19:34 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
43310

Алексей Маслов, профессори факултаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Мактаби олии иқтисодиёт, тахмин зад, ки чи гуна Тоҷикистон метавонад ӯҳдадориҳои қарзии худро дар назди Чин иҷро кунад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik.  Тоҷикистон сар аз солҳои 90-ум, бо Чин ба таври усулӣ муносибатҳои зич барқарор мекунад, гуфт, Алексей Маслов, профессори факултаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Мактаби олии иқтисодии Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон.

"Ин як сиёсати комилан муқаррарӣ буд - ҷалби технологияҳои чинӣ, меъморони чинӣ ва сармоягузории Чин", илова намуд коршинос.

Маслов қайд кард, ки диққати асосӣ ба ҷалби маблағҳои Чин тавассути ду роҳ дода шудааст: сармоягузории мустақим ба соҳаҳо, ба монанди сохтмони роҳҳо ва иншооти технологӣ; инчунин қарзҳо барои рушди саноат.

"Қарзҳо ҳамзамон саволҳои асосиро ба миён меоранд, зеро ҳаҷми қарздиҳии Чин ба Тоҷикистон таҳдидкунандатар мегардад. Масъалаи асосӣ дар он аст, ки худи саноати Тоҷикистон наметавонад ин қарзи худро ҳамчун воситаи рушди соҳаи худ истифода кунад", гуфт иқтисодчӣ.

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

Профессор илова намуд, ки вазъ бо пандемияи коронавирус мураккаб аст ва ягона коре, ки ҳоло анҷом дода мешавад, ин таҷдиди қарз мебошад, аммо барои навсозии саноат ва кишоварзӣ бояд чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Аз рӯи назария, Тоҷикистон метавонад қарзи худро дар назди Чин тавассути таъминоти ашёи кишоварзӣ ва хӯрокворӣ пардозад, илова намуд Маслов.

Қарз аз ХБА барои пардохти фоизи қарзҳои пешин

Аммо барои ин бояд барои модернизатсияи истеҳсолот ва тавсеаи он бо роҳи сохтани анборҳо дар Чин ҷидду ҷаҳд карда шавад.
Чунин раванд, ба гуфтаи коршиносон, метавонад 4 солро дар бар гирад, ки ин беҳтар аст аз қарздорӣ дар назди Чин.

Барчаспҳо:
қарз, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ