03:53 16 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Здание предприятия Нури Ховар (Заря Востока)

Аз урониюм то калушу метал: Табошар чи гуна шаҳр шуд?

© Sputnik
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
34831

Табошар, қабл аз он, ки шаҳр шавад, як қишлоқи кӯчак буд. Мавҷудияти канданиҳои фаровони табиӣ ба хусус уран, ба ин деҳа мақом бахшид ва соли 1938 он шаҳрак шуд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Нахустин бомбаи  ҳастаӣ (атомӣ), ки хамирмояи он, аз уран иборат мебошад, аз ҳисоби маводи конҳои ҳамин шаҳрак ба даст омада ва тавону иқтидори мудофиявии Иттиҳоди Шӯравиро тақвият бахшидааст.

Дар солҳои 50-уми асри гузашта, Иттиҳоди Шӯравӣ, барои нерӯманд гардонидани аҳамияти мудофиявии худ, ба сохтани аввалин бомби ҳастаӣ (атомӣ) шурӯъ кард.  Барои коркарди уран, ки хамирмоя, ё маводи меҳварии ин яроқи мудофиявӣ ба ҳисоб меравад, дар шаҳри Чкалови собиқ, ҳоло Бӯстон дар шимоли Тоҷикистон, Корхонаи кӯҳӣ-кимиёвии Ленинобод (Ленинабадская горно-химическая комбинат) таъсис дода шуд. Корхонаи воҳиди давлатии “Фузулоти нодири Шарқ” (пештар Востокредмет) ҳоло ҳам мавҷуд мебошад. 

Ҳарчанд, ин корхона дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) таъсис дода шуд, аммо конҳои истихроҷи уран дар Табошари пештара, ҳоло шаҳри Истиқлол воқеъ буд. Бахше аз маводи уран, барои силоҳи ҳастаӣ Иттиҳоди Шӯравӣ ё СССР аз ҳамин ҷо ба даст омадааст. Зимнан дар шаҳри Истиқлол (Табошар) конҳои бозмонда аз он давронро метавон дид, ки аҳамияти геологии ин макону воқеъияти он замонро собит мекунанд.

Здание хукумат города Истиклола (Табошар)
© Sputnik
Здание хукумат города Истиклола (Табошар)
Корхонаи “Фузулоти нодири шарқ” (собиқ “Востокредмет”)  ҳудуди 20 сол ба коркарди уран машғул шуд ва дар соли 1967 аз кор бозистод.

Аммо дар соли 1968 дар пайи аз фаъолият мондани “Фузулоти нодири шарқ” корхонаи дигар бо номи “ Завод “Заря Востока” - ҳозира КВД “Нури Ховар” созмон дода шуд. Ин корхона ибтидо филиали комбинати химиявии Бийск буд ва баъд аз соли 1970 мустақил шуд ва он расман “Завод “Заря Востока” номида шуд, ки ҳоло Корхонаи воҳиди давлатии “Нури Ховар” дар шаҳри Истиқлол (Табошар) мебошад.

Бунёди ин корхонаи дорои заминаи кифояи энергетикию истеҳсолӣ  ба рушди вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрак пояи устувор гузошт ва Табошарро як исми маъруф дар миёни давлатҳои Шӯравии пешин қарор дод.

Соли 1972 дар ин Корхона барои аввалин бор истеҳсоли калушҳои миллӣ ба роҳ монда шуд. Дар соли 1976 сехи истеҳсоли қубурҳои ба фишори баланд мутобиқ ва баъдтар сехили истеҳсоли нон ва матоъҳои полиэтиленӣ роҳандозӣ гардидааст.

Татьяна Пантелеева, мудири бахши иқтисод ва савдо дар ҳукумати шаҳри Истиқлол дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамагӣ баъд аз ду се соли таъсисёбиаш  ин Корхона бо нишондоди ҳаҷман баланди истеҳсолӣ рекорд гузошт.

“Корхонаи “Нури Ховар” (собиқ Заря Востока) ҳаҷми истеҳсоли ноқилҳои гармидиҳандаро ба беш аз 450 ҳазор метр, истеҳсоли респираторҳоро ба 38 милион адад, ва тавлидоти калушро ба 7 милион ҷуфт дар як сол расонида, ба марраи рекордӣ дар миёни коргоҳҳои саноатии собиқ Шӯравӣ расидааст”, - афзуд Пантелеева. 

Современный Табошар, архивное фото
© Sputnik
Современный Табошар, архивное фото
Бино ба арзёбии ҳолдонҳо Корхонаи “Нури Ховар”, то соли 1985 мунтазам кор карда, то 20-30 сехҳои гуногуни истеҳсолӣ ташкил кардааст.

То замони бозистодани чархаҳои ин Корхона дар шаҳраки Табошар ҳудуди 20 ҳазор аҳолӣ ба ҳисоби намояндагони 17 миллат зиндагӣ мекард.  

Аммо баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, фаъолияти иқтидории ин Корхона ба шиддат поин рафт.  Ашёи хоме, ки аз ҳисоби давлатҳои узви Шӯравӣ ворид карда мешуд, бо сабаби носозгории он замон қатъ гардид ва ин ҳол корхонаро аз фаъолият мононд. Ин ҳол боис шуд, аксар кӯҳканҳову саноатчиёни русу олмон ва дигар миллатҳо ин шаҳрро тарк карданд.

Соли 1993 баъди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил шуд, ба шаҳраки Табошар, мақоми шаҳри тобеи вилоят дода шуд.  Ҳоло шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) яке аз шаҳрҳои тобеъи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 

Зимнан ин аввалин шаҳр дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар рӯзи 29 марти соли 2012 дар асоси  Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр бо номи Истиқлол иваз карда шуд.

Дома построенные из камня г. Истиклол
© Sputnik
Дома построенные из камня г. Истиклол
Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири тақвияти иқтидори саноатӣ ва дубора эҳё намудани шуҳрати пешинаи шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) дар соли 2017 Заводи металургии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Хитой” ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.  Бино ба иттилоъи расмӣ, ин корхона бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби сармояи давлатӣ  ва хориҷӣ аз ҳисоби кишвари Чин сохта шудааст.

Гуфта мешуд, иқтидори лоиҳавии “Ширкати кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Хитой” дар шаҳри Истиқлол дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб буда, имкон дорад, 600 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин гарданд. Дар ҳоли ба кор андохтани марҳилаи дуюуми сеюми ин корхона рақами шумори коргарон то ба 2000 афзоиш хоҳад ёфт.

Аммо ҳоло мушоҳида мешавад, ки “Ширкати кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Хитой” воқеъ дар шаҳри Истиқлол фаъолият намекунад ва сабаби дуруст кор накарданаш ҳам шаффоф нест.  

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ шумори кормандони ин корхона аз 600 нафари соли аввали фаъолият, то ба 423  нафар дар соли 2018 ва ба 391 нафар то давраи шаш моҳи соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст.

Вход в парк Табошара
© Фото : из личного архива Александра Бриттнера
Вход в парк Табошара
Қаблан мушкили обрасонӣ ва таъмин бо хатти барқ аз проблемаҳое барои ба кор андохтани корхона гуфта мешуд. Аммо ин проблемаҳо ба кӯшиши мақомоти шаҳри Истиқлол ҳал шуда, аммо ҳанӯз гардиши чархаҳои Корхона ба назар намерасад.

Баъзе коршиносон ба фориғболии масъулини корхона  ишора карда мегуянд, ки чиниҳо тарафдори ҳарчи бармаҳал ба кор андохтани корхона нестанд, то, ки сирри худро ифшо накунанд.

Ба арзёбии коршиносон кони маъдани воқеъ дар минтақаи Зарнисор, ки дар ихтиёри “Ширкати кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Хитой” қарор дода шудааст, аз хокае иборат буда, ки дар таркибаш, зуҳуроти нуқраву тилло мавҷуд мебошад. Аз ин лиҳоз хитоиҳо намехоҳанд, инро фош созанд ва онҳо хостори ворид кардани маъдан аз кишвари Узбакистон ҳастанд. Зеро хокаи ин кон дар Корхонаи истеҳсоли нуқра, ки тобеъи “Ширкати кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Хитой” дар Зарнисори шаҳри Гулистон мебошад, коркард карда мешавад.

Дома построенные из камня г. Истиклол
© Sputnik
Дома построенные из камня г. Истиклол
Қарор буд, дар паи ба кор оғоз кардани ин “Ширкати кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Хитой”дар шаҳри Истиқлол, сохтмони басти дуюми он дар соли 2019 шурӯъ шуда ва то соли 2020 бахши сеюми он ба кор даромад, коркарди анвоъи гуногуни метал аз ҷумла мис, руҳ ба роҳ монда шавад. Аммо мушоҳидаҳо ҳокӣ аз онанд, ки  кор дар ин самт тибқи нақша сурат намегирад. 

Чаҳор корхонаи саноатии шаҳр, ҳаҷми маҳсулоти саноатиро давоми шаш моҳи соли равон  ба 16 милиону 468 ҳазор сомонӣ расонидаанд.

Ҳоло дар ин шаҳр зиёд иморату иншоотҳоеро дидан мумкин аст, ки танҳо дар онҳо замоне кор мунтазам ҷараён доштааст, аз ҷумла  Корхонаи “Нури Ховар” (пештара “Завод “Заря Востока”), ки барои ба даст овардани иқтидори пешинаи саноатиаш ба гардиш даровардани зиёд чархаҳои он лозим меоянд.

Ҳоло шаҳр боқӣ мондааст, аҳолии қобили мулоҳиза низ ҳаст, аммо корхонае, ки бо фаъолияти густурдаи худ, нишондодҳои истеҳсолиро дар ин шаҳри таърихан саноӣ назаррас гардонад, кам дида мешавад.

Барчаспҳо:
Хуҷанд, бино, таърих, Табошар, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ