22:47 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
141 0 0

Рӯзи сешанбе Департаменти давлатии ИМА баёноти давлатҳои узви G7-ро паҳн кард, ки аз Русия талаб доранд, то фавран масъули “заҳролудкунӣ”-и Навалнийро муайян кунад ва онҳоро муҷозот кунад

ДУШАНБЕ, 10 сентябр — Sputnik. Олмон сарфи назар аз муроҷиатҳои Русия дар бораи “парвандаи Алексей Навалний” вокуниши фаврӣ ва асосноке надодааст, хабар медиҳад ВКХ Русия.

Рӯзи сешанбе Департаменти давлатии ИМА баёноти давлатҳои узви G7-ро паҳн кард, ки аз Русия талаб доранд, то фавран масъули “заҳролудкунӣ”-и Навалнийро муайян кунад ва онҳоро муҷозот кунад.

“Сарфи назар аз тамоми муроҷиатҳои мо, Берлин то ҳол вокуниши фаврӣ ва асосноке накард ”, — гуфта мешавад дар шарҳи изҳороти ВКХ Русия.

Русия ин муносибати Олмонро дар робита бо қазияи Алексей Навалний беасос медонад, шарҳ доданд дар ВКХ Русия.

"Амалиёти маълумоти дурӯғ бешубҳа шаҳодат медиҳад, ки ташаббускорони он, вазифаи муайянкунии сабабҳои аслии ба беморхона хобондани А. Навалний ё ғамхорӣ ба ӯро надоранд, балки таҳрики таҳримҳост”, - менависад ВКХ Русия.

Дар як вақт дар заминаи ин муносибати беасоси мақомоти Олмон ҳамлаҳои бепоя ба Русия идома доранд. 

Дар вазорат қайд карданд, ки дар ҳангоми пешниҳод нашудани маълумоти "парвандаи Алексей Навалний" "воҳима дар атрофи ин парванда фақат зиёд мешавад". Ва ҳам набудани маълумот ба Русия имконият намедиҳад, ки усулҳои зарурии муайян кардани қазияи Навалнийро  истифода барад.

"Набудани маълумоти мазкур (дар бораи тафтиши тиббии Навалний - шарҳ аз идора) ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия имконият намедиҳад, ки  тамоми усулҳои зарурии тартибии  муайянкунии ҳолатҳои қазияро истифода барад", — изҳор доштааст ВКХ Русия.

Олмон  ҳамкории табибони Русияро бо мутахассисони олмонӣ дар "парвандаи Навалний" боздоштааст, баён кардааст ВКХ Русия.

"Қайд мекунем, пизишкони рус ҳам пешниҳод доранд, ки барои баррасии маълумотҳои Русияву Олмон дар бораи саломатии Навалний бо ҳамкорони олмониашон робитаи мустақим барқарор кунанд. Афсӯс тарафи Олмон ин равандро боз доштааст", — омадааст дар шарҳи ВКХ Русия.

20 август А. Навалнийро баъди бад шудани вазъи саломатиаш дар ҳавопаймо ба беморхонаи шаҳри Омск хобониданд.

Пизишкони Омск дар натиҷаи ташхисҳо диагнози асосии Навалнийро вайрон шудани мубодилаи моддаҳо гуфтанд, ки миқдори қанди хуни ӯро тағйир додааст. Сабаби он то ҳол маълум нест, аммо бино бар иттилои пизишкони Омск дар хун ва пешоби Навалний заҳр набуд.

 Пас аз ин ӯро бо ҳавопаймо ба Олмон интиқол доданд.

 Ҳукумати Олмон рӯзи чоршанбе дар истинод ба духтурҳои ҳарбӣ эълон кард, ки Навалний гӯё бо моддаи навъи "Новичок" заҳролуд шудааст.

Пешвои мухолифин дар Черногория таҳримҳои зидди Русияро иштибоҳ хонд

 Дар ин маврид Кремл гуфт, ки Берлин ба Маскав хулосоҳояшро равон накард ва ВКХ  таъкид мекунад, ки Русия ҷавоби Олмонро интизор мебошад.

Рӯзи интиқоли Навалний ба беморхона прокуратура ва полис аллакай тафтишоти худро сар кард.

Намояндаҳои сафоратхонаи Русия дар Берлин гуфтанд, ки посухи бениҳоят фаврии Олмонро ба дархости Прокуратураи генералии Русия аз 27 август оид ба ёрии ҳукуқӣ дар парвандаи Навалний интизоранд.

Русия мехоҳад ин ҳодисаро возеҳ кунад, барои ин маълумот аз ҷониби Олмон лозим аст, аммо он то ҳол равон нашуд, гуфт Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия.

Чигуна таҳримҳои зидди Русия қаторҳои Латвияро бозмедоранд?

Амалиёти тафтишотӣ дар парвандаи Навалний дар ҳақиқат рафта истодаанд, агар мавҷуд будани моддаи заҳролуд муайян шавад, тафтиш ҳам қонунан оғоз меёбад, гуфт Песков.

Рӯзи Душанбе клиникаи “Charite”-и Берлин эълон кард, ки аҳволи Навалний беҳтар шуд ва ӯ аз ҳолати кома бароварда шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ