19:36 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Хадж в Мекке

Худнамоӣ ва ё эътиқод: мақсади ҳаҷ бо чунин хароҷоти калон дар чист?

© Pixabay, CCO
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
333 0 0

Ширкатҳои ҳавоӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, суғурта ва дигар хизматрасониҳо, кори ашхосе, ки рӯ ба сӯи Каъба мегиранд осонтар карда, муҳлати сафарро аз 1 сол ба 1 моҳ оварда расонида, дар баробари ин муносибати одамонро нисбат ба ҳаҷ дигар кардааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Шер Алиев. Ҳаҷ яке аз панҷ рукни асосии дини ислом мебошад ва ба ҷо овардани он орзуи ҳар як мусалмон аст. Аслан мусалмонҳо тамоми умр бо орзуи адои ҳаҷ зиндагӣ мекунанд ва ин ба ҳама муяссар намешавад.

Бобокалони ман вақте, ки тавофи хонаи Каъба кард, аллакай марди миёнаумр буд. Синнаш аз 40 гузашта буд. Вай дар аввалҳои асри ХХ ба ҳаҷ сафар карда буд, барои ҳамин муҳлати адои ҳаҷаш зиёда аз 10 моҳ тул кашида будааст.

Вақте ки вай ба деҳааш баргаштааст лоғару афгор, аммо хело хушҳол будааст. Аз дигар деҳаҳою маҳалҳои дурдаст одамон ба зиёраташ меомадаанд. Он вақт дар он минтақаи калон танҳо бобокалони мо ҳоҷӣ будааст.

Ҳоло дар хонаи 9 ошёнае, ки ман зиндагӣ дорам 8 ҳоҷӣ зиндагӣ мекунад ва ин шумора дар ҳоли зиёдшавӣ аст. Яке аз шиносҳои ман, ки тоҷир аст, гӯшт савдо мекунад ва он 11 маротиба ҳаҷ рафтааст. Як маротиба ман ба ӯ гуфтам, ки ҳаҷ рафтан барои ту мисле, ки ба “дача” меравӣ. Тоҷир як заҳрханд карду чизе нагуфт.

Вақте, ки якчанд сол пеш Шӯрои уламои Тоҷикистон дастури ҳаҷи такрори накарданро пешниҳоди мардум гардонид, ин мард боз роҳашро ёфт. Дар Кумитаи дин ба касе пора доду роҳбалад шуд, акнун ҳарсол ҳамчун роҳбалад ба ҳаҷ сафар мекунад.

Новобаста аз он, ки ҳаққи роҳкирои адои ҳаҷ аз Тоҷикистон сол аз сол боло рафта истодааст (дар соли 2018 33,4 ҳазо сомонӣ ва ё 3700 доллар) шумораи хоҳишмандон зиёд аст. Ин дар ҳолест, ки дар кишвар беҳбудӣ дар зиндагии мардум мушоҳида нашудаистодааст.

Чаро мусалмонҳои Тоҷикистон ба Макка сафар мекунанд? Соҳиби номи ҳоҷӣ шудан, баланд бардоштани шарафи худ ва ё исботи имони қавӣ бо иҷрои яке аз рукнҳои асосии ислом?  Ҷавоб барои ҳар кас ҳар хел аст. Масалан, ман худро ба гуруҳи сеюм шомил медонам.

Бисёриҳо бо ман розӣ нестанд, аммо биёед ба далеҳои мавҷуда менигарем. Чаро бо вуҷуди шумораи зиёди ҳоҷиён, Тоҷикистон то ҳол дар рӯйхати кишварҳоест, ки шаҳрвандонаш бо роҳҳои гуногун ба кишварҳои Ховари Миёна сафар намуда ба ҷангҷӯён ифротгароён ҳамроҳ мешаванд?

Чаро бо вуҷуди шумораи зиёди муллою, ҳоҷию умуман руҳониён заҳри терроризм дар кишвар зиёдтар паҳн гашта истодааст?

Чаро раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон такрор ба такрор даъват мекунад, ки  ҷавононро дар руҳияи исломи ҳақиқӣ тарбия кунед ва нагузоред онҳо рӯ ба ифротгароию навнароиҳои динӣ ворид шаванд? Оё тарбияи ҷавонон дар роҳи дуруст вазифаи асосии ҳоҷиёни бесаршумори тоҷик нест?

Як чизи оддӣ, чаро Тоҷикистон кишварест, ки дар моҳи муқаддаси Рамазон нархи меваю сабзавот ва озуқаю маҳсулотро баланд мебардорад? Ин дар ҳолест, ки бисёри савдогарону бозорнишинон номи ҳоҷигиро соҳиб гаштаанд.

Ба фикри ман ҷавоби ин матлаб хело осон аст: эътиқоди диннӣ хело коста шудааст. Албатта шумораи намозгузорони рӯзи ҷумъа дар масҷидҳои пойтахт рӯз аз рӯз афзудаистодааст ва дар ин ҳол аз атрофи масҷидҳо гузашта намешавад, чунки ҳама ҷоро мошинҳо онҳо зер мекунанд.

Албатта шумораи масҷидҳо ва ҷойҳои намозгузорӣ, низ ба таври қонунию ғайриқонунӣ сол аз сол афзуда истодаанд. Аммо бадбахтона ин маънои онро надорад, ки бо ин эътиқоди динии одамон хубтар мешавад. Ин даврони пасошӯравиро ба ёд меоварад, ки дар ҷаласаҳои нишаста вақти овоздиҳӣ ҲКИШ волотар аз ҳама медонистанду, аммо дар курсиҳои ақиб пичир-пичир латифаҳо бар зиддӣ Шӯравӣ мегуфтанд.

Ва ин мушкилии танҳо Тоҷикистон нест. Зарбулмасали “об аз боло лой аст” дар ҳама давру замон мавқеашро гум намекунад. Як шиносам ба ман як воқеаи аҷиберо, ки ӯ худ аҷиб намепиндорад нақл карда буд.

Якчанд сол пеш ҳайати онҳо иборат аз 3 нафар барои гуфтушунид ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Кормандони гумрук ба онҳо аз номи шоҳ ба онҳо пойпӯшҳои зебо туҳфа кардаанд. Вақте, ки онҳо ба меҳмонхона омаданд дарҳол туфлиҳояшонро берун карда пойпӯшҳои мувофиқ ба боду ҳавои Арабистонро пӯшидаанд.

Онҳо ин корро нодуруст кардаанд, чунки кори дуюм аз рӯи барномаи фарҳангӣ зиёрати Масҷид-ал-Ҳарам, ки дар он ҷо Каъба ҷойгир аст, будааст. Ба Каъба даромадан бо пойпӯш мумкин нест. Дар даромадгоҳ бояд барорӣ. Масҷид қариб, ки холӣ будааст, чунки вақти ҳаҷи акбар нарасида будааст, барои ҳамин онҳо кафшҳои туҳфашударо бароварда дар даромадгоҳ мондаанд.

Ҳангоми баргаштан ба ҷои кафшҳои нав калушҳои куҳна пайдо кардаанд. Ёдрас мекунам, ки ин кор дар хонаи Худо рӯй додааст. Барои ҳамин дин ҷои худро дорад, аммо тағйир додани хислати аслии инсон хеле кори мушкил аст.

Ҳаҷ бошад, пулро супору дар ҳавопаймо савор шаву худро дар Макка бин. Дар меҳмонхона ҷоят мекунанд, аз он ҷо ба Каъба, баъд ба куҳи Арафоту Мино ва боз барои давр задан ба гирди Каъба, бо ҳамин ҳаҷ тамом ва ту ҳоҷӣ. Ман муқобили воситаҳои техникию ва осон кардани ҷараёни ҳаҷ нестам, аммо шояд ҷой надоштани мушкили дар ҷараёни ба ҷо овардани ҳаҷ барои соҳиб шудан ба ин номи пуршараф муовофиқ набошад.

Ҳамин аст, ки имрӯз бисёриҳо якчанд маротиба ба ҳаҷ мераванд, то ки аз ҳоҷиҳои ҳамсоя гузаранд. Новобаста аз он, ки роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукарам Абдулқодирзода руҳониёнро ҳамеша бар он даъват мекунад, беҳтараш маблағи ҳаҷро дар ягон кори хайр ва ободонӣ сарф кунанд.

Баъзеҳо ҳам чунин мекунанд - роҳҳоро таъмир мекунанд, мактаб месозанд ва дигар корҳои нек. Аммо шумораи чунин ҳоҷиён хело кам аст. Чун анъана такрор ба такрор ба ҳаҷ рафтанро шараф медонанд.

Барчаспҳо:
мулло, кор, ҳоҷӣ, Ҳаҷ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ