01:52 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Сомони и доллары, архивное фото

Интиқол манъ аст: чаро фиристодани маблағ аз Русия ба Тоҷикистон имкон надорад

© Sputnik / Стас Этвеш
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
329 0 0

Қоидаҳои нави пешниҳодкардаи Бонки Миллии Тоҷикистон сади роҳи на танҳо интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон шудаанд, балки пулҳои то 3 декабр фиристодаро низ муштариён гирифта наметавонанд, ки ин як мушкилии навбатӣ болои аҳолии Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ду рӯз боз дар Тоҷикистон мушкилии интиқолу гирифтани пул дар авҷ аст. Шаҳрвандон ба бонкҳо барои гирифтани пулҳое, ки наздиконашон ба онҳо аз Русия фиристодаанд мераванд, аммо мутаассифона бе натиҷа, чунки онҳо аз сабаби қоидаҳои нав пешниҳод кардаи Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) пулҳояшонро гирифта наметавонанд.

Ҳамаи ин саргардониҳои мардуми ҷабрдидаи тоҷик танҳо як сабаб дорад, ки ин маҷбурсозии системаҳои интиқоли пулӣ ба воситаи маркази пардозиши (просессингӣ) БМТ, ки барои ин гуна мақсадҳо сохта шудааст, мебошад.
Дигархелтар карда гӯем БМТ мехоҳад интиқоли пули муҳоҷиронро аз хориҷа ба Тоҷикистон зери назорати худ гирад. Ғайр аз ин системаҳои интиқоли пул аз хориҷа бояд бо гузоштани пули пешакӣ дар бонкҳои Тоҷикистон кор кунанд, яъне пешакӣ маблағгузорӣ кардан ба Тоҷикистон ва баъд он пулро аз ҳисоби пули муҳоҷирон барқарор намудан.

Пул нест, аммо шумо тоқат кунед

Гузариш ба чунин системаи интиқоли пул аз хориҷа ба Тоҷикистон дасти кам бояд дар давоми 3 моҳ меанҷомид, гарчанде, ки ҳангоми чунин тағйиротҳо ҷонибҳо чунин масъалаҳоро солҳо омухта баррасӣ менамоянд.

Дар натиҷаи амали намудани чунин қоидаи нави БМТ, 3 декабр маълум гардид, ки бисёре аз системаҳои интиқоли пул, ки барои муҳоҷирон муфид буданд ва бо фисади камтар маблағи онҳоро интиқол медоданд ба шартҳои он омода набуданд, ғайр аз - Юнистрим, Contact и Western Union.

Аммо мутаасифона MoneyGram ва аз ҳама системаи интиқолдиҳандаи арзон ва миёни муҳоҷирон машҳур "Золотая корона" (нисбати дигар операторҳои системаи интиқол ду баробар арзонтар аст)  ба системаи пешниҳодкардаи БМТ пайваст нашуданд.

Таъҷибовар он аст, ки “Юнистрим” тавонистааст ин масъаларо бо БМТ ҳал кунад, аммо “Золотая “корона” не.

Аммо 3 декабр ногаҳон маълум шудааст, ки қариб ҳамаи операторҳо, ҳатто онҳое, ки ба системаи нави БМТ пайваста буданд, интиқоли пулро бо асъори миллӣ қатъ намуданд. Ин ба истисони “Юнистрим” аст, ки он ҳам нимаи аввали рӯз бо мушкили ва танҳо дар пойтахт кор мекард. Дар Русия бошад кормандони бонкҳо ва оперетоҳои хазинавӣ ба муштариён мегуфтаанд, ки аввал аниқ кунанд, ки агар пул фиристанд гиранда метавонад маблағи онҳоро дастрас кунад ё не?

То бегоҳ ба ҷуз "Юнистрима", Contact, низ ба хидматрасонӣ шуруъ кард.

“Ягон мушкилие вуҷуд надорад, мо хидматрасониҳои интиқоли пулиро чихеле, ки буд ба воситаи "Юнистрима" ва Contact  давом дода истодаем. Навбатпоиҳо шояд дар он ҷойҳоеанд, ки буданд, аммо мо чун ҳарвақта фаъолем, - гуфтаанд кормандони бонки “Ҳумо”.

Аммо мутаасифона шаҳрвандони зиёде, ки ба “Золотоя корона” MoneyGram одат карда буданд натавонистанд пулҳояшонро гиранд.

Тоҷикистон кашола намедиҳад

Ба гуфтаи таҳлилгари молиявӣ ва коршиноси Институти таҳлилӣ-стратегии Русия, Михаил Беляев қарори мақомоти Тоҷикистонро метавон қонуннӣ ҳисобид.

“Бонки миллӣ бо як сабаб ба ин қарор омад. Интиқоли пул аз хориҷа ба Тоҷикистон як қисмати асосии буҷаи кишварро ташкил медиҳад ва табиист, ки мақомоти роҳбарикунанда мехоҳанд ин ҷараёнро зери назорати онҳо бошад. Барои онҳо истифодаи системаҳо мавҷуда, ки ба таври пурра имкони назорат карданро намедиҳанд на он қадар мувофиқ аст. Албатта ин ҷо боз як масъалаи дигар ин фоида аз ҳисоби интиқоли пул аст, ки он метавонад дуюмдараҷа бошад”, - мегӯяд Беляев.

Хоҳиши назорат аз болои интиқоли маблағе, ки 30 дар сади ММД кишваррро ташкил медиҳад ин худ ба худ маълум аст ва ягон шарҳ талаб намекунад. Аммо сабаби тезонидани муҳлати ин қарори ҳукумати Тоҷикистон дар шакли якҷониба то ҳол муаммо мемонад.

Шояд мақомоти кишвар ба хулосае омад, ки агар операторҳои системаи интиқоли пул намехоҳанд ҳисаи худро дар ин бозор аз даст диҳанд албатта ба шартҳои БМТ розӣ мешаванд, чунки роҳи дигар надоранд.

Аммо мушкили дар он аст, ки яке аз системаҳои пулинтиқолдиҳии машҳур ҳамин хел ҳам кард. Ҳоло бошад ҷонибҳо роҳи ҳали ин мушкилиро ҷустуҷӯ доранд, чунки оилаҳои зиёде дар Тоҷикистон, ки бо пули фиристодаи пайвандонашон аз Русия зиндагиашонро пеш мебаранд гирифтори ин мушкилӣ гардида ҳайрону саргардон чи кор карданашонро намедонанд.

“Ин ҷо гап дар бораи якчанд миллион одам меравад. Ва то ҷое, ки ҳарду ҷониб то куҷо тунд будани ин мушкилиро мефаҳманд набояд ин масъала кашола ёбад”, - мегӯяд Беляев.

Ба фикри ӯ шаҳрвандони одиро мебояд аз боло рафтани фисади интиқоли пул ҳаросон нашаванд. Худ ба худ масъалаи интиқоли маблағ аз Русия, ки махсусан ба ин кишвар муҳоҷирон барои кор меоянд ба Тоҷикистон ҷанбаи иқтисодиашро гум карда ба сиёсӣ табдил меёбад ва метавонад норозигии ҷомеаро ба миён овард, ки ҳукумати ҷумҳури кӯшиш мекунанд то ба ин ҳад ин мушкилиро нарасонанд.

Ширкатҳо ҳам намехоҳанд бар зарари худ кор кунанд, барои ҳамин дар як муҳлати кутоҳ БМТ бо ширкатҳои интиқолӣ ба як созиш оқилона меоянд, мегӯяд президенти ассотсиатсия “Пулҳои электронӣ”, Виктор Достиев.

“Интиқоли маблағҳо – ин бисёр як масъалаи ҳасос барои кишвар ба ҳисоб меравад. Аммо чунин ҳолатҳо ҳамеша роҳи ҳали худро меёфтанд. Фикр мекунам ин дафъа низ ҳал мешавад. То ҳол намефаҳмам, ки чаро мақомоти Тоҷикистон чунин мавқеи сангдилонаро пеш гирифта, имкон намедиҳад чун ҳарвақта кори одамон пеш равад, аммо ман фикр мекунам, ки ин масъаларо ба таври хирадмандона ҳал мекунанд ва барои гузаштан ба системаи нав боз вақт медиҳанд”, - тавзеҳ дод ба Sputnik Тоҷикистон Достов.

То ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон берун аз кишвар сарсону саргардон дар фикри онанд, ки пулҳояшонро чигуна ба зану фарзандонашон барои рӯзгузаронӣ фиристанд, ягон роҳи дигар ҷуст, ба воситаи дӯстон равон кард ва ё аз роҳҳои солҳои 90-ум пеш гирифт, ҳамашро вақт нишон медиҳад.

Барчаспҳо:
муҳоҷир, интиқоли пул, Бонки миллӣ, пул, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ