13:40 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15

Таъсиси институти президентӣ дар Тоҷикистон ва саҳми Раҳмон Набиев дар он - идома

Юрий Куйдин
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
90010

Тоҷикистон дар соли 1992 ҳамагӣ шаш моҳ шакли идории президентиро таҷриба кард. Иҷлосияи 16-ум боз ҳам симмати раёсатҷумҳуриро барҳам зад.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Талабшоҳи Салом.  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замоне ки таъсис ёфт, раисҷумҳур надошт. Кишварро, ки худ аз лиҳози ҳудудӣ ва низоми сиёсӣ зодаи идеологияи болшевикӣ буд, котиби ҲК идора мекард. Аз институтҳои иҷроя танҳо симмати раиси Шӯрои Вазирон вуҷуд дошт.

Соли 1990, қабл аз истиқлоли Тоҷикистон институти президентӣ дар кишвар поягузорӣ шуд, вале аввалин интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба таври умумихалқӣ доир нашуд. Моҳи ноябри соли 1990 вакилони Шӯрои Олӣ Қаҳҳор Маҳкамовро раисҷумҳур Тоҷикистон баргузиданд. Рақиби ӯ дар ин интихобот Раҳмон Набиев буд, ки дар муқобили Қаҳҳор Маҳкамов шикаст хӯрд.

Дуруст аст, ки Раҳмон Набиев дар ин интихобот ба ҷуз он ки гуфт, ба вакилон бурдборӣ мехоҳад ва тамоми донишу малакаашро барои тараққии Тоҷикистон сарф мекунад, чизе дигаре гуфта натавонист.  Карим Абдулов, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 1991 яке аз ходимони ситоди интихоботии Раҳмон Набиев буд, менависад, Раҳмон Набиев ҳамеша аз дигарон хоҳиш мекард, ки фикру андешаҳояшонро дар бораи ин ё он масъала барои  ӯ нависанд.

Ин гуна афрод ба манзури он ки Раҳмон Набиев аз назари онҳо дар баромадҳояш истифода мекунад, афкорашонро рӯй коғаз меоварданд, аммо Р. Набиев болои ин гуна машваратҳо кор намекард. Бинобар ин, ба назари Карим Абдулов, ҳамеша “Раҳмон Набиевро эрод мегирифтанд”.

Дигар ваъдаи Раҳмон Набиев интихоботи соли 1990 роҳ надодан ба воқеоте чун воқеаҳои февралии соли 1990 дар Тоҷикистон буд, ки соли 1992 Тоҷикистон аз он бадтарашро шоҳид шуд.

Бо вуҷуди он ки нахустин бор лафзи “президент” дар ҳайати Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон дар соли 1990 пайдо шуд, аммо шакли идории кишвар президентӣ набуд. Тоҷикистон аввалин бор 30-юми апрели соли 1992 ба муддати шаш моҳ ба шакли идораи президентӣ гузашт ва салоҳиятҳои раисҷумҳур бештар шуд.

Ҳарчанд Раҳмон Набиев иддао мекунад, ки дар ба майдон овардани мардуми Кӯлоб ӯ нақш надошт, вале ҳамвора ӯ ба ин майдон такя мекард.  Барои ҳамин якуми майи соли 1992 “Фармони президенти Тоҷикистон дар бораи баталони ҷудогона дар ҳайати бригадаи таъйиноти  махсус” содир шуд ва Бӯрихон Ҷобиров, яке аз афроди Фронти халқӣ фармондеҳи он таъйин гашт.

Рустами Абдураҳим, раиси Созмони “Ошкоро” ва яке аз афроди таъсиргузор дар майдони “Озодӣ” дар соли 1992 дар пурсиш ба суолҳои муфаттиши додситонӣ дар ҷиҳати таъсис баталони мазкур гуфтааст: “Рӯзи 24. 04. 92 бо таклифи Дӯстов дар ҳузури президент Набиев масъала гузошта шуд, ки Горди миллӣ дар ҳайати се ҳазор нафар ташкил карда шавад. Таклиф қабул шуд. Ман, мулло Ҳайдар, Сангак, Бӯрӣ, Дӯстов, Набиев, Кенҷаев, Ҳувайдуллоев иштирок доштем.

Масъалаи роҳбари Горди миллӣ мондани Бӯриро Дӯстов ба миён гузошт. Вай гуфт, Бӯрӣ марди паҳлавон аст, аз дасти вай меояд ин кор. Баъд Набиев гуфтанд, ки ӯ унвон надорад, биёед, ба ӯ унвони подполковникӣ диҳем”. Дар идома Рустами Абдураҳим меафзояд, ки Бӯрӣ Ҷобиров гуфтааст, ба ӯ на рутбаи подполковникӣ, балки унвони генерал-майор диҳанд. Вале Раҳмон Набиев ба ин дархости ӯ ҷавоби рад медиҳад, ба далели ин ки Ф. Ниёзов, раиси Кумитаи дифоъ рутбаи генаралӣ дошт.

Нуктаи дигари ҷолиб ин буд, ки Рустами Абдураҳим, нафаре, ки дар ташкили Горди миллӣ саҳм дошт, эътироф мекунад, ки Бӯрӣ Ҷобировро контрол намекарданд, балки ӯ худаш ҳайати гордро интихоб мекард. “Масалан, як бачаи хулиганро командир монд, ки номаш Маталӣ буд”,- мегӯяд Рустами Абдураҳим.

Вале инро ҳам бояд гуфт, ки ин нишондоди Рустами Абдураҳим, 8-уми майи соли 1992, баъди ба асорат афтиданаш ба дасти нерӯҳои мухолиф гирифта шудааст.  Ба ҳар ҳол ин гордро генерал-майорҳо Ф. Ниёзов ва М. Муҳаммадҷонов бо автомати “Калашников” таъмин карданд. Ба қавли Бӯрӣ Каримов, теъдоди “Калашников”-ҳое, ки ба Горди миллӣ дода шуд, 1700 адад буд ва 2-юми май силоҳ ба дасти нерӯҳои горд расид. Аммо дар нишондоди Рустами Абдураҳим ин теъдод 700 адад ва санаи тақсими онҳо 24-уми апрел гуфта шудааст. Новобаста аз он ки теъдоди силоҳ чанду буду кадом сана он ба Горди миллӣ дода шуд ва замоне ки муътаризони майдони “Озодӣ” ба Кӯлоб баргаштанд, ин аслиҳаро дар даст доштанд.

Ба қавли Рустами Абдураҳим, “дар назди онҳо масъала гузошта шуд, ки агар давлат иқтидор дошта бошад, оппозитсия бояд пайдо нашавад...”. Дар ҳамин ҳол шаш рӯз баъд аз тасмими таъсиси горд ва мусаллаҳ кардани он, яъне 30-юми апрел шакли идории Тоҷикистон президентӣ эълом шуд ва дар пайи тавофуқе, ки мухолифон бо раисҷумҳуру Девони Вазирон доштанд, иддае аз нафароне, ки дар таъсиси ин горд саҳм доштанд, аз ҷумла Нарзуллоҳ Дӯстов ва генарал-майор Ф. Ниёзов аз мансаб барканор шуданд.

Гузашта аз ин, тибқи зербанди “б”-и банди 1-и протоколи созиши раисҷумҳуру Шӯрои Вазирон, фармони қаблии раисҷумҳур дар заминаи ташкили Горди миллӣ (аслан он горд набуд, балки полки Вазорати умури дохилӣ буд, ки тобеи раисҷумҳур шуд) ботил шуд. Вале ҳукумат силоҳҳои тақсимкардаашро бозпас гирифта натавонист. Ин дар ҳоле буд, ки 5-уми май, вақте генерал-майор Баҳром Раҳмонов, фармондеҳи Горди миллии раёсатҷумҳур бо мухолифин пайваст, мухолифин низ мусаллаҳ шуда буданд.

Дар чунин вазъ 7-уми май протоколи ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ миёни раисҷумҳури Тоҷикистон, Шӯрои Вазирон ва мухолифин ба имзо расид. Тибқи банди 14-и протоколи мазкур, дар иҷлосияи 15-уми Шӯрои Олӣ бояд масъалаи истеъфои Сафаралӣ Кенҷаев ва Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев баррасӣ мешуд.

Бинобар ин Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев, ки аз афроди калидии ҳалқаи ҳомиёни Раҳмон Набиев дар соли 1990-1991 маҳсуб мешуд, аз Душанбе рафт. Ба гумони ғолиб Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев ва Сафаралӣ Кенҷаев бо бардошт аз он ки дар иҷлосияи 15-уми Шӯрои Олӣ онҳо наметавонанд мансабҳои худро ҳизф кунанду тобеи мухолифин мешаванд, Душанберо такр карданд.

Онҳо медонистанд, ки вазъи соли 1992 аз вазъ дар соли 1991 тафовут дорад. Барои ҳамин Раҳмон Набиевро дар Душанбе на танҳо ба ҳоли худ танҳо гузоштанд, балки эълом доштанд, ки Ҳукумати Муросои Миллиро эътироф нахоҳанд кард. 11–уми май сессияи намояндагони Қайроққум эълом дошт, ки Ҳукумати Муросои Миллиро эътироф намекунад. Ба дунболи он 12-уми май Шӯрои вакилони халқи Кӯлоб низ чунин як мавзеи худро эълом дошт.

Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев бошад, 14-уми май дар иҷлосияи 10-уми ғайринавбатии Шӯрои вакилони халқи вилояти Ленинбод ташкили Ҳукумати Муросои Миллиро табаддулоти давлатӣ унвон кард. Бо вуҷуди он ки Раҳмон Набиев дар саҳнаи сиёсӣ “танҳо” монда буд, аммо ба фаъолияташ идома  додан мехост. Зоҳиран ғайриқонунӣ хондани Ҳукумати Муросои Миллӣ аз ҷониби ду ҳуқуқшиноси матраҳи кишвар вазъро ба манфаиати эшон тағйир надод ва Н. Ҳувайдуллоев баъдтар ба Душанбе баргашту додситонии ҳукуматеро ба уҳда гирифт, ки замони аввали ташкили ин ҳукумат онро "табаддулоти давлатӣ" унвон намуда буд.

Оғози задухӯрдҳо ва изҳоротҳои зиддинабиевӣ

Моҳи июн аллакай вазъ дар вилояти Хатлон муташанниҷ шуд. Задухӯрдҳо дар қисмати минтақаи Қӯрғонтеппа ҳоли мардумро ба танг овард. Мухолифини ҳукумат дар минтақаи Кӯлоб зери фишор қарор доштанд. Ин дар ҳоле буд, ки амалан ҳукумати Раҳмон Набиев ба дасти мухолифин гузашта буд. Аммо вазъ дар ҷумҳурӣ аз он башорат медод, ки ҳукумати марказӣ идораи куллии кишварро аз даст додааст.

Ба гунаи мисол, Ҳукумати Муросои Миллӣ дар марказ шакл гирифта буд ва ин гувоҳ бар он буд, ки мухолифин ба ҳадафи худ расиданд, вале зери фишор қарор гирифтани мухолифин дар Кӯлоб, ҳатто Ғаффор Мирзоев, ки байни ду майдон хайма зада буд, ҳамчунин ба ду ҷабҳа қисмат шудани сокинони Вахш аз тасаллути комил бар кишвар надоштани ҳукумати вақт дарак медод.

Дар ҳамин айём, ба назари иддае аз муҳаққиқон, Шодмон Юсуф иштибоҳе кард, ки боиси оғози зиддияти Русия бо мухолифин шуд, ҳол он ки маҳз бо дахолати русҳо мухолифин дар тирамоҳи соли 1991 тавониста буданд ба мақсади худ ноил шаванд. Замоне ки мухолифин ба дунболи музокира бо Раҳмон Набиев ҷиҳати таҳаққуқи муқаррароти протоколи ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ буданд, ба навиштаи Валерий Яковлев, хабарнигори рӯзномаи “Известия”, Шодмон Юсуф гуфт, “нерӯҳои мусаллаҳи муттаҳидаи ИДМ агар минбаъд ҳам ба ихтилофоти дохилии Тоҷикистон мудохила кунанд, дар он сурат оппозитсия дар гумон аст, аз уҳдаи муҳофизати русзабонҳо барояд”.

 Ин мавзеъгирии “падари демократия” дар Тоҷикистонро коршиносон иштибоҳе медонанд, ки боиси дар муқобили нерӯҳои мухолифин қарор гирифтани Русия шуд. Дар натиҷа Ҳукумати Муросои Миллӣ, ҳукуматеро, ки вилоёти Кӯлобу Ленинобод эътироф надошт,  контроли вазъро аз даст дод ва Тоҷикистон ба гирдоби ҷанг печид. 16-уми июни соли 1992 дар шаҳри Қӯрғонтеппа тирпаррониҳо оғоз шуданд.

11 рӯз баъд аз аввалин тирпарронӣ дар ин шаҳр, 27 –уми июн дар ноҳияи Вахш бархӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. 27-уми июл бошад, дар натиҷаи бархӯрдҳои мусаллаҳона дар деҳаи Сари Пули совхози Бахти ноҳияи Вахш 54 нафар кушта шуд. Талошҳои собиқ мухолифин, ки акнун аз як ҷониб соҳиби ҳукумат шуда буданд ва ҷониби муқобил, яъне ҷонибе, ки қабл аз Ҳукумати Муросои Миллӣ зимоми давлатдорӣ дар даст дошт, барои хотима бахшидан ба бархӯрдҳои мусаллаҳона бенатиҷа анҷом ёфт. Як вохӯрии ҷонибҳо дар таърихи 20-уми июн дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ва дуюм дидори онҳо дар шаҳри Хоруғ дар 26-уми июл баргузор шуд, аммо баъди мулоқоти баъдӣ дар Совхоз-техникуми ноҳияи Бохтар зардухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст, ки албатта, аз бенатиҷа будани гуфтушунидҳо дарак медод.   

Идома дорад...

Барчаспҳо:
саҳми бузург, Президент, Раисҷумҳур, Раҳмон Набиев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ