20:36 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.09
  • RUB0.14
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
2071 0 0

Абдулло Давлатов ба чор саволе, ки вобаста ба коронавирус корбаронро нигарон мекунад, посух гуфтааст. Ӯ дар наворе дар бораи мавҷи дувуми коронавирус дар тирамоҳ, мутатсияи коронавируси нав ва доруе гуфтааст, ки ҳангоми табобати корона эҳтимоли муришро коҳиш медиҳад

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Доктор Абдулло Давлатов, пизишки номии тоҷик ва муқими Маскав дар саҳифаи фейсбукиаш ба чор суоле, ки ба гуфтаи ӯ, корбаронро вақтҳои охир нигарон мекунад, посух гуфтааст.

Ӯ дар навиштааш, ки наворашро ҳам гузоштааст, масъалаҳои  эҳтимоли мавҷи дувуми коронавирус дар тирамоҳ, "кашф"-и дексаметазон аз ҷониби олимони олмонӣ, истифодаи Гидроксихлорохин ва мутатсияи коронавируси навро шарҳ додааст.

 Тирамоҳ барои коронавирус ҳам шароит фароҳам меорад

Бештари коршиносон мавҷи дувуми коронавирусро дар тарамоҳ интизоранд. Давлатов низ сабабҳои эҳтимоли шуюи мавҷи дувуми коронавирусро дар ин фасл тавзеҳ додааст.

"Ин фасли сол, чун баҳорон, шароити мусоид барои паҳншавӣ ва сирояткунии кулли вирусҳост. Тахмин меравад, ки коронавирус ҳам истисно нест ва хазонрез бо худ мавҷи дуюми ин уфуниро бо худ меорад", - қайд мекунад вай.

Давлатов афзудааст, дар Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва баъзе кишварҳои дигар дубора авҷ гирифтани сироятшавӣ ба беэҳтиётӣ ва беэътиноии худи одамон ва аҷала бардоштани васоили пешгирӣ ин уфунӣ аз тарафи ҳукуматҳо вобаста аст.

 Доруе, ки истифодаи он ҳангоми табобати корона муришро камтар мекунад

Пизишки тоҷик дар такя ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ навиштааст, ки ин ташкилот ба олимони Бритониё ба хотири баррасӣ кардани натиҷаҳои пешакии таҳқиқоти онҳо оиди тасдиқи муфид будани Дексаметазон ва кам шудани шумораи фавтидвгон ҳангоми истифодаи ин дорӯ, ташаккур гуфтааст.

"Аз рӯзҳои аввали шуюъи COVID-19, Дексаметазон, чун дигар дорӯҳои ин гурӯҳ, барои муолиҷаи беморони ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайвастшуда ва синни аз 60 сола боло васеъ истифода мешавад", - тавзеҳ медиҳад Давлатов.

Аз инҷост, ки дексаметазон на зиёда аз 3-4 рӯз истифода мешавад ва таҳти назорати қатъии духтурон, афзудааст манбаъ.

Доруе, ки коронавирусро табобат мекунаду аммо ба марг мерасонад?

Дар бархе аз расонҳо гузореше нашр шуд, ки истифодаи Гидроксихлорохин дар табобати коронавирус манъ шудаасм. Аммо ба гуфтаи пизишки тоҷик ин тавр нест.

"Гидроксихлорохин манъ нашудааст. Балки, СҶТ маблағгузорӣ ва омӯзиши илмии онро дар мавриди истифода бар зидди коронавируси нав қатъ кардааст. Чаро, ки истифодаи зиёди он пасомадҳои манфӣ додааст. Яке аз хатарҳои асосии истифодаи Гидроксихлорохин он аст, ки низоми кори дилро вайрон мекунад. Яъне, аритмия медиҳад, ки дар навбати худ метавонад сабаби марги ногаҳонӣ шавад",- қайд мекунад ӯ.

Коронавирус дар бадани инсон мутатсия шуд

Доктор Давлатов афзудааст, олимони амрикоӣ исбот кардаанд, ки коронавируси нав дар бадани инсон аллакай мутатсия кардааст ва он сафедаи дар пардаи коронавирус бударо, ки D614J номаш кардаанд, ба фарқ аз коронавируси мустақиман аз Чин ворид шуда, ба осонӣ пардаҳои ҳуҷайраҳои баданро вайрон карда дохили онҳо мешудааст ва шушҳову ҷигару рӯдаҳоро зарари ҷиддӣ мерасонидааст.

Аз ин хавфноктараш он будааст, ки ин навъи вируси мутатсия шударо масунияти бадани одам намешинохтааст ва зарараш ба инсон то 8 маротиба хатарноктар будааст.

Сӯҳбати Давлатов аз бақои коронавирус, иштибоҳи табибони тоҷик ва кор дар Ватан

"Чораҳои эҳтиётӣ ва пешгириро аз ҳаёти рӯзмарра ҳазф накунед! Таҳорати дасту рӯ, истиншоқи биннӣ, ғар ғараи гулӯ ва шустани даҳон, пӯшидани ниқоби тиббӣ, фосилагирӣ ва худинвизоӣ, бояд як кори муқаррарӣ бошанд. Дар истифодаи Гидроксихлорохин ва Дексаметазон фақат ва фақат ба тавсияи духтурон такя кунед. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо истифода аз маъхазҳои ғайритиббӣ ва худсарона аз ин дорӯҳо истифода накунед!", - масдиҳат медиҳад дар анҷом Абдулло Давлатов.

Мавзӯъҳои асосӣ