Агар Доктор Нодир мебуд: кадом пизишкони тоҷикро дар Афғонистон интизоранд?

© Sputnik / Tariq AzimКабул во время карантина
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар даҳлези шифохонаи Нусай ҷасади бо матои сафед пӯшидае рӯи мизи равон хоб аст. Ин ҷасади Ҳокимбек, фармондеҳи марзбонии вулусволист, ки рӯзи 8 апрел дар пайи гулӯлаборони Толибон ба шаҳодат расид

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ҷасади ӯ якуним рӯз аст, ки ин ҷо нигаҳ дошта мешавад. Соат ба соат мегандад ва бӯи ногувораш клиникаро пур мекунад. Тайёрае, ки бояд ҷасади ӯро ба зодгоҳаш рустои Варфаки вулусволии Моймай интиқол диҳад, ба далели номусоидии ҳаво аз нимароҳ ба Файзобод, маркази Бадахшон баргашт.

Добровольцы в защитных костюмах распыляют дезинфицирующее средство против распространение коронавируса в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Одамон мемиранд: Афғонистон аз Тоҷикистон дархости ирсоли пизишк ба кишвар кард

Дар утоқе Қуддусхон, муовини Ҳокимбек бо марг дасту панҷа нарм мекунад. Дар шиками ӯ чарраи гулулаи ҳовон асобат карда, ӯро ба ҳолати кома афкандааст.

Доктор Нисо, ё Нисо Ғуломносирова, пизишки тоҷике, ки шаш сол ба ин сӯ дар клиникаи Нусай аз рӯи тахассуси духтури атфол (педиатр) кор мекунад, бо иттифоқи се қобила (акушерка) аз Қуддусхон ва ҳам се сарбози дигари захмишуда аз ҳамлаи Толибон муроқибат мекунанд. Доктор Нисо шаби 9 апрел дар тамос бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи Қуддусхон хеле вахим ва нигаронкунанда аст.

“Худо кунад, ки то субҳ зинда монад. Агар монд ва фардо ҳаво хуб шуд, тайёра меояд ва Ҳокимбекро ба зодгоҳаш барои гӯру чӯб ва Қуддусхону сарбозонро ба маркази вилоят – Файзобод барои ҷарроҳӣ мебарад”, - гуфт Нисо Ғуломносирова.

Қуддусхон ба ҷарроҳӣ ниёз дорад, аммо танҳо духтури ҷарроҳ, ки низ аз Тоҷикистон аст, як моҳ қабл ба ватан баргашта, пас аз қарантина шудани марзҳо бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Афғонистони ҳамсоя натавонист сари вазифа баргардад.

Нодир Ҳакимов, ҷарроҳи 64 – солаи тоҷик, аз соли 2008 ба ин сӯ сартабиб ё сардухтури шифохонаи Нусай аст, ки ҳудуди як моҳи пеш ба зодгоҳаш Қалъаи хумби Дарвози Тоҷикистон баргашта буд. Вай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раводид дорад, се маротиба барои убур аз марз ба гузарогоҳи Рузвай рафт, то ба Афғонистон гузарад, аммо иҷоза пайдо накард.

Пирузии пизишкони Эрон: 32 ҳазор 309 нафар аз коронавирус шифо ёфт

“Қаблан озод рафта меомадам, аммо ҳоло ки меравам, марзбонон мегӯянд, фармон аз боло доранд, ки касеро иҷозаи вуруд ё хуруҷ надиҳанд. Ман барои мариз ҷонамро медиҳам. 12 сол аст, ки хизмати он мардумро карда, нонашонро хӯрдаам. Бало ба паси “вируси корона”, ҳоло омодаам, ки биравам. Аммо қонуни давлат аст. Бубинед, аслан касе иҷозаи хуруҷ на фақат ба Афғонистон, балки тамоми дунё надорад”, - гуфт Нодир Ҳакимов.

Пизишки сеюми тоҷик, ки низ дар Нусай кор мекунад, Гулчеҳра Булбулсаидова аст, ки 10 март ба Тоҷикистон баргашт ва дар шифохонаи Қалъаи Хумб 14 рӯз марҳалаи қарантинаро гузашта, худро пеши фарзандонаш ба Душанбе расонд. Вай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба хотири ташаннуҷи авзоъ ва ин ки бузургсол аст, ба ӯ дар Нусай маслиҳат доданд, ки ба ватан баргардад.

“Акнун маълум нест, ки вазъи он ҷо ҳам чӣ мешаваду ин қарантина ҳам чӣ қадар давом меёбад. 15 сол мешавад, ки дар Афғонистон кор мекунам. Аввал, дар Шуғнону Ишкошим кор кардам ва ҳоло Нусай. Агар иҷоза диҳанд, омодаам, ки баргардам. Бале, хатарнок аст, аммо рисолати духтур кӯмак ба мардум ва наҷоти одамон аст. Мо таваккал ба Худо карда, бо ҷону дил ин хатарро қабул мекунем”, - гуфт Гулчеҳра Булбулсаидова.
Афганский медработник проверяет температуру пассажира в качестве профилактической - Sputnik Тоҷикистон
Мубталоёни коронавирус дар Афғонистон якбора зиёд шуданд

Қаблан Абдуғаффори Гардиш, муовини вулусволи Нусай, тариқи расонаҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки барои вуруди пизишкони тоҷик ба Афғонистон иҷоза диҳанд. Дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ва ҳам генерал – консулии Афғонистон дар Хоруғ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин боб муроҷиати расмие ба Тоҷикистон ирсол накардаанд.

Зайнулобиддини Обид, консули генералии Афғонистон дар Хоруғ, гуфт, иҷозаи пизишкон дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон аст ва онҳо наметавонанд дахолат кунанд.

“Ману сафир дирӯз бо вазири хориҷаи Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар конфронси видеоӣ доштем. Он кас аз сатҳи ҳамкориҳои мо изҳори қаноатмандӣ ва бар таҳкими равобит таъкид карданд. Он чӣ аз мо вобаста аст, додани раводид ва иҷозаи вуруд аст. Аммо мо умедворем, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита бо мо ҳамкорӣ мекунад. Тоҷикистон як дӯсти хеле самимии Афғонистон будаву ҳаст ва дар ҳеҷ давру замон моро танҳо нагузоштаву ҳамеша дар канори мо будааст”, - гуфт Зайнулобиддини Обид.

Преступник за решеткой  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳашт соли зиндон барои куштори маъшуқи ҳамсар, шаҳрванди Афғонистон

Духтурони тоҷик дар Бадахшон тибқи барномаи кӯмаки Бунёди Оғохон ба ҳукумати Афғонистон, ки аз ибтидои солҳои 2000, пас аз рӯи кор омадани ҳукумати таҳти ҳимояти Амрикову Ғарб, пиёда мешавад, кор мекунанд. Тибқи ин барнома дар саросари шифохонаҳои Афғонистон даҳҳо пизишки дигари тоҷик низ фаъолият доранд ва ҳаққи заҳмат аз ҳукумати он кишвар ба даст меоранд.

Бино ба иттилои вазорати сиҳати оммаи Афғонистон, ҳоло дар вилояти Бадахшони ин кишвар ду мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” сабт шуда, аммо дар Дарвоз ва дигар манотиқи марзии вилоят ҳолате сабт нашудааст. Аммо он чӣ пизишкони тоҷикро нигарон нигаҳ медорад, вазъи рӯз ба рӯз рӯ ба ташаннуҷи Нусай аст, ки дар пайи фаъолшавии гурӯҳи Толибон пеш омадааст.

Ҳаволии соати 10 – и шаб, ки бо Нисо Ғуломносирова суҳбат мекардем, даргирӣ миёни ин гурӯҳ ва нерӯҳои ҳукуматӣ ҷараён дошт, аммо пизишки тоҷик ҳамоно аз вазъи вахими Қуддусхон, муовини фармондеҳи марзбонии Нусай нигарон буд. Абдуғаффори Гардиш, муовини вулусволи Нусай, субҳи имрӯз, 10 апрел, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи даргирии шаби гузашта ҳеҷ талафоте ба нерӯҳои ҳукумат нарасида, вазъи сиҳатии Қуддусхон ҳамоно вахим аст ва дар ҳоли наомадани тайёра эҳтимоли аз даст додани ӯ вуҷуд дорад.

“Агар Доктор Нодир мебуд, ҳоҷати ин ҳама гап набуд. Мо дигарбора аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки барои пизишкони мо иҷозаи убур диҳад. Ҳадди ақал убуру мурури онҳоро осон кунанд. Иншоаллоҳ, амнияти онҳоро хоҳем гирифт ва мо нерӯи кофӣ дорем, ки иҷоза надиҳем маркази вулусволӣ ба дасти Толибон суқут кунад”, - гуфт Абдуғаффори Гардиш.

Мақомоти Афғонистон теъдоди ғайринизомиёни кушташуда дар 1 соли охирро эълон карданд

Бино ба иттилои ӯ, дар Нусай ҳудуди 100 нафар аз нерӯҳои вижа ва ҳамин теъдод сарбозони вазорати дифоъи Афғонистон бо Толибон даргиранд ва теъдоди пулиси маҳаллӣ ба шумули сарбозони хезиши мардумӣ низ ба беш аз 300 нафар мерасад.

Лентаи хабарҳо
0