20:33 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Директор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов

Кобулов: чаро Русия дар муноқишаҳои Афғонистон бетараф бошад

© Sputnik / Владимир Астапкович
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
217 0 0

Афғонистон аз Амрико фарсахҳо дур аммо ба Русия наздик аст, инчунин дар пеш манфиатҳои миллии Русия ва кишварҳои дӯст ба он меистанд, ки бояд ҳимоя карда шаванд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар Афғонистон лагерҳои омӯзишӣ барои тайёр намудани ҷанговарон сохта истодаанд ва дар онҷо зодагони кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия низ ба таълимҳои размӣ фаро гирифта мешаванд, гуфт намояндаи махсуси раисҷумҳури Русия дар масоили Афғонистон, мудири депортаменти дуюми Осиёи Вазорати умури хориҷаи Русия, Замир Кобулов.

Дар арафаи 30-солагии баровардани артиши шӯравӣ аз Афғонистон, рӯзноманигори Sputnik бо Кобулов ҳамсуҳбат шуд.

– Талоши имрӯзаи Русия ва Амрико дар Афғонистон дар чист? 

– Русия баҳри мубадал гаштани Афғонистон ба як кишваре, ки дар он ҷо сулҳу оромӣ пойдор асту рушди иқтисодию истиқлолияти давлатӣ дида мешавад ва мардум аз терроризму маводи мухаддир озоданд, сиёсатҳои пайдарпай мегузаронад. 

Дар ин ҳол моро мебояд дар тайёр кардани мутахассисони миллии афғон чӣ дар соҳаҳои гражданӣ ва чӣ дар низомӣ даст ба кумак дароз кунем. Қайд кардан лозим аст, ки довталабони таҳсил дар Русия сол аз сол миёни шаҳрвандони афғон афзуда истодааст. Дар соли равон дар маҷмуъ 14 ҷой барои омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ дар Русия барои довталабони афғон ҷудо шуда буд. Дар соли оянда зиёд намудани миқдори ҷойҳо барои омӯзиши довталабони афғон бо маблағгузории Русия дар назар аст.

Ғайр аз ин мо кӯшиш мекунем то, ки дар Афғонистон оштии миллиро ба вуҷуд орем. 9-уми ноябр маҷлиси дуюми машваратии Маскав бо иштироки намояндагони Русия, Афғонистон, кишварҳои Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Покистон, гуруҳи “Толибон” ва “Шурои олии сулҳ”-и Афғонистон бо муваффақият баргузор гардида буд. Гуфтушуниди ғайрирасмии ҷонибҳои мухолиф дар Афғонистон баргузор гардид, ки мо инро қадами муҳим барои баргузор намудани гуфтушунидҳои расмӣ дар оянда медонем.

Участки влияния Талибана в Афганистане в промежутке с 2001 по 2018
© Sputnik / Асылбек уулу Данияр
Участки влияния Талибана в Афганистане в промежутке с 2001 по 2018

Тасмим дорем чунин гуфтушунидҳоро миёни ҷонибҳо зиёдтар ташкил намоем, чунки ин на танҳо барои оштиии миллӣ балки барои аз байн бурдани гардиши маводи мухаддире, ки аз дохили Афғонистон берун мешавад, хело зарур аст.

Дар бораи манфиатҳои Амрико дар Афғонистон фикр мекунам беҳтараш ин саволро ба худи амрикоиҳо диҳед. Мо дида истодаем, ки амрикоиҳо бо баҳонаи ба тартиб даровардани вазъ ва барпо намудани оштии миллӣ дар Афғонистон вориди ин кишвар шудаанд, аммо мутаасифона ин дар амал мушоҳида намешавад.

Амрико вақти зиёд дошт – 17 сол, то ки дар суботи Афғонистон кореро анҷом диҳад. Агар дар ёд дошта бошед, дар соли 2001 Толибон дар Афғонистон ягон фоизи кишварро зери назорат надоштанд, аммо имрӯз сухан дар бораи он меравад, ки ин гуруҳ 60 дар сади кишварро назорат мекунанд, ки ин натиҷаи мавҷудияти Амрико ва НАТО дар Афғонистон аст.

Афғонистон  аз Амрико фарсахҳо дур, аммо ба Русия наздик аст, инчунин дар пеш манфиатҳои миллии Русия ва кишварҳои дӯст ба он меистанд, ки бояд ҳимоя карда шаванд.

Мо ба Амрико ишора кардем, ки аз дасти онҳо чизе намеояд ва мо ба хотири минтақа баҳри ба тартиб даровардани вазъ дар Афғонистон баромад мекунем.

Чунки на танҳо кишварҳои ин минтақа, балки махсусан худи Афғонистон хоҳиши аз байн бурдани ин мушкилиро дорад.

– Шермуҳаммад Аббоси Станказӣ, роҳбари дафтари сиёсии ҳаракати “Толибон” баъди мулоқоти Маскав дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки 70 дар сади ҳудуди Афғонистон зери тасарруфи Толибон қарор дорад. Ин фисад то кадом андоза ҳақиқат дорад?

– Ин метавонад ҳақиқат ҳам дошта бошад. Бояд дар назар дошт, ки сухан дар бораи кадом вақти рӯз меравад. Агар дар шаб бошад шояд онҳо аз ин ҳам зиёдтарро зери назорати худ дошта бошанд, чунки дар ин вақт ҳукумати Афғонистон вуҷуд надорад.

Мо бояд мафҳуми назорат ва таъсирро аз ҳам ҷудо кунем. Ҳастанд мавзеъҳое, ки дар ҳақиқат таҳти назорати “Толибон” қарор доранд, аммо ҳастанд ҷойҳое, ки таъсири “Толибон” нисбати ҳукумат зиёдтар аст. Мардум ба додгоҳҳои “Толибон” муроҷиат мекунанд ва ба онҳо аз ҳукуматдорон дида эътимоди зиёдтар доранд.

Масъалаи иҳотаи “Толибон” вуҷуд дорад. Агар 17 сол пеш “Толибон” куҷоеро таҳти назорат надоштанд, имрӯз бошад мо дар бораи як фисади калон ҳарф мезанем. Анна акнун бояд донист, ки сари кадом масъала фикр кард.

– Чӣ метавонад ба ҷараёни пойбарҷокунии сулҳ дар Афғонистон мусоидат кунад? Бо дарназардошти болоравии таъсири “Толибон” дар Афғонистон гуфтушунид миёни онҳо ва намояндагони Амрико имкон дорад?

– Машваратҳои ғайрирасмӣ миёни “Толибон” ва намояндагони Амрико аллакай рафта истодаанд. Аммо “Толибон” аз гуфтушунидҳои бевосита бо ҳукумати Афғонистон худдорӣ кардаи стодаанд. Чунки онҳо аз ҳукумат талаби озоднамоии зиндониён, қатъи таблиғот бар зидди “Толибон” ва баровардани низомиёни хориҷӣ аз кишварро доранд. Ифтитоҳи гуфтушуниди расмӣ аз он вобаста аст, ки кай ҷонибҳо зери як парчам ба ҳам меоянд.

Калиди асосӣ барои ба даст овардани суббот ин боварии ҷонибҳо ба якдигар ва доштани ақидаҳои озоди сиёсӣ барои ба имзо расонидани истиқрори сулҳ мебошад.  

– Вазъи мавҷудият ва зиёдшавии гуруҳи ДОИШ дар Афғонистон чӣ гуна аст?

– Бадбахтона гуруҳи ДОИШ дар ҳудуди Афғонистон реша давонда истодааст. Мавҷудияти ДОИШ махсусан дар минтақаҳои шимол зиёд шуда истодааст. Айни ҳол аз рӯи маълумоти гуногун аз 3,5 то 10 ҳазор ҷангҷӯёни ДОИШ дар Афғонистон қарор доранд. Шумораи онҳо аз ҳама бештар дар музофотҳои Нангаҳор, Кунор ва Нуристон афзуда истодааст.

Дар Афғонистон лагерҳои омӯзишӣ барои тайёр намудани ҷанговарон сохта истодаанд ва дар онҷо зодагони кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия низ ба таълимҳои размӣ фаро гирифта мешаванд. Шумораи ДОИШ дар Афғонистон аз ҳисоби ҷанговарони “Толибон”, ки ба тарафи онҳо мегузаранд ва террористоне, ки аз Шарқи наздик бармегарданд зиёд шуда истодаанд. Тахмин мекунем, ки мақсади ДОИШ ин табдил додани шимоли Афғонистон ба майдони ҷанг барои ғасби кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.

– Сиёсат ва иқтисод бо ҳам наздиканд. Дар Афғонистон кадом навъи рушди соҳаи иқтисод мавҷуд аст, то ки дар оянда ҷои гардиши маводи мухаддирро иваз кунад?

– Сабаби асосии киштукори афюн, кукнор ва героин дар Афғонистон ин бад будани вазъи  иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва нархи гарон доштани маводҳои нашъаовар аст. Мубодилаи ғайриқонунии маводҳои нашъавоар ин дарди ҳар як ҷомеа мебошад ва барои решакан кардани он танҳо беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ кумак намекунад. Барои аз байн бурдани киштукори маводҳои нашъаовар дар Афғонистон бояд соҳаҳои кишоварзӣ ва иқтисодии кишварро боло бурд ва кишварро дар рафти ҳамроҳшавии кишварҳо дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дастгирӣ намуд.  

Барчаспҳо:
Толибон, Амрико, Замир Кобулов, Афғонистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ