19:12 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
180 0 0

Котиби давлатии ИМА Майк Пампео шахсан аз қароргоҳи СММ боздид мекунад, то кишварҳои узви Шӯрои амниятро аз барқароркунии таҳримҳои зидди Эрон хабар кунад

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik, Ирина Алкснис. Ҳамчунин раҳбари Вазорати корҳои хориҷаи ИМА дар суҳбат бо шабакаи Fox News рушди ҳаводисро аз нуқтаи назари раҳбарияти Амрико пурра нақл кард.

Ба гуфти Пампео "ҳамаи таҳримҳо барқарор карда мешаванд" ва "дунё оромтар мешавад", чун "Эрон аз имкони ба даст овардани таҷҳизоти зидди ҳавоии Русия ва танкҳои Чин, ки ба тамоми дунё ва авзоъи Ховари Миёна таҳдид мекунанд, маҳрум мешавад". Агар дигар кишварҳо (дар навбати аввал Русия ва Чин) таҳримҳои барқароркардаи ИМА - ро дастгирӣ накунанд, худи онҳоро маҳдудиятҳо интизор аст. Раҳбари Департаменти давлатӣ қайд кард, ки ИМА аллакай "ин корро карда буд <...> замоне, ки давлатҳо таҳримҳои амрикоиро риоя накарда буданд, мо ҳар кишварро барои нақзи қонун ба ҷавобгарӣ кашида будем ва мо ин дафъа низ чунин хоҳем кард".

Дубора бардоштани мавзӯъи Эрон бо таърихи муҳими 18 октябри соли 2020 алоқамандӣ дорад.

Маҳз дар ҳамин торих муҳлати яке аз муҳимтарин бахшҳои созишномаи ҳастаӣ поён меёбад. То 18 октябр интиқоли ҳама гуна силоҳ ба Эрон танҳо бо иҷозатномаи махсуси СММ мумкин аст.

ИМА соли 2018 аз созишномаи СВПД баромада буд ва наздик шудани ин торих амрикоиҳоро водор кард ба узвҳои дигари ин созишнома муроҷиат кунанд - чун ин мавзӯъ барои ИМА бисёр муҳим аст.

Маҳз дар ин росто онҳо ҳафтае пеш мағлуб шуда буданд. Вашигтон кӯшиш кард, ки тариқи Шӯрои амнияти СММ эмбаргоро тамдид кунад.

Ҳатто гап сари ин нест, ки Чин ва Русия ҳуқуқи қатъ кардани онро истифода карданд. ИМА пешакӣ ба чунин анҷоми кор омода буд. Бадтаринаш барояшон ин буд, ки онҳоро танҳо як кишвар - Ҷумҳурии Доминикана дастгирӣ кард. Дигар аъзоёни Шӯрои амният - чӣ аъзоёни доимӣ ва чӣ муваққатӣ аз чунин қарор худдорӣ карданд. Хории бештар аз ин барои Вашингтон вуҷуд ҳам надорад, онҳо бо зиддияти худ нисбати Эрон ҳатто шарикони наздиктаринашонро "аз ҷон сер" карданд.

Ва албатта чунин анҷоми кор ба ягон ваҷҳ позитсияи онҳоро нисбати Эрон дигар накард.

Доналд Трамп пешниҳоди Владимир Путин оид ба баргузории саммити онлайн дар мавзӯъи Эронро рад кард. Замоне, ки раҳбари Русия дар бораи саммит пешниҳод мекард, то авзоъи гирди Эрон ба муноқишаи бузурге табдил наёбад,  Амрико мегуфт ҷое хубтар аз СММ барои баррасии ин мавзӯъ вуҷуд надорад ва умуман дар ғазаб шуд, ки "Маскав борҳо дар бораи набуди асоси ҳуқуқӣ" барои баррасии ин мавзӯъ таъкид кардааст.

Ва боз ҳам қадами нави Майк Пампео, ки дарак медиҳад -  Вашингтон заррае ҳам аз мақсади гузоштааш намегардад ва барои ба мақсад расидан чораандешӣ мекунад.

Бояд ба мустаҳкамии амрикоиҳо иқрор шуд, ки ба ҳеҷ монеъае нигоҳ накарда ба сӯи ҳадафашон мераванд. Ин ҷо суоли таносуби кӯшишҳо ва натиҷаи он ва дар умум самаранокии чунин роҳ ба миён меояд.

Солҳои зиёд сиёсати хориҷиии Амрико бо шиори "пахш кардан то замоне, ки шикаста нашаванд" роҳандозӣ мешуд ва ин кор мекард. Ва чунин зебо иҷро мешуд, ки гоҳҳо танҳо як таҳдид, истифодаи қувва барои ба мақсад расидан басанда буд.

Мушкил ин аст, ки аз дер боз самаранокии ин роҳ чунон худогоҳона шуд ва рӯйхати камбудиҳои сиёсии Амрико чунон зиёд шудааст, ки дигар ваъдаи ҷазо додани ҳамаи бетартибҳо чун шухӣ ё набуди ягон имконияти дигари ИМА барои ба мақсад расидан, менамояд.

Намешавад бо чунин суханон, Русия ва Чинро, ки аллакай таҳти таҳримҳо ғарқ шудаанд, тарсонд. Дар баробари ин дар мизони дигар Эрон меистад, ки ба азнавсозии силоҳ ва омодаи хариди он будан қарор дорад. Имконоти ИМА дар ин роҳ чӣ гуна бошад, агар онҳо ҳатто бо шарики наздиктарини худ Туркия барои харидани С-400 - и Русия монеъ шуда натавонистанд.

Кишварҳои Ғарб низ, ки зимни овоздиҳӣ ба  манфиати ИМА дар СММ худдорӣ карданд, аз ҷумла шарики наздиктарини Амрико - Бритониё, аз афташ мубоқили аз худ кардани қисме аз бозори силоҳи Эрон нест ва таҳдидҳои шарики он сӯи уқёнус барояшон боварибахш наменамояд.

Барчаспҳо:
таҳримҳо, Эрон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ