09:08 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
941 0 0

 Шӯрои уламои Тоҷикистон тасмим дорад бо тавсияномае шароити дафн ва ҷанозаи мусофирон дар замонаи қарантинаи пешомада дар пайи шуюъи “вируси корона” – ро шарҳ диҳад

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо ба Sputnik Тоҷикистон пас аз шукргузорӣ дар ин маврид, ки то ба ҳол ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар ғурбат аз “вируси корона” нафавтидааст, гуфт, марг ҳақ аст ва тибқи шариати исломӣ, инсон ҳар ҷое, ки фавтид, ҳар чӣ оҷил бояд ба хок супурда шавад.

Вай афзуд, фақеҳони гузашта ва муосир ҳама дар ин бора иттифоқи назар доранд.

“Ҳар қадар ки ташвишу машаққат ва муҳлати дафн зиёд шуд, ҳамон қадар машаққат сари майит меояд, яъне макруҳ аст. Агар ҳар чӣ зуд намози ҷанозаи кас бо иттифоқи чанд мусалмон хонда ва дар қабристони мусалмонӣ ба хок супурда шавад, ҳамон андоза майит зудтар пеши Парвардигори худ ҳозир ва ба суоли ҷавоб омода мешавад ва ҳам савоби зиёде дар ин кор аст. Ҳам майит ором мегирад ва машғул ба суолу ҷавоби худ мешавад, ҳам ворисонаш ором мегирандд, ки Худо раҳматаш кунад, ҷояшро пайдо кард”, - гуфт раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Ҳамасола дар хориҷи Тоҷикистон, бахусус Русия, ки теъдоди бузурги муҳоҷирини меҳнатӣ кору зиндагӣ доранд, садҳо нафар фавтида, ҷанозаи онҳо ба ватан интиқол дода мешавад.

Аммо дар рӯзҳои мо, ки дар саросари ҷаҳон ба далели густариши маризии “вируси корона” пандемия эълон шудаву убуру мурур миёни кишварҳо мутаваққиф шудааст, овардани ҷасадҳо ва ҳам ширкати наздикони онҳо дар ҷанозаи онҳо ғайримумкин мебошад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода як ҳадис аз Ойиша (р), ҳамсар ва саҳобаи Паёмбари ислом овард, ки бино ба он, вақте ҷасади бародараш Абдураҳмонро аз Сурия ба Мадинаи мунаввара оварданд, сари қабри ӯ рафта, мегӯяд: “Агар ман болои сарат мебудам, бародарам, ин қадар машаққатро сарат намеовардам. Ҳамон ҷое, ки ҷонат баромада буд, ҳамон ҷо дафнат мекардам. Аммо ман ки бехабар будам, туро машаққати зиёд доданд”.

“Агар инсон ғарқ мешавад, таги ягон кӯҳ мемонад, ё ягон шеваи дигар мефавтад, то ин ки ҷаноза ва дар қабр гузошта нашавад, аз сӯи Мункару Накир суолу ҷавоб қарор нагирад, дар олами арвоҳ, биҳишт ё дӯзахи Худо ҷойи худро нахоҳад ёфт”, - гуфт раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Афзоиши рекордии гирифторони коронавирус дар Русия : 2774 дар як шабонарӯз

Шӯрои уламои Тоҷикистон ниҳодест, ки дар масоили фиқҳӣ дар ҷомиаи мусалмони Тоҷикистон ҳаққи эълони фатворо дорад ва ҳудуди 25 олими дини кишвар узви он мебошанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)

Мавзӯъҳои асосӣ