19:39 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
362 0 0

Дмитрий Гордеев, роҳбари Маркази тадқиқоти иқтисодию таҳлилӣ ва IT-технологияҳои Маркази тадқиқоти Федералии системаҳои озуқавории ба номи В. М. Горбатови Академияи илмҳои Русия дар бораи роҳҳои алтернативии рушди бозори маҳсулоти гӯштӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik.  Дар Қазоқистон маҳдудиятҳои содироти чорво қаблан ҷорӣ шуда буданд. Ин аз он сабаб буд, ки саршумори чорвои калони шохдор дар Қазоқистон кам шуд.

Ин сабаби содироти зиёди ҳайвонот ба Тоҷикистон ва Узбакистон аз Қирғизистон гардид.

Ахиран бо сабаби гаронии нархи гӯшт, Қирғизистон низ содироти чорвои калони шохдорро ба хориҷа манъ кард, ки ба гуфти бозордонон он ба нархи гӯшт дар Тоҷикистон низ таъсир хоҳад кард.

Дар ин робита, дар Тоҷикистон роҳҳои алтернативии рушди бозор имконпазир аст, гуфт Гордеев.

"Ҳоло самтҳои асосии умедбахши рушди соҳаи гӯшт дар Тоҷикистон говҳо, бузҳо, гӯсфандон, инчунин парранда мебошанд",- гуфт коршинос дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Тағйирот дар қонуни буҷа барои таъмини арзонии гӯшт дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи вай, рушди ин соҳаҳо ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аҳолиро бо навъҳои асосии маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли худ таъмин намояд.

"Корхонаҳо бояд нақшаи мукаммали рушди соҳибкориро барои ҷалби сармоягузорони эҳтимолӣ таҳия кунанд, аз ин рӯ зарур аст, ки ба ин занҷира инчунин корхонаҳои истеҳсол ва коркарди намудҳои асосии маҳсулот, ки аз гӯшти  ҳйвонот омода мешаванд, дохил карда шаванд",- гуфт коршинос.

Вай афзуд, ки фароҳам овардани базаи худӣ ва шароити оптималии нигоҳ доштани чорво, парранда ва тартиб додани раванди ғизодиҳӣ пурра барои онҳо маҳсулнокии чорво ва паррандаро баланд мебардорад. 

Мавзӯъҳои асосӣ