09:01 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Студентка готовится к экзамену

Дуои донишҷӯён пеш аз имтиҳон. Намояндагони - ислом, яҳудӣ ва насронӣ

© JESHOOTS-com / Pixabay
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
261 0 0

Намояндагони динҳои гуногун – ислом, насронӣ ва яҳудӣ пеш аз супурдани имтиҳон, ҳама якхела даст ба дуо бардошта, аз Худованд хоҳиш мекунанд, то ки донишашон афзояду бо мувафақият аз санҷишҳо гузаранд  

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik.   Дар мактабҳо санҷишҳои балҳои гузариш баргузор шуданд, акнун давраи ҳасос, яъне вақти супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба факултаю ихтисосҳои муаянкардаи довталабон расидааст.

Чигуна хатмкунандагони мактабҳои миёна, донишҷӯён ва довталабони донишгоҳҳои олӣ даст ба дуо мебардоранд метавонед дар матни омода намудаи РИА Новости шинос шавед.

Дуо барои дохил шудан ба донишгоҳ кумак кард

“Ман натавонистам ба донишгоҳ дохил шавам, новобаста аз он, ки синни ман алакай ба 25 расида буд. То ин дам ман ба колисо нарафта будам, мегуяд Ирина яке аз дуоталабони маъбади Маскав.

Волидайнам бо тавсияи шиносҳои роҳиябашон маро ба Матрон равон карданд. Баъди ин ман як дӯстамро вохурдам ва он ба ман гуфт, ки дар донишгоҳе, ки ӯ таҳсил мекунад боз якчанд рӯзи дигар қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсили шабона идома дорад. Ман дарҳол ҳуҷҷатҳоямро супурда аз имтиҳонҳои қабул ҳам гузаштам. Бо хуби 6 соли таҳсилро паси сар намуда, ҳоло барои ин мувафақият ба Худо шукрона мегуям”.

“Маро ба таври интихоби ба донишгоҳ қабул карданд, ёдовар мешавад Полина. Аввал ба донишгоҳи давлатии Маскав дохил шудам, аммо баъд бо рӯх додани як ҳодисаи муъҷизанок  нақшаам тағйир ёфту ман ба омӯзиши касби актиёри рафтам. Дар арафаи имтиҳонҳо ҳазрат (батюшка) ба мо пешниҳод кард, ки ба хидмати шабонагии пеш аз идӣ дар Свято-Троитский монем. Дар бораи он, ки аз имтиҳон гузаштаам дар рӯзи иди Пётр ва Павел 12 июн огоҳ шудам”.

“Барои падари ман як давраи сиёҳи пеш омада буд, ки вай наметавонист ба кор қабул шавад. ба Матрони Маскав рафт. Якчанд рӯз гузашта буд, ки ба ӯ занги телефони шуд ва мувофиқи ихтисосаш ба ӯ кор пешниҳод карданд. Дар ҷои кор иҷорагири пешаки китобҳои зиёдеро нагирифта будааст. Иҷорагирӣ нав ба падарам фармон додааст, ки китобҳои мазкурро бурда ба мусур партояд.  Китобҳо ҳамааш оид ба дин будаанд. ӯ бошад ҳамаи китобҳоро ба калисову маъбадҳо тақсим кард. Ин як муъҷиза аст, ҳам корашро кард, ҳам китобҳоро ба ҷойҳои лозима тақсим кард”, - Ксения яке аз ҳодисаҳои оилавиашонро ба ёд меоварад.

Онҳо ҳарду бад мехонданд

“Мо барои донишҷӯёну хонандагон якхел дуо мекунем”, - мегуяд Владимир Вигилянский роҳбари маъбади Титаинии назди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов.

“Дар ҳама давраи ҳаёт, ҳангоми супурдани имтиҳон ва ё дигар корҳои ба ин монанд ман ба Сергей Радонежский, ҳомии хонандагон даст ба дуо мебардорам, мегуяд Ксений. Дар ҳаёти ӯ чунин лаҳзаҳое ҳам вуҷуд доранд, ки вай хонда наметавонистааст. Аммо вай ҳангоми наврасияш вай манахеро во хӯрдааст ва аз ӯ хоҳиш кардааст, ки ба ӯ дуо хонад. Баъди дуо хондани Варфоломей ӯ аз ин мушкилияш рахо ёфт. Ман вақте, ки ба бузургон бо муроҷиат дуо мекунам ёрдами онҳоро эҳсос мекунам. Онҳо ба мо ёрӣ медиҳанд, агар мо сидқан ва бо боварӣ ба сӯяшон даст ба дуо гардем”.

 Анастасия ном духтаре низ ба Сергей Радонежский даст ба дуо шуда ҳоҷат мпурсад.

Сураи бистуми Қуръон

“Бо фарқият аз намояндагони Християнӣ пайравони ислом ба ягон шахси муқаддас даст бар дуо намебардоранд. Онҳо танҳо рӯ ба сӯи Оллоҳ бардошта дуо мекунанд ва ҳоҷҷат талаб мекунанд, мегуяд Раис-ҳазрат Измайлов, имоми масҷиди балашиха, ҷойнишини ректори Пажуҳишгоҳи исломии Маскав оид ба таълим. Аз Худо бо дасти бар дуо хоҳиш ҳоҷҷат мекунанд масалан ман худам дуо кардам ва ба донишгоҳи давлатии Маскав дохил шудам”.

Якчанд дуоҳое ҳастанд, ки ба ақидаи эмомҳо барои донишҷӯёну илмталабон мувофиқат мекунанд ва метавонанд барои ҳоҷҷати талаби онҳо ба кор бурда шаванд. Аммо ҳар як нафар метавонад бо суханҳои худаш ба сӯи Худо даст бар дуо бардорад.

“Ё Олоҳ ин қалби маро кушо, фикронии маро осн гардон, гиреҳро аз забони ман кушо, то ки онҳо фикри маро пай баранд”, - ин аз сураи 20 китоби Қуръон аст мегуяд Ислром-ҳазрат Валидов, эмом-хатиби Раёсати диншиносии Маскав ва минтақаи марказии “Муфтиёти Маскав”.

Ҳама якҷоя дуо мекунанд

Ҷамоа дар масҷид махсусан барои мувафақияти донишҷӯён даст бар дуо намебардорад ва ҳамаи донишҷӯён ҳам пеш аз имтиҳон ба масҷид намеоянд, аҳли намозгузорон бошанд барои авфи гуноҳҳояшон даст бар дуо мебардоранд.

“Барои донишҷӯён чун анъана волидайн ва наздиконашон даст бар дуо мебардоранд. Аммо мешавад ҳолатҳое, ки донишҷӯён ба имом муроҷиат намуда талаби дуои дастаҷамъи мекунанд”, - илова кард Ислам-ҳазрат Валидов.

“Мувофиқи анъанаҳои яҳудиҳо, кӯдакони онҳо аз 3-солагӣ то охири умр мехонанд. Яҳудон ин миллати пайванд ба китоб аст, мегуяд Юрий Каннер, президенти конгресси яҳудони Русия. Аммо ман надидаам, ки касе махсусан пеш аз имтиҳон даст бар дуо бардорад ва ё дуо кунад барои ноил гаштан ба муваффақият”.

“Пеш аз имтиҳон супорӣ он қадар дуоталабон бисёр нестанд. Чӣ роҳгузар, чӣ донишҷӯ ва чӣ дигар ашхоси дуоталаб хама вақт якхел менамоянд. Мешавад дӯстон ва хешу наздикон зервасоятҳои худро меоранд, мегуяд Владимир Вигилянский. Асосан одамон барои ҳоҷати хоҳишҳояшон даст бар дуо мебардоранд”.

Ҳарчӣ бо дуо хоҳӣ, ҳамонро ба даст меорӣ

Ба гуфтаи ашхоси муқаддаи масеҳиҳо одамҳои гуногун аз маъбадҳо дидан мекунанд.

Намояндагони масеҳи ба маъбад ва ё калисо рафта дуо мекунанд.

“Мусалмонҳо бошанд метавонанд чӣ дар хона, чӣ дар масҷид ва дар дилхоҳ ҷо даст бар дуо бардоранд, мегуяд Наврас хатмкардаи донишгоҳи забоншиносии давлатии Маскав. Вай мегуяд баъди намоз беҳтараш даст бар дуо бардошт.

“Даст ба дуо бардоштан танҳо ба хотири муваффақият ва ба даст овардани хубиҳо нест. Дар намоз ва дуо ту рӯ ба ҷони Худо меори ва талаби ҳоҷот мекуни ва ин бевосита аз дараҷаи диндории ҳар кас вобаста аст”.

Шукрона бояд кард

Бояд баъди ба мувафақият расидан аз Худо фаромуш кард ва аз намозу дуою парастиш дур шуд, мегуянд ҳам эмомҳо ва свяшеникҳои масеҳӣ.

“Инсон бояд ҳамеша аз Офаридгораш ёдовар шавад, на танҳо дар ҳолатҳои маҷбурӣ. Масалан пеш аз дохилшави ба донишгоҳ даст бар дуо шудед, баъди донишҷӯй шудан ҳам бояд аз Худо парастиш кунед”, - қайд кардааст Ислом-ҳазрат Валидов.

“Ман фикр мекунам, ки парастиш ва шукрона кардани Худо баъди хондани ҳар як намоз ва воқеаҳое, ки дар ҳаёт рӯй медиҳанд басанда аст. Умуман барои ҳама буду нобуд ва мушкилу осон худоро бояд шукр гуфт”, - мгуяд Наврас.

“Дар байни яҳудиён баъди бо муваффақият анҷом додани омӯзиш ва дигар коре дастархон омода намуда аз Худо шукрона мекунанд. Масалан, метавон Худоро баро атто фармудани қувват дар аз бар кардани ду мисра шеър шукрона кард ва дастархон орост”, - тавзеҳ медиҳад Юрий Каннер.

Ба Худо бовар кун, аамо аз худ ҳам намон

Дуо ҳам метавонад барои ба мақсад расидан дар коре кумак кунад, илдова мекунад Юрий Каннер.

“Ҳар чизе, ки ту мехоҳи онро дар худ тасвир кун. Он гоҳ хоҳиши кӯшиш ба суи мақсад дар дилат пайдо мешавад ва дар ин ҳол ба даст овардани натиҷа хело осонтвар мегардад” – бо боварӣ мегуяд президенти конгресси яҳудиёни Русия.

Дуо метавонад барои худро омода кардан ба сӯи мақсад ва барои дар дил пайдо кардани боварӣ ба ту кумак кунад. Аммо барои бо муваффақият супурдани имтиҳонҳо танҳо меҳнати сидқан метавонад кумак кунад. Бо шишта дуо кардан бе меҳнат чизе ба даст намеорӣ.

“Шахсе, ки Худоро бовар дораду ба суи Худо даст бар дуо мешавад ба худ боварии зиёдтар ҳосил мекунад, нисбати оне, ки оне ки дуо намекунад ва боварӣ надорад”, - мегуяд Раис-ҳазрат Измайлов.

“Барои он, ки Худо дуои туро қабул кунад, ту бояд тарзи ҳаёти солим дошта бошӣ ва дар роҳи ҳақ ҳаракат дошта бошӣ”, - мегуяд Ислром Валидов.

“Чихеле, ки Манахҳои масеҳи мегуянд дар ин дунё зиндагӣ барои шумо мушкилтар аст. Чунки васваса, фанду фиреб ва корҳои гуногун зиёданд. Барои ҳамин дуо ва ибодат як ҷузъи ҳаёти инсон, барои идома ва пайдо кардани қувваи нав барои зиндагӣ мебошанд”, - дар Хулоса мегуяд Полина.

Мавзӯъҳои асосӣ