21:34 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы

Таниш дар марз: аз чӣ оғоз шуду ба чӣ расид

© Фото / пресс-служба ГПС КР
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
857 0 0

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд, ки наздик ба 50 дарсади и он, ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 16 - уми сентябр рух дод, боиси марги се сарбози Тоҷикистон ва як сарбози Қирғизистон, инчунин маҷруҳ шудани чандин мардуми маҳалӣ шудааст.

Муноқишаи марзӣ аз чи шурӯъ шуд

Рӯзи 16 сентябри соли равон ҷониби Қирғизистон эълон кард, Тоҷикистон ният дорад дар роҳи Ош-Исфана, ки тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад постгоҳи назоратӣ созад.

Дар ҳамин ҳол, Иқбол Тешаев, роҳбари дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара гуфт сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло дар ин қитъаи роҳ дар қаламрави худ сангрезаву шағал рехтанд, аммо расонаҳои иттилотии Қирғизистон аз ин иқдом як ҳангома месозанд.

Қирғизистон низ тасмим гирифт дар роҳи Исфара-Ворух постгоҳ созад.

Ҷониби Қирғизистон барои бунёди постгоҳ техникаву масолеҳи сохтмон овардааст. Қирғизистон макони сохтмони постгоҳро омода кард.

Мақомоти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки мувофиқи созишнома ва санадҳои байниҳукуматӣ, Қирғизистон дар ҳудуди номуайян наметавонад сохтмон кунад. Тибқи санаде, ки соли 2014 ба имзо расида буд, Қирғизистон бояд дар роҳи гузар аз баромади Хоҷаи Аъло то Ворух қитъаи роҳ созад. Тибқи созишнома, байни Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури деҳаи Оқ-Сойи Қирғизистон бояд роҳи мошингард месохт. Тоҷикистон қитъаи роҳи худро сохтааст, аммо ҷониби Қирғизистон, қитъаи худро намесозад. Роҳ бояд аз он ҷо гузарад, ки Қирғизистон дар он дорад постгоҳ месозад.

Садои тир ва аввалин хабари нохуш аз марз

Шоми 16 сентябри соли равон дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо нашри як баёния эълон кард, ки ҷониби қирғиз бар хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас кардааст, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар кардааст.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки ҷониби Қирғизистон ба иғвогарӣ даст зада, соати 19:00 ба самти  сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор  тир кушоданд, ки дар натиҷа якчанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон маҷруҳ шуданд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон зикр намудааст, ки айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.

Мақомти Қирғизистон эълон кард, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Суҳбати телефонии ду вазири хориҷа

Рӯзи 17 сентябри соли равон, дар як суҳбати телефони Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон вазъияти марзро, ки миёни низомиёни ду кишвар ба тирандозӣ анҷом ёфт, баррасӣ намуданд.

Сипас, раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо даъвати ҷаласаи махсус, вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки ахиран ба тирандозии низомиёни ду кишвар анҷом ёфт, баррасӣ кард.

“Сооронбой Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон, имрӯз 17 сентябри соли равон дар бораи ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбари дастгоҳи Президент Досали Эсеналиев, раиси Шӯрои амният Дамир Сагинбаев, вазири умури хориҷа Чингиз Айдарбеков ва роҳбари шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи раисҷумҳур Дониёр Сидиқов  анҷом дод”, - таъкид дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон.

Зимни ҷаласа Сооронбой Жээнбеков, таъкид намудааст, ки аз доман задан ба ҷанҷол дар марз бо Тоҷикистонро худдорӣ кунанд ва миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзур намоянд.

Раисҷумҳур таъкид намуд, ки ҳалии масъала бояд дар чаҳорчуби қонунҳои байналмилалӣ ва созишҳои қаблӣ сурат бигирад.

Хабари марги сарбозони ду кишвар

Рӯзи 17 сентябри соли равон аввалин хабар дар бораи марги сарбозон дар задухурди марзӣ, мақомоти Қирғизистон интишор кард.

Мақомоти Қирғизистон эълон кард, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Раисҷумҳури ин кишвар низ зимни ҷаласаи махсус ба хонаводаи марзбони қирғизе, ки ба ҳалокат расидааст изҳори ҳамдардӣ кард.

Аммо мақомоти Тоҷикистон пас аз як рӯз баъд аз ҳодиса тасдиқ кард, ки зимни муноқишаи марзӣ се сабози тоҷик ба ҳалокат расидааст.

Ин хабарро сухангӯи раиси вилояти Суғд, Музаффар Юнусов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.

Ба гуфти манбаъ дар воқеъ се марзбони тоҷик як подполковник ва ду сарбоз дар паи тирпарронӣ ҷон бохтанд.

Ҳалокшудагон - коменданти сарҳадии ҷамоати Овчӣ-Қалъача подполковник Убайдуллоев Рустам Амонуллоевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Ҳисор, сарбози қаторӣ Исломов Рамазон Аҳмадович, соли таваллуд 28.12.1998, сокини деҳаи Кирови ҷамоати Чоргултеппа (ноҳияи Вахш) ва сарбози қаторӣ Суванов Ғиёсиддин Наҷмиддинович, соли таваллуд 20.02.2000, сокини деҳаи Тӯйчиеви ҷамоати Зарбдор (шаҳри Турсунзода).

Сипас Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар номаи номаи эътирозии худ таъкид намуд, ки дар паи амали иғвогаронаи ҷониби Қирғизистон се сарҳадбони Тоҷикистон кушта шуда, чандин нафари дигар аз ҷумла занон ва ду кӯдак маҷрӯҳ шуданд.

Эътирозҳои дипломатӣ

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек дар робита ба вазъияти феълӣ дар марзи ду кишвар, нотаи эътирозӣ равон карда, аз амалкарди марзбонони тоҷик вобаста ба тирпарронӣ изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки барои ба эътидол даровардани вазъият дар марз аз тамоми чораҳо кор бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз амали ҷониби Қирғизистон дар марз, изҳори нигаронӣ карда, ба ваколатдори муваққатии ин кишвар дар Тоҷикистон, номаи эътироз супурд.

Мақомоти Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҷониби Қирғизистон дар ҳудуди замини мувофиқанашуда ба сохтусози иншоот оғоз кардааст.

"Ҷониби Қирғизистон ба ҷои ҳодиса 250-300 низомиёнро овард, ки дар муқобил ба сокинони осоиштаи деҳаи Баҳори Тоҷикистон аз силоҳ истифода карданд. Бо ин амали худ онҳо марзбонони тоҷикро водор карданд барои муҳофизати мардуми осоишта, чораҳои ҷавобӣ андешанд", - омадааст дар изҳороти ВУХ Тоҷикистон.

Манбаъ афзуда, ки дар паи амали иғвогаронаи ҷониби Қирғизистон се сарҳадбони Тоҷикистон кушта шуда, чандин нафари дигар аз ҷумла занон ва ду кӯдак маҷрӯҳ шуданд.

"Ҷониби Тоҷикистон бо мақсади мувофиқат кардан ба созишномаҳои қаблӣ, аз ҷумла созишномаҳое, ки зимни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар моҳи июли соли равон имзо шуд, бори дигар аз ҷониби Қирғизистон даъват мекунад, ки аз амалҳои харобиовар дар сарҳади давлатӣ худдорӣ кунанд ва барои пешгирии чунин иғвогариҳо дар марзи ду кишвар, чораҳои таъхирнопазир андешад", - омадааст дар изҳороти ВУХ Тоҷикистон.

Мулоқоти мақомоти олии ду кишвар дар марз

Рӯзи 18 сентябри соли равон Дар гузаргоҳи марзии “Қизил-Бел”-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти Қоҳир Расулзода, сарвазирони Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқулӣ Абилғозиев баргузор шуд.

Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон таъкид намудааст, ки сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба задухурди мусаллаҳонае, ки боиси марги сарбозон анҷом ёфт, изҳори таассуф ва ба пайвандону наздикони ҳалокшудаҳо ҳамдардӣ баён карданд.

“Тарафҳо хостори фаъолтар намудани корҳо дар дар самти таъйин ва аломатгузории хати марзҳои давлатӣ ва аз байн бурдани масъалаҳои марзӣ шуданд.

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев ва Қоҳир Расулзода бори дигар аз созишномаҳои қаблан ба тавофуқрасида ҷонибдорӣ намуданд ва таъкид намуданд, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд аз равишҳои созанда кор гирифт.

Аз ҷумла, сарвазирон ба раҳбарони хадамоти марзбонӣ ва мақомоти маҳалли ду кишвар дастур додаанд, ки ҳамкориҳоро дар тамоми сатҳо тақвият бахшида, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон пурзӯр кунанд.

Муовинони сарвазирон ва раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон вазифадор карда шуданд, ки фардо дар маҳалли ҳодиса корҳои муштаракро барои тезонидани ҳалли мушкили ба вуҷуд омада идома диҳанд.

Натиҷаи музокирот

Имрӯз 18 сентябри соли равон, дар маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз анҷом ёфт.

Бар хабари расонаҳои маҳаллӣ субҳи имрӯз музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи марз наздики се соат давом намуда, дар фарҷом ҳар ду тараф ба мувофиқа расиданд.

Ҳамин тариқ, натиҷаи гуфтушунидҳо чунин аст, ки ҷониби Қирғизистон дидбонгоҳи назоратиро хароб мекунад ва ҷониби Тоҷикистонро онро бунёд намекунад.

Инчунин, қарор дода шуд, ки қувваҳои иловагӣ ва техникаи ҳарбӣ аз соати дуи бегоҳ аз ду тараф бароварда шаванд.

Барчаспҳо:
сарбозон, марзбонон, кушта, эътироз, сарвазир, музокирот, тирпарронӣ, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ