Дар ҷустуҷӯи роҳҳал”. Китоби нав дар бораи Афғонистон дар Душанбе нашр шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкГлава политического совета движения "Талибан" , архивное фото
Глава политического совета движения Талибан , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Қудрати сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон” китоби нави Файзуллоҳ Ҷалол пажӯҳишгари маъруфи Афғонистон аст, ки ахиран дар Душанбе ба нашр расид

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.  Ин пажӯҳиш замоне ба чоп мерасад, ки ҳалли буҳрони Афғонистон ва анҷоми ҷанги 40 – сола дар ин кишвар ба яке аз муҳимтарин масоили ҷомиаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва қудратҳои бузурге, назири Русия ва Амрико мустақим барои ба ҳам овардани ҷонибҳои даргир ва нерӯҳои сиёсии ин кишвар даст ба иқдом задаанд.

5 – 6 феврали соли равон дар Маскав нишасти Толибон, мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Кобул ва аҳзоби сиёсии фаъол дар саҳнаи сиёсии Афғонистон бори аввал сари мизи гуфтугӯҳои сулҳ нишастанд. 25 феврал қарор аст ҳайати Амрико даври навбатии музокироти сулҳ бо Толибонро дар Қатар баргузор намояд.

Директор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон
Кобулов: чаро Русия дар муноқишаҳои Афғонистон бетараф бошад

Профессор Гулмаҳмад Зокиров, муҳаррири масъули “Қудрати сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон” онро як тадқиқоти арзишманд арзёбӣ карда, навиштааст, ки муаллиф кӯшидааст то сабабҳо, омилҳо ва бозигарони асосии моҷарои 40 - солаи кишварашро таҳлили амиқ кунад.

Ба қавли ӯ, Файзуллоҳ Ҷалол тамоюлҳои асосии инкишоф ва неруҳои пешбари ҷанги Афғонисторо муайян карда, барои аз ҳолати ҷанг берун омадани Афғонистон тарҳи хоси худро пешниҳод кардааст. “Ӯ таваҷҷуҳи бештарро ба сӯи мақом ва ҷойгоҳи қудрати сиёсӣ дар раванди ташаккул ва таҳкими ваҳдати миллӣ кашида, манбаъҳои асосии ташаккули қудрати сиёсӣ ва ваҳдати миллиро мушаххас гардонидааст” – навиштааст Гулмаҳмад Зокиров дар муқаддимаи ин китоб.

Афганские мальчики стоят во время снегопада в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон
Афғонистон барои интиқоли беморон ба Бадахшони Тоҷикистон кумак хост

Муаллифи “Қудрати сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон” фаъолияти гуруҳҳои сиёсии кишвараш шуруъ аз коммунистон то ҷиҳодиёну Толибонро ба риштаи таҳқиқи амиқ кашида, заъфу иштибоҳоти онҳоро дақиқ ва ҳамзамон назароти муштараки онҳоро барои сулҳ ва ваҳдати миллӣ мушаххас мекунад.

Файзуллоҳ Ҷалол дар гузашта дар бахши сиёсатшиносӣ як қатор таҳқиқотеро низ анҷом додааст, ки дар китобҳояш “Нақши Иттиҳоди Аврупо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ”, “Нигоҳе бар зиндагӣ ва усули фикрии Абунасри Форобӣ”, “Зиндагӣ, афкор ва андешаҳои Саидҷамолиддини Афғонӣ, “Амнияти Афғонистон ва асароти минтақавӣ баъд аз хуруҷи неруҳо дар соли 2014” хулоса кардааст.

Китоби “Қудрати сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон” дар нашриёти “Эр-граф” – и Душанбе бо теъдоди 500 нусха нашр гардида, маҳсули сесолаи пажуҳишҳои муаллиф дар кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ:

Файзуллоҳ Ҷалоли соли 1959 дар вулусволии Нусайи Дарвозҳои Афғонистон ба дунё омадааст.

Фаъолиятҳои сиёсиашро дар сафи Ситами миллӣ, ҳизби миллигароёни коммунисти Афғонистон шурӯъ кардааст. Ин ҳизб ҳам аз сӯи режими коммунистӣ ва ҳам исломгароҳо мавриди таъқиб қарор дошт. Ҷалол дар 16 – солагӣ се маротиба ба марг маҳкум шудааст. Бори охир дар замони ҳузури нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, вақте аз сӯи режими коммунистӣ боздошт ва барои тирборон бурда мешавад,  бо дахолати як генерали рус ва ба ин далел, ки ҷавон аст, ҷон ба саломат бурд.

Выборы в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Як Аҳмадшоҳ мурду садҳо таваллуд шуд: чаро тоҷикони Афғонистон нуфузашонро гум мекунанд?

Ҷалол рӯ ба хондан меорад ва дар замони ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ дар Кобул (1992 – 2001) муовини ректори Донишгоҳи Кобул буд. Ҳоло профессори ҳуқуқ ва сиёсати ин донишгоҳ аст.

Файзуллоҳ Ҷалол аз мунтаққидони ашаддии ҳукумати Ҳомид Карзай ва ҳоло Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аст. Ба хотири ин интиқодот соли 2013 аз сӯи афроди номаълум таҳдид ба марг шудааст.

Ҳамсари ӯ – Масъуда Ҷалол, яке аз сиёсатмадорони маъруф ва аввалин зан дар таърихи Афғонистон аст, ки дар интихоботи президентӣ (соли 2004) номзад буд. Дар интихоботи пешорӯи президентӣ дар Афғонистон муовини аввал Раҳматулло Набил, номзад ба президентӣ аст.

Оилаи Ҷалол се фарзанд, ду духтар ва як писарро тарбият мекунад.

Лентаи хабарҳо
0