13:26 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Игрушки Вайды

Қазияи куштори Ҳувайдо: Сёмин дар бемористони рӯҳӣ, холааш ҳимоягар -тафтишот идома дорад

© Sputnik
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
540 0 0

Додгоҳи шаҳрии Серпухови вилояти Маскав мӯҳлати ҳабси пешакии Александр Сёминро то як моҳи дигар тамдид кард. Онҳое, ки мехостанд зудтар хабари ҳукм гирифтани муттаҳамро шунаванд, аз хабари дар бемористони руҳӣ будани вай сахт шигифтзада буданд. Аммо ба гуфтаи муфаттиш ва вакили хонаводаи Ҳувайдо интиқоли Сёмин ба бемористон зарурати тафтишотӣ буд

ДУШАНБЕ, 21 сен – Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар рафти маҷлиси додгоҳии парвандаи куштори Ҳувайдо – духтараки панҷсолаи тоҷик, ки фоҷиабор кушта шуд, иштирок кард ва кӯшиш намуд ба ин масъала рӯшанӣ андозад.

Роҳи дароз

Аз Маскав то Серпухов қариб 100 км роҳ аст, вале қариб ҳар соат то шаҳр қатор мераваду метавон қариб дар ду соат ба шаҳр расид. Аммо ин дафъа роҳи ман аз Маскав не, аз шаҳри Обнинск сар мешуд, ки Серпухов наздиктар аст. Аз Обнинск қатор ба Серпухов намеравад, автобусҳо ҳам дер-дер мераванд, маҷбур бо таксӣ ба Серпухов равон шудам.

Автовокзал в городе Серпухов
© Sputnik
Автовокзал в городе Серпухов

Дар вокзали шаҳр падари Ҳувайдо маро пешвоз гирифт. Барои оғози маҷлис 2 соат вақт буд, барои ҳамин ба манзиле рафтем, ки дар он Ҳувайдо бо волидонаш зиндагӣ мекарду ҳоло падару модараш бо додараки хурдакиаш меистоданд.

Манзил кӯҳна, вале  пур аз хушбахтӣ буд

Манзили онҳо қариб дар канори шаҳр дар биноҳои зоҳиран кӯҳна будааст: бинои дуошёна буд, вале дар наздаш майдончаҳои кӯдаконаи ободу зебое буданд, ки дар яке аз онҳо Ҳувайдо доим бозӣ мекардааст.

Детская площадка на которой играла Вайда
© Sputnik
Детская площадка на которой играла Вайда

Манзили иҷораи хонаводаи Абдусалом аз ду ҳуҷра иборат буда, модари Ҳувайдо дар яке аз онҳо писараки даҳмоҳааш Идрисро нигоҳубин мекард. Зан гуфт, ду сол мешавад, ки дар ҳамин кӯча зиндагӣ мекунад. То ҳамон рӯзи фоҷиа дар манзили фарсуда бошад ҳам, хушбахтона зиндагӣ мекард,  аммо...

Ҳувайдо кӯдаки беғубор буд

“Пас аз Тоҷикистон омадан пӯшокҳои Ҳувайдоҷонро шустам”, гӯён ба гап даромад  Нигина.

Дар кунҷи хона бозичаҳои духтарак меистоданд. Модар аз фарзанди гумкардааш ёдовар мешуду оби чашмаш мерехт.

“Ҳувайдо бо ҳама дӯст буд, бо ҳама бозӣ мекард. Сагу гурбаро аз ҷон бештар дӯст медошт.  Дар ин маҳалла ҳама духтаракон дӯсташ буданд. Ҳамон рӯзи шум ҳам, Вайдо ба хонаи як дӯсташ рафта, ӯро ба бозӣ даъват кардааст, аммо то баромадани духтарак аллакай духтарам гум шуда буд”, - бо нола ёдовар мешуд зан.

Пас аз чанде ба додгоҳи шаҳри Серпухов рафтем. Назди додгоҳ чанде аз дӯстону наздикони Абдусалом Саидов, намояндаи консулии Тоҷикистон дар Русия ва ду зани рус-ҳамсояҳои хонаводаи Ҳувайдо ҷамъ омада буданд.

Соседи пришли поддержать семью Вайды
© Sputnik
Соседи пришли поддержать семью Вайды

Лариса Владимировна ва Елезавета Николаевна ҳам Ҳувайдоро ёд мекарданд.

“Мо духтаракро аллакай 5 сол аст, ки мешиносем. Ӯ дар назди чашмони мо калон шуда буд. Духтараки гапдаро буд, аз ҳамон маҳаллаи хурдакакамон берун намешуд,  баъди гум шудани Вайда ӯро ҳамакаса кофтем, аммо мутаассифона кор аз кор гузашта буд”, - гуфтанд онҳо.

Эълон карданд, ки маҷлиси догоҳӣ баъди каме сар мешавад. Ба бинои додгоҳ волидони Ҳувайдо, намояндаи консулгарии Тоҷикистонро иҷозат доданду халос. Аз дӯстоне, ки дар гирди бино суд ҷамъ омада буданд, кормандони милиса хоҳиш карданд, ки пароканда шаванд.

Друзья семьи рядом со зданием суда в Серпухове
© Sputnik
Друзья семьи рядом со зданием суда в Серпухове

Муфаттиш чӣ мегӯяд? Холаи Сёмин  ҷиянашро тарафгирӣ  мекунад?

Вақте ки интизори саршавии маҷлис будем, муфаттишро вохӯрдам. Аз фурсат истифода бурда, чанд саволеро, ки доштам, аз вай пурсон шудам. Пеш аз ҳама пурсон шудам, ки чаро Сёмин дар бемористони рӯҳӣ аст.

Александр Паршин, муфаттиши калони Кумитаи тафтишотӣ дар шаҳри Серпухов гуфт, фиристодани Александр Сёмин ба пажӯҳишгоҳ  аз зарурати тафтишот буд. Ба гуфтаи вай, ташхис ба анҷом расидааст ва ба наздикӣ бояд Александр Сёмин ба боздоштгоҳ оварда шавад.

“Оё рост аст, ки холаи Сёмин ӯро рӯйпӯш мекунад”, - пурсидам ман.

“Холаи Сёмин Самохина Елена вакили ӯст. Қонунгузорӣ вакил шудани хешони гумонбарро манъ намекунад”, - қайд кард вай.

Маҷлиси догоҳӣ бидуни гумонбар

Маҷлиси додгоҳӣ баъди соати сеи рӯз сар шуд. Ба толор танҳо намояндаи расонаҳо , волидони Ҳувайдо, вакилон ва муфаттишро роҳ доданд. Додситон ва ду вакили Сёмин дар назди панҷарае менишастанд, ки ҷойи муттаҳам буд.

Додгоҳ аз додситон, вакилони ду ҷониб ва муфаттиш пурсон шуд, ки оё барои гузаронидани маҷлиси бидуни муттаҳам зид нестанд. Ҳар яке “зид нестам” гӯён посух доданд.

Ташхис омода нест

Додгоҳ аризаи муфаттишро дар бораи тамдид кардани мӯҳлати боздошти Сёмин то як моҳи дигар баррасӣ мекард.

Паршин дар назди суд тавзеҳ дод, ки бо кадом далел ариза пешниҳод кардааст.

“Аз ҷониби муфаттишони Кумитаи тафтишотии Русия дар шаҳри Серпухов мӯҳлати тафтишоти пешакӣ як моҳи дигар тамдид карда шуд, ки он то рӯзи 22 октябр мебошад. Мӯҳлати ҳабси пешакии Сёмин рӯзи 22 сентябр ба анҷом мерасад, аммо то ин рӯз тафтишоти пешакиро наметавон ба анҷом расонд.  Аз додгоҳ хоҳиш мекунам, ки мӯҳлати ҳабси пешакӣ низ тамдид карда шавад. Муттаҳам бемор нест, барои дар боздошт мондан асос дорад, ӯ дар содир намудани ҷинояти махсусан вазнин муттаҳам мешавад, барои ҳамин мӯҳлати ҳабси вай ҳам тамдид гардад”, - гуфт Паршин.

“Сёмин бояд озод шавад: муттаҳам гуноҳашро ба гардан нагирифтааст “

Муттаҳамро ду вакил ҳимоя мекарданд, ки яке аз онҳо холааш буд. Вақте ки суд суханро ба онҳо дод, Владимир Криченко аз додгоҳ талаб кард, ки Сёмин аз ҳабси пешакӣ озод шавад.

“Зерҳимояи мо Сёмин Александр дар даст доштан ба ин гуноҳ иқрор нашудааст, далелҳо басанда нестанд, барои ҳамин хоҳиш мекунем, ки суд  аризаи муфаттишро рад кунад ”, - гуфт вай.

Холаи муттаҳам ҳам гуфт, ки фикри ҳамкасбашро ҷонибдорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, вакили хонаводаи Ҳувайдо ба додгоҳ гуфт, ки далелҳо  барои ҳабси пешакии муттаҳам басанда мебошанд ва Сёмин бояд дар ҳабс монад. Додситон ҳам ҳамин талабро кард.

“Ба гуноҳи худ иқрор нашудани муттаҳам Александр Сёмин  далели аз ҳабси пешакӣ озод шудани вай намешавад”, - гуфт додситон.

Додгоҳ қарор қабул кард, ки мӯҳлати ҳабси пешакии Александ Сёмин то як моҳи дигар тамдид карда шавад.

"Мо ба Сиёмин сахттарин муҷозот - ҳабси абадро талаб мекунем"

Маҷлиси додгоҳӣ тамом шуд. Дар назди додгоҳ чанде аз тоҷикони Серпухов, наздикону дӯстони Абдусалом Саидов ва нафароне ки ба ин қазия бетарф набуданд, интизор буданд.

Вакил будани холаи Сёмин ва дар бемористони рӯҳӣ будани вай онҳоро сахт шигифтзада карда буд.  Аз вакили хонаводаи Ҳувайдо Олга Михайловна пурсон шудам, ки Сёмин то кай дар Пажӯҳишгоҳи Сербский мемонад ва оё вакил будани холаи муттаҳам дар мурофиаи додгоҳӣ қонунист.

Юрист Ольга  Устюжанина
© Sputnik
Юрист Ольга Устюжанина

Олга дар посух гуфт, ки Сёмин аз охири моҳи август барои супурдани 4 ташхис ба Пажӯҳишгоҳ интиқол дода шуд ва интизор меравад ба наздикӣ ба боздоштгоҳ баргардонида шавад.

“Ба гуфтаи муфаттиш, рӯзи 17 аз ташхиси равонӣ гузаштааст, ҳарчанд аниқ гуфта наметавонам, ки ҳоло Сёмин дар куҷост, лекин боварӣ дорам, ки ба наздикӣ ӯро ба СИЗО интиқол медиҳанд”, - гуфт вай.

Ба гуфтаи Олга қонунгузории Русия вакили мудофиа шудани наздикони муттаҳам ё ҷабрдидаро манъ намекунад. Аммо зан гуфт, ки  сахттарин муҷозот барои Александ Сёмин аз додгоҳ талаб кунад.

Арвоҳи Ҳувайдо қотилро ором намегузорад

Нигина Саидова ва  Абдусалом Саидов пас аз маҷлиси додгоҳӣ гуфтанд, ки умедворанд рафти тафтишоти парванда мувофиқи қонунгузории Русия ҷараён дорад.

Родители Вайдо в доме
© Sputnik
Родители Вайдо в доме

"Ман намехоҳам, ки Сёмин зерҳимояи холааш Самохина Елена бошад. Фикр мекунам, ки ӯ ҷиянашро бо ҳар роҳ озод кардан мехоҳад. Аммо чигуна метавон қотилро озод кард? Ҳоло Сёмин дар беморхонаи рӯҳист, ман талаб карданиям, ки вай зудтар ба боздоштгоҳ баргардонида шуда, ба гуноҳаш иқрор шавад. Чаро ӯ то имрӯз гуноҳашро ба гардан нагирифтааст, намедонам. Шояд дар беморхона, ки ҳаст бозпурсӣ намешавад?", - нигарон мешавад Абдусалом.

“Мо фарзандамонро аздаст додем. Ягона умеди мо тибқи қонунгузории Русия муҷозот шудани қотили фарзандамон аст. Боварӣ дорам,  арвоҳи Ҳувайдои фаришта қотили ӯро ором намегузорад”, - гуфт Нигина Саидова.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи 23-юми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо карданд. Ба қавли мақомоти интизомии Русия, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида шуд. Бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатл Александр Сёмини 28-сола, яке аз ҳамсоягони хонавода дар вилояти Маскав дастгир шуда, дар ҳабси пешаки қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ