10:22 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии

Дӯстӣ бо Эрон: мулоқоти 12 кишвар дар Душанбе, ҷамъбасти моҳи июн барои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир Исаев
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
131 0 0

Дар моҳи июни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон якчанд ҷамъомадҳои муҳим баргузор гардиданд, аз ҷумла оғози дӯстӣ бо Эрон, мулоқоти 12 кишвар дар Душанбе, таҷлили иди Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳо

ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik, Григорий Ростов. Оғози моҳи аввали фасли тобистон – июн дар Тоҷикистон бо таҷлили иди Рамазон, ки яке ҷашнҳои муҳим барои мардуми мусалмон ба шумор меравад, рост омад.

Чун анъана Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи таҷлили иди Рамазонро як рӯз пас, нисбати баъзе кишварҳо, яъне 5 июн таъйин намуданд.

Хусусиятҳои иди Рамазон дар Тоҷикистон

Иди Рамазонро дар Тоҷикистон аз хурд то калон, ҳама ҷашн мегиранд. Омад-омади иди Рамазонро мардуми Тоҷикистон бетоқатона интизор мешаванд, махсусан дар фасли Тобистон.

Охир тобистон фасли меваю ҷамъоварии ҳосилу захиракунь барои фасли зимистон аст. Ҳамчунин таҷлили ид дар фасли гармо ин як нишонаи дастархони пур аз нозу неъмат аст.

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки дар ин моҳ дар Тоҷикистон махсусан дар арафаи ид нархи меваю сабзавот ва гӯшту озуқа боло меравад. Ҳукумати Тоҷикистон бошад чанд сол боз кӯшиш кардаистодааст пеши роҳи ин зуҳуротро бигирад, аммо то ҳол давом ёфта истодааст.

Инчунин бояд қайд кард, ки мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дастархони идона набояд аз меъёри муайяншудаи ҳукумат калон бошаду, хӯришҳои зиёд дошта бошад.

Роҳбарони 12 кишвар меҳмони Тоҷикистон

Чорабини сиёсии дараҷаи олӣ – Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) 14-15 июн бо иштироки роҳбарони 12 кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар МҲТБО дар Душанбе роҳбарони Русия, Чин, Эрон, Озорбойҷон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Туркия, Тоҷикистон, Бангладеш ва Шри-Ланка иштирок намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон расҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми баромадаш дар ҷаласаи ин чорабинӣ меҳмононро аз вазъи экологии минтақа ҳушдор дод.

“Дар кишвари мо тайи 40 соли охир зиёда аз 1000 пиряхҳо нест шудаанд, ки ин ба масоили муҳими аз ҷумла иқтисодӣ, энергетикӣ, аграрӣ, саноат ва ғайраҳо таъсири манфӣ мерасонад”, - қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин илова намудааст, ки ин ҷараён ба кули Осиёи Миёна таъсирашро мерасонад.

Роҳбари Тоҷикистон ҳамчунин аз вазъи низомӣ дар ҳамсоякишвари Афғонистон нигаронӣ кард. Вай аз ҷамъияти байналмилалӣ хоҳиш кард, ки дар барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон дасти ёрӣ дароз кунанд.

Эмомалӣ Раҳмонро дар ин масъала Президенти Русия Владимир Путин дастгирӣ намуда, қайд кард, ки гуруҳҳои террористӣ аз кишварҳои Ховари Миёна фаъолона ба Афғонистон равона карда шудаистодаанд, ки ин диққат ва роҳи ҳалли махсусро талаб мекунад.  Путин ҳамчунин аз муътадилшавии вазъ дар Сурия таъкид намудааст.

“Дар муътадилшавии вазъ дар хоки Сурия дар асоси музокироти Остона - Русия, Эрон ва Туркия ташаббуси ҳақиқӣ нишон додаистодаанд. Мо дар якҷоягӣ бо иштироки Кумитаи конститутсионии Сурия кӯшиши аз байн бурдани ихтилофот миёни мардуми ин кишварро дорем. Аз ҳама муҳим ҳарчӣ тезтар баҳри муътадил намудани вазъи сиёсии Сурия чораҳои зарури ба роҳ монд”, - қайд намуд Путин.

Дӯстии Эрону Тоҷикистон аз қадим боқӣ мондааст

Дар доираи Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мақомдорони Эрону Тоҷикистон бо боварӣ аз барқарорнамоии равобити дуҷониба дар ҳавои дӯстӣ эълон намуданд. Бояд қайд намуд, ки муносибати ҳарду ҷониб тақрибан 4 сол пеш дар пайи дастгириҳои Эрон ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бад шуда баданд.

Акнун дар арафаи ин саммит раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Эрон Ҳасани Руҳониро гарм пешвоз гирифт.

“Шуморо ба хоки Тоҷикистон, ба ватани дуюматон хайру мақдам мегуям. Ҳамчунин барои иштирокатон дар ин саммит ба шумо миннатдоргӣ баён мекунам. Ин як дастгирии калон аст барои мо”, - гуфт Раҳмон ба Руҳонӣ.

“Ман боварӣ дорам, ки ин сафар метавонад сабабгорӣ хуб ва мустаҳкам гардидани муносибатҳои кишварҳои мо мегардад. Умедворам мо худ шоҳиди мустаҳкамгардии муносибатҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати ҳарду кишвар ва минтақа мегардем”, - Руҳонӣ дар мулоқот гуфт ба Раҳмон.

Ба гуфтаи коршиносону таҳлилгарон ин шакли муносибат шаҳодат аз оғози муносибатҳои хуб миёни Тоҷикистону Эрон аст.

Таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ

Ҳар сол 27 июн Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллиро, ки яке аз идҳои муҳимтарини мардуми тоҷик ба шумор меравад бо тантана таҷлил мекунад.

Имсол таҷлили ин иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт аз рӯзи 26 июн оғоз гардид. Чун анъана ҳар сол ҷашни Ваҳдати миллӣ дар яке аз шаҳрҳо ва ё навоҳии кишвар бо иштироки раисҷумҳури кишвар таҷлил карда мешавад.

Таҷлили ин ҷашн 27 июни соли 1998 бо фармони раисҷумҳуриии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати дар ҳамин рӯз ба имзо расонидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”  ба расмият даромад.

Чун анъана ин ҷашн ҳар сол дар яке аз шаҳрҳои кишвар бо иштироки раисҷумҳури кишвар таҷлил карда мешавад. Иди Ваҳдати миллӣ имсол дар ноҳияи Рашт  таҷлил карда шуд. Таҷлили бо тантанаи ин иди барои миллати тоҷик азиз аз рӯзи 26 июн бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда буд.

“Ваҳдати миллӣ барои мо дар ҳақиқат ҳодисаи таърихист, зеро маҳз бо шарофати ӯ мо тавонистем давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ раҳо кунем. Тавонистем парокандагиҳое, ки дар натиҷаи ҷанги хонумонсӯз ба миён омада буданд ҷобаҷо карда таъмини рушди кишварро ба роҳ монем”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ истироҳат эълон шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ