18:37 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
199 0 0

Пешниҳоди губернатори вилояти Омск Александр Бурков дар бораи содироти ғалла ба Осиёи Марказӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии Русия баррасӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Нархи гарони транзитӣ тавассути Қазоқистон имкони Русияро барои содироти ғалла ба Осиёи Марказӣ маҳдуд мекунад, гуфт губернатори вилояти Омск Александр Бурков дар семинар.

"Кишоварзони Омск метавонанд ғалладона ва зироатҳои равғаниро ба Узбакистон, Тоҷикистон ва ҳатто Афғонистон содир кунанд. Аммо мо мебинем, ки интиқол тавассути Қазоқистон бо роҳи оҳан барои ширкатҳои Русия нисбат ба ширкатҳои қазоқӣ,  ки аз Русия мегузаранд  16% бештар аст", - гуфт Бурков.

Мансабдор ба он эътибор дод, ки Қазоқистон ва Русия фазои ягонаи гумрукӣ доранд.

Губернатор илова кард, ки ҳалли ин масъала дар сатҳи Вазорати рушди иқтисодии Русия ва Вазорати кишоварзии Русия метавонад ҳаҷми содироти ғалла ба Осиёи Марказиро афзоиш хоҳад дод.

Данғараи пешқадам: истеҳсоли ғалла наздик ба 86 ҳазор тонна расид

Вадим Головко, муовини намояндаи ваколатдори президент дар Минтақаи федеролии Сибир ин ташаббусро дастгирӣ кард.

Барчаспҳо:
содирот, ғалла, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ