Шикваи зани 75-сола аз “Агроинвестбонк”: на 2000 долларамро медиҳанду на фоизашро

© © SputnikГалина Ярошевич
Галина Ярошевич - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Галина Ярошевич, сокини шаҳри Хуҷанд ва аз муштариёни амонатгузори “Агроинвестбонк” шиква мекунад, ки 3 сол пеш пулҳои аз муҳоҷират фиристодаи духтарашро ба бонк амонат гузошту то имрӯз онро гирифта наметавонад

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Галина Ярошевич, як сокини 75-солаи шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли 2016, 2800 доллари амрикоӣ маблағеро, ки духтараш аз муҳоҷират барои ӯ фиристод, ба филиали ҶСК "Агроинвестбонк" дар Хуҷанд гузошт, то  аз ҳисоби фоизҳои он каме бошад ҳам эҳтиёҷоти рӯзгорашро бароварда созад.

На маблағу на фоиз

Бар асоси як санад миёни Ярошевич  ва филиали "Агроинвестбонк" дар вилояти Суғд, ба муддати ду сол то моҳи июли соли 2018 маблағи амонатии ӯ аз ҳисоби ҳар як сол 15% и  изофа мешуд, аммо ҳоло на аз бонк фоиз гирифта метавонаду на ҳамон пасандозашро.

"Агроинвестбонк" панҷ шаш моҳи аввал, кам - кам, 20 сомонӣ, 40 сомонӣ то 150- 200 сомонӣ фоизи амонатиамро медод. Ба ҳамин чанд моҳи дигарашро надоду соли 2016 ба охир расид. Вақте соли 2017 ба бонк рафтам, барои ман як коғаз доданд, ки дар он гуфта мешуд, ки Агроинвестбонк дар ҳолати буҳронӣ қарор дорад ва ба пасандози ман фоиз дода намешавад. Ҳоло бонк аз 2000 доллар пасандози боқимондаам на фоиз медиҳаду на худи амонатамро бармегардонад”, - мегӯяд зан

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ: тақдири "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" ба наздикӣ ҳал мешавад

Галина Ярошевич афзуд, ки баъди ин изҳороти бонк, мехост маблағҳои амонатиашро баргардонад. "Аммо ду сол боз ман паси дари бонк мегардам. Бонк на пуламро медиҳаду на фоизашро",  - нигарон мешавад вай.

Ин нафақахури ҳоло 75 солаи сокини Хуҷанд мегуяд, ҳудуди 25 сол ҳамчун муҳандиси коркарди оҳан дар Корхонаи оҳангудозии "Торгмаш"-и  Хуҷанд кор карда ва ҳоло 300 сомонӣ нафақа мегирад.

Ярошевич зимнан дар хона танҳо зиндагӣ мекунад ва ягона духтараш Иниса Анатолиевна дар муҳоҷират қарор дорад. Шавҳараш 15 соли пеш вафот кардааст.

Дар шароити бекасӣ ба иҷро расонидани кору бори рузғор душвор аст, ба хусус дар вазъи бепулӣ, мегуяд ӯ. 

"Ҳоло крани хонаам занг задааст, онро нав кардан даркор, хонаро таъмир кардан лозим. Инҳо ҷузъе аз эҳтиёҷоти зиндагии мананд ва барои иҷрои ин корҳо пул лозим аст. Аммо ман пасандози худамро аз бонк гирифта наметавонад”, - афзуд Ярошевич.

Агроинвестбанк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти Зайдуллоев барои 115 млн қарзи ғайриқонунӣ бо пуштгирии раисони "Агроинвестбонк"

Муштариён ноумед мешаванд

Пиразани 75-сола таъкид меварзад, ки ҳар гоҳ ба "Агроинвестбонк" меравад, таҷаммӯи зиёди сокинонро мебинад, ки ба мисли ӯ ба пул эҳтиёҷ доранд.

Мардум бо сабабҳои гуногун ба "Агроинвестбонк" омада, шароиташонро мефаҳмонанд, ки дар беморхона бемор доранд, ё нафақахур ҳастанду ба онҳо пул зарур аст. Аммо муроҷиати на ҳамаи онҳо натиҷа медиҳаду бисёриҳо ноумед аз дари бонк баромада мераванд.

ҶСК "Агроинвестбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" -  ду бонки расмии Тоҷикистон ба буҳрони шадиди молиявӣ гирифтор шуда ва инак се сол боз аз ин варта раҳо шуда наметавонанд.  

Ду бонк номи бонкҳоро сиёҳ карданд

Аммо таҳлилгарон дар такя ба вазъи мавҷудаи ин ду бонк мегуянд, ки муттасифона пардохт нашудани пасандозҳои мардум аз ҷониби бонкҳои расмии Тоҷикистон, эътимоди бисёриҳоро ба низоми бонкдорӣ дар кишварро коҳиш медиҳад. 

Рустам Каримов коршиноси умури иқтисодӣ мегуяд, аз он, ки ҳоло баъзеҳо пасандози худро аз "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" гирифта наметавонанд, ин ҳол роҳи бисёриҳоро аз пасандозгузорӣ дар бонкҳои дигар боз медорад.

 “Мардум аз хавф фикр мекунанд. Хавфи ин, ки вазъи "Агроинвестбонк"-у "Тоҷиксодиротбонк" ба бонке, ки онҳо пасандоз гузоштаниянд, рух надиҳад. Дар ин ҳол онҳо фикр мекунанд, ки маблағашон дар бонк фоиз нахурад ҳам, амн дар хонаашон истад. Муттасифона ин ҳол ба рушди иқтисоди низоми бонкдорӣ таъсири манфӣ мерасонад”, мегуяд коршинос.

В зале суда, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маҳкум ба зиндон шудани се қарздор аз “Агроинвестбонк”

Як ҷаҳиш, вале ҳанӯз дар дохили буҳрон

Дар соли 2016 Ҳукумати Тоҷикистон қарори  ҷудо кардани 3 миллиарду  320 миллион сомонӣ сармоя ба ин ду бонк ҶСК “Агроинвестбок” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”  содир кард. Ин миқдор маблағ, ки сармоякунонӣ ба бонкҳои мушкилотдор гуфта мешуд, тавассути Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.

Вазорати молияи Тоҷикистон бо гузаронидани 2 миллиарду 250 милион сомонӣ ба ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, саҳми худро дар ин бонк  ба 85, 2 %  ва бо ҷудо кардани 1 миллиарду 70 милион сомонӣ ба ҶСК “Агроинвестбонк” ҳиссаи худро дар ин бонк ба 87, 3% баробар кард.

Вале бо ин вуҷуд, ки ҳоло беш аз 85 % и саҳмдорони ин ду бонк Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва то пурра тобеъи ин ниҳоди давлатӣ гузаштани ҳарду ин ду бонк як қадам боқист, қарзи муштариён аз сӯи ин бонкҳо пурра пардохт карда нашудааст. 

Бино ба арзёбии Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ "Агроинвестбонк" аз 34 ҳазор муштарӣ беш аз 730 миллион сомонӣ қарздор аст ва "Тоҷиксодиротбонк", 15 ҳазор муштариаш беш аз 500 миллион сомонӣ қарздор будааст, ки бояд баргардонад.

Пулгирь. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Агроинвестбонк” амалиёти пулдиҳиро барқарор кард

Ба иттилои бахши Бонки Миллӣ дар шаҳри Хуҷанд дар чор моҳи соли 2019 шумори муштариёни амонатгузори “Агроинвестбонк” дар вилояти Суғд ба 3779 гуфта шуда ва маблағи амонатии онҳо 130, 1 миллион сомонӣ буда ва бонк уҳдадор аст, онро баргардонад. 

Ва ҳисоби муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” ба ҳолати 30-уми апрели соли ҷорӣ дар вилояти Суғд  584 нафар буда, ба маблағи 14, 3 милион сомонӣ дар назди амонатгузорон қарздор мебошад.

“Агроинвестбонк” тӯли як сол назар ба ин давра қарзи худро 15, 4 милион сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” бо пардохти 4, 1 милион сомонӣ қарзи худро кам кардаанд.

Аммо боз ҳам “Агроинвестбонк” 130, 1 милион сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” 14, 3 милион сомонӣ назди муштариёни пасандозгузори худ қарздор буда ва маълум нест, ки кай ва чи гуна аз вартаи қарздорӣ раҳо меёбанд.

Лентаи хабарҳо
0