоми сӯҳбати ахирон ӯ чун ҳамеша хурсанд буд. Ба наздикӣ ба Тоҷикистон меравам, шуморо ёд кардам, гуфт. Мо гуфтем, ки биё туро интизорам. Аз куҷо медонистем, ки дар ҳақиқат ба наздикӣ меояд, вале бо пойи худ не", — мегӯяд бо андӯҳ вай.

Фоҷиа модарро аз пой афтонд

Ба гуфтаи Бунафша Содиқова, вазъи саломатии модари Ҳувайдо пас аз марги фарзанд бад шуд.  Чанде пеш ӯро ба бемористон бурданд, вале барои ду тифли ширхораш ба хона овардаанд.

"Пеш аз омадан дар Маскав барои оромии асабҳояш сӯзандору гузаронида буданд. Нигина баъди рафтани таъсири доруҳо якбора аз пой афтод. Фишораш баланд ва дидлаш тез мезанад. Дар хона табобат мекунем",  — мегӯяд вай.

"Ду тифли ширхор дорад. Пас аз Ҳувайдо як духтари маъюб таваллуд карда буд.  Дигар наметавонистем ӯро дар бемористон монем", — афзуд вай.

Аз Ҳукумати Кӯлоб касе наомад

Холаи Ҳувайдо мегӯяд,  тамоми маъракаи азодорӣ дар хонаводаи модари Ҳувайдо мегузарад. Падару модари Абдусалом Саидов дар қайди ҳаёт нестанд ва онҳо дар Кӯлоб хонаи алоҳида надоранд.

" Онҳо дар Русия кор карда, мақсад доштанд, ки дар Кӯлоб хона харанд, аммо ин фоҷиа рух дод. Ҳоло шароиташон бад аст, ва  ба кӯмак ниёз доранд", — гуфт вай.

Ба гуфтаи вай, намояндагони Ҳукумати шаҳр ба хонаводаи онҳо кӯмаки моддие нарасонидаанд ва таъзия баён накардаанд.

"Аз мақомоти милиса омаданд ва таъзия баён карданд. Вале то имрӯз намояндаи Ҳукумати Кӯлоб ба манзили мо наомаданд ва ё кӯмаке нарасонидаанд, — гуфт вай.

Ваъда аз Русия

Ба гуфтаи Бунафша Содиқова, ихтиёриёне аз ҷомеаи Русия занг зада, аз падари Ҳувайдо даъват кардаанд, ки ба Русия баргардад.

"Аз Русия занг заданд, ки падари Ҳувайдо ба Русия баргардад ва барояш вакиле бепул хизматрасонӣ хоҳад кард. Ҳоло намедонам, ки бармегарданд ё не", — афзуд вай.

Ҳамчунин чанд нафар аз Тоҷикистон ба холаи Ҳувайдо занг зада гуфтаанд, ки омадаанд  кӯмаки моддӣ расонанд.

Семин — гумонбари асосӣ

ВУД Русия  бо далели куштори Ҳувайдо парвандаи ҷиноӣ боз кард.  Александр Сёмин — муттаҳами асосӣ дар куштори духтарак аст. Тафтишот идома дорад ва Сёмин ба мӯҳлати ду моҳ дар ҳабси пешакӣ аст.

Чанде пеш ВУХ Тоҷикистон ба Русия ёддошт равон карда, аз мақомоти Русия  даъват намудааст, то  тафтиши комили  ҷинояти ваҳшиёна, ки  нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад.

Сенатори рус Елена Мизулина аз додситои кулли Русия хоҳиш дорад, ки қазияро зери назорати худ бигирад.

Барчаспҳо:
куштор, Ҳувайдо, Вайдо, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ