19:42 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
62101

Муносибати байни қудратҳои ҳастаӣ то ҳадде боло рафтааст. Дипломатҳо ба бунбаст афтоданд, ҷонибҳо сафирҳоро даъват мекунанд. Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳолати омодабош қарор доранд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Барҳаво, қавӣ, бо технологияи олӣ сохташуда- аллакай ба наздикӣ Қувваҳои мусаллаҳи Русия бастаҳои ҷадиди фармондиҳӣ дар асоси ҳавопаймои баландпарвози Ил-96-400М-ро ба даст меоварад. 

Дар Ғарб ин гуна мошинҳоро "ҳавопаймоҳои рӯзи қиёмат" меноманд. Дар ҳолати оғози ҷанги севуми ҷаҳонӣ аз борти "ситоди парвоз" низомиёни олӣ ва роҳбарияти сиёсии кишвар дифоъ ташкил мекунанд ва аз замин қӯшунҳои обӣ ва ҳавоиро идора менамоянд. Ин навъи ҳавопаймоҳоро имрӯзҳо танҳо Русия ва ИМА доранд. Дар бораи имконот ва вазифаҳои онҳо маводи РИА Новостиро мутолиа кунед.

Наҷоти фармондиҳӣ

Муносибати байни қудратҳои ҳастаӣ то ҳадде боло рафтааст. Дипломатҳо ба бунбаст афтоданд, ҷонибҳо сафирҳоро даъват мекунанд. Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Бомбафканҳои статегӣ боло мешаванд, қоиқҳои зериобии ҳастаӣ бо мушакҳои баллистикӣ ба уқёнус мераванд, системаҳои мушакии заминӣ ба ҳаракат даромдаанд ва ҷаҳон дар интизори ҷанги севум аст. 

Хушбахтона, ин сенария  афсонае беш нест. Чи дар Русия ва чи дар Амрико хуб дарк мекунанд, ки ҷанг метавонад дарҳол ба ҷанги ҳастаӣ табдил ёбад, ки даҳҳо миллион қурбонӣ хоҳад дошт. Аммо низомиён доим ба сенарияи бадтар омода мешаванд. 

Ҳарду ҷониб интизор доранд, ки зарбаи авал дар ин гуна чолиш рақибро бесар мекунад, ва аз ӯ имконияти идораи қӯшунҳоро мегирад, ки натавонад ҳеҷгуна муқовимат нишон диҳад. Мақсади асосӣ - марказҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ ҳастанд.

 Дар давраи таҳдид роҳбарияти Русия ва ҳайъати олии фармондиҳии Қувваҳои мусаллаҳ дар шароити комилан махфӣ ба фурудгоҳи ҳарбӣ мебаранд, ки дар он ҷо онҳоро пунктҳои фармондиҳии болдор интизор аст. 

Сулҳҷӯи зӯргӯй: Трамп мехоҳад, сарбозони амрикоиро ба хона орад - видео

Вазифаи асосии экипажҳои ҳавопаймоҳои рӯзи қиёмат - нафарони аввали кишварҳоро аз зери ҳамла берун оварда,  имконияти идора аз он тарафи ҳаворо фароҳам меоварад. Суботи набарди ин пунктҳои фармондиҳиро тавассути ҷангандаҳо ва танкҳо ба танзим медароранд. Чунин тактикаи монанд дар Амрико дар солҳои ҷанги сард коркард шудааст.

Ҷойгузине, ки муддатҳо дар интизори он буд

Нерӯҳои ҳаво ва фазои Русия аз чунин ҳавопаймоҳои рӯзи қиёмат 4-то дорад. Ин ҳавопаймоҳо дорои нерӯгоҳи қавӣ, воситаҳои муоширати муосир ва имконияти якчанд рӯз истодан дар ҳаворо доранд. 

Аз гузаштагонаш Ил-80 танҳо бо пешониаш фарқ мекунад, ки калон асту дар он таҷҳизоти радиову электронӣ ҷой дода шудаанд. Афзун бар ин Ил-80 равзана надорад, то мусофирон аз наздикии инфиҷори ҳастаӣ кӯр нашаванд.

Маълумоти бештар аз ин дар бораи Ил-80 сирри давлатист. Танҳо гуфта мешавад, ки дар борти ҳавопаймо таҷҳизот барои идораи тамоми намудҳои Қувваҳои мусаллаҳ, бинои махсус барои кор ва истироҳати мусофирони олимақом, ва захираи сӯзишворӣ ҷойгир аст.

Ҳавопаймо метавонад аз ҳамагуна фурудгоҳ парвоз кунад.

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

 Аммо Ил-80 бештар аз 15 сол аст, ки тавассути нерӯҳо истифода мешавад ва бештари манобеи худро тавсеа доданд. Доманаи амалии онҳо ҳамагӣ о 3800 километрро ташкил медиҳад, ки барои пункти ҳавоии идоракунӣ нокифоя аст. 

Барои ҳамин интихоби  Ил-96-400М ба сифати аоси ҳавопаймои нави рӯзи қиёмат пурра дуруст аст: доманаи амалии он қариб 9 ҳазор километрро ташкил медиҳад.

Меҳмонхонаҳои парвозкунанда
Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дорои 4 ҳавопаймои  E-4B Nightwatch мебошад, ки дар асоси боинг -747 сохта шудаанд. Ҳаряки аз онҳо 1000 нафарро меғунҷонад ва ҳангоми кифоягии маводи сӯхт метавонад то дар ҳаво то як ҳафта монад. E-4B Nightwatch аз таъсири таркиши ҳастаӣ осебе намебинад, ва дорои таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ мебошад.

 Метавон гуфт, ки "ҳавопаймои рӯзи қиёмат"-и амрикоӣ, ин як меҳмонхонаи парвозкунанда аст. Дар он барои кори автономӣ тамоми шароит аз ошхона сар карда, то ҳаммом, минтақаи истироҳатӣ, ҳуҷраи дорои миз ва 9 курсӣ, ҷои муҷаҳҳаз бо техникаҳои иттилоотӣ барои 29 корманд ва дигар бино иборат аст. Хулоса, бисёр ҳавопаймои бароҳат аст.

Шояд барои ҳамин баъзан нафарони аввали Амрико барои парвоз ба дигар кишварҳо E-4B-ро ба ҷои Air Force One истифода мекунанд.

Ҳавоппаймоҳои  E-4B аз ҳавопаймои Ил-80-и Русия хело бузургсол аст. Онро ҳанӯз соли 1970 ба истифода бароварда буданд. Бояд қайд кард, ки онҳо то рафт замонавӣ ва пурратар мешаванд.

Мисол, соли 2015 як қисми борт раванди азнавбарномакунонӣ ва тағйирёбии таҷҳизоти коммуникатсиониро гузаштааст. Феълан ин ҳавопаймо бемамоният ба интернет дастрасӣ дорад. Даври E-4B - 11 ҳазор километрро ташкил медиҳад. 

"Ин қадамҳои авваланд": чаро Амрико зердарёиҳоро ба наздикии марзи Русия интиқол медиҳад

Афзун бар ин, амрикоиҳо 16 ҳавопаймои  E-6-ро доранд, ки метавонанд ба сифати пункти фармондиҳии муштараки стратегии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико истифода шаванд. Дар ҳолати ҷанг ин мошинҳо аз минтақаи Уқёнуси Ором ва Атлантик вориди фазои ҷанг шуда, бо қаиқҳои зериобии ҳастаӣ ва "ҳавопаймоҳои рӯзи қиёсат" E-4B иртиботи бевосита хоҳанд дошт.

Мавзӯъҳои асосӣ