19:57 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
676 0 0

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва сиёсатшинос мегӯяд, Тоҷикистон мекӯшад стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсиониро риоя кунад, аммо барои ин иродаи сиёсӣ кофӣ намерасад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон шаклҳои нави эъломияҳоро дар бораи даромад ва амволи хизматчиёни давлатӣ тасдиқ кард. Ба асоси он акнун онҳо бояд на танҳо дар бораи амволи ғайриманқул, мошинҳои гаронбаҳо ва пасандозҳои бонк, балки ҳатто дар бораи истифодаи қитъаи замини шахсӣ ва шумораи паррандаву чорвояшон, агар бошанд, гузориш диҳанд.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос ва сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов, чунин таваҷҷӯҳи дақиқ ба амволи мансабдорон аз он иборат аст, ки дар Тоҷикистон, ба ғайр аз формати классикии фасод дар шакли тӯҳфаҳои гаронбаҳо ва пул дар лифофа, онҳо метавонанд то ҳол маҳсулоти табииро ришва пешниҳод кунанд.

"Вақтҳои охир ба мансабдорони сатщи миёна ва баландпоя асп тӯҳфа мекунанд, зеро ҳоло дар кишвар варзиши бузкашӣ ва мусобиқаҳои он дар ҳоли рушд аст, ки дар он ҳам пул ҳасту ҳам гаравпулӣ. Ин гуна тӯфакунӣ мӯд аст",- шарҳ дод коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Ғайр аз он, шахсони мансабдори хурд дар деҳот аксар вақт чорвои худро ба деҳқонон барои нигоҳубин месупоранд, ки ин метавонад ҳамчун пораи хурд бошад.

Viber ва WhatsApp - и Ожонсии зидди фасод барои ифшои дуздии кӯмакҳои хайриявӣ

Ба гуфтаи Ҳакимов, ҳукуматдорон мекӯшанд шаклҳои қатъии назорати давлатиро дар бахши давлатӣ ҷорӣ кунанд, зеро гирифтани қарз аз ташкилотҳои байналмилалӣ аз ин вобастагӣ дорад, аммо ҳукумат иродаи сиёсиро барои мубориза бо фасод надорад.

Барчаспҳо:
мансабдорон, Тоҷикистон, коррупсия, таҳлили коршинос, Шокирҷон Ҳакимов

Мавзӯъҳои асосӣ