01:28 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
253 0 0

Дар ҷараёни ҷанги 44-рӯзаи Қарабоғ, нерӯҳои Озарбойҷон аз силоҳҳои истеҳсоли Беларус ва Русия, системаҳои сершумори мушакӣ, танкҳо ва ҳатто системаҳои зиддимушакӣ аз силоҳҳои замони Шӯравиро самараноктару муфидтfр истифода карданд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ҳавопаймоҳои бесарнишини Туркия ва Исроил ба тӯпхонаҳо кӯмак карданд, дар ташаккули иктишоф ва зарбаҳои ҷавобӣ саҳм гузоштанд, барои вайрон кардани рӯҳияи душман маводи зиёди видеоӣ пешниҳод карданд ва бо вуҷуди ин онҳо муваффақияти ҷангро таъмин накарданд.

10 декабр дар майдони Озодии Боку гузашти низомӣ бахшида ба пирӯзӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ бо иштироки тақрибан 150 адад техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла техникаи муосир, ки ба наздикӣ барои хидмат қабул карда шуд, баргузор гардид.

Дар қатори дигар техникаҳо зимни гузашти низомӣ силоҳҳои истеҳсоли Беларус ва Русия бартарӣ доштанд.

Дар пасманзари тонкҳои муосири Т-90S, мошинҳои ҷангии пиёдагарди БМП-3, автомашинаҳои зиреҳпӯши БТР-82А, системаҳои оташфишони вазнини "Солнтсепек", системаҳои сершумори мушакии "Смерч" (истеҳсоли Федератсияи Русия) ва "Полонез" (истеҳсоли Белорусия), артиллерияи таъсирбахши худгарди "Мста-С", "Акатсия", "Пион", моделҳои мудофиаи зиддиҳавоии ҳарбии "Ос" ва "Шилка" -и солҳои 70-уми асри гузаштаи замони Шӯравӣ ба гунае назаррас менамуданд

Ҳушдори Русия ба Озарбойҷону Арманистон: оташбасро риоя намоед

Гузашта аз ин, инҳо "Ос" -ҳои дақиқ бо ситораҳо буданд , ки шумораи ҳадафҳои зарбазадашударо инъикос мекарданд.

Мошинҳои зиреҳпӯши истеҳсоли Туркия низ муаррифӣ шуданд. Аммо дар майдони Озодӣ тамошобинон мошинҳои УАЗ, Урал ва КамАЗ-ро низ диданд, ки ҳатто охирин бо “Байрактар”-ҳо дар бордон буд.

Дар охири гузашти низомӣ, ҷангандаҳои МиГ-29 ва ҳавопаймоҳои ҳамлакунандаи Су-25 инчунин чархболҳои Ми-35 ва Ми-17, ки дар Русия истеҳсол мешаванд, дар болои Боку парвоз карданд.

Гузашти техникаҳои низомии артиши Озарбойҷон моро водор мекунад, ки бори дигар дар бораи самаранокии истифодаи силоҳ, сифати омодагии мутахассисони ҳарбӣ ва дар бораи сатҳи тайёрии тактикӣ ва амалии нерӯҳо фикр кунем.

Артиши Озарбойҷон аз ҷиҳати сифати силоҳ бартарии возеҳе надошт ва теъдоди амалиётҳои низомӣ ин миқдорро объективан маҳдуд мекард. Танҳо дар ҳамворӣ метавон дар "минтақаи" -и ҳамлавар садҳо танки Т-90S ҷойгир кард.  Дар доманакӯҳҳо фазои манёвр танг мешавад ва омодагии тактикии нерӯҳои муҳофиз метавонад афзалияти душманро дар тӯпхонаҳои дурпарвоз ва воситаҳои иктишофӣ бештар бошад.

Навсозии самарабахш

Маҳорати оқилонаи идораи силоҳ маънои  на камтар аз хусусиятҳои тактикӣ ва техникии "таҷҳизот" -ро дорад.

Маълум аст, ки дар Қарабоғ системаи ракетаҳои фаврӣ-тактикии LORA (аналоги исроилии КТРК “Точка” -и Русия) аз ҷониби Озарбойҷон як маротиба - аз болои пули дарёи Акар истифода шудааст.

Аз тарафи дигар, дар паҳлӯҳои силоҳҳои худгарди низоми мудофиаи зиддиҳавоии низомии "Оса" -и артиши Озарбойҷон ситораҳо ба назар намоёнанд, ки маънои шумораи зиёди нобудсозии ҳадафҳо - бесарнишини Арманистон (дар маҷмӯъ беш аз бист) -ро дорад.

 Дар як амалиёти мушаххас, “Ос”-ҳо муосиршудаву арзон самарабахштар аз силоҳ навтарин “Лор” (Long-Range Artillery Missile), ки 100 миллион доллар барои ин маҷмаа ва 1,5 миллион доллари дигар барои ҳар як мушаки он аст, буданд.

Мисол тасодуфӣ нест, зеро "Ос" -ҳои ҷониби Арманистон дар вазъияти ҷангӣ худро ба таври беҳтарин нишон надоданд - ҳавопаймоҳои навъи "Байрактар" онҳоро ба осонӣ ошкор ва зада метавонистанд, гарчанде ки ҳама чиз бояд комилан баръакс рӯй медод.

Тибқи маълумоти Боку, 40 системаи дифоъи ҳавоии “Оса”, 5 системаи дифоъи зидди ҳавоии “Тор”, 4 системаи дифоъи зиддиҳавоии “Куб” ва 14 мушаки зенитии зиддиҳавоии “Застава” нобуд карда шуданд. Гуфтан душвор аст, ки дар ин ҷо чӣ чиз бештар аст - душманро кам нишон додан ё қобилияти шахсиро аз будаш зиёд намоиш додан.

Аслиҳаи нави Русия: зиреҳпӯши мобили-ҳавоӣ суръаташро то 155 км/соат расонд

Мо ба омодагии ҳайати ҳарбии зиддиҳавоӣ дахл намекунем, аммо қайд мекунем, ки "Ос" -ҳои Озарбойҷон қаблан бо кӯмаки корхонаи "Тетраэдр" -и Беларус муосир карда шуда, сифатҳои комилан нав ба даст оварданд.

Мутахассисони Беларус электроникаро дар ин силоҳ такмил доданд, системаи мудофиаи зиддиҳавоиро “ҳушёр” ва дурпарвоз карданд, ки ҳамакнун  Мушакҳои T382 ба ҳадафҳо дар масофаи то 20 км, дар баландиҳои то 10 ҳазор метр зарба мезананд (нуқтаи ниҳоии Байрактар ​​8200 метр аст). Гузашта аз ин, беларусҳо чунин такмили мудофиаи низомии ҳавоиро ба ҷониби Арманистон низ пешниҳод карданд, аммо Ереван тасмим гирифтанд, пулро сарфа кунад.

Пеш аз ҷанг, инчунин системаҳои муосири зиддиҳавоии низомӣ мавҷуд буданд - дар солҳои охир Русия ба Арманистон системаҳои дифоъи зиддиҳавоии Бук-М1-2 ва Тор-М2КМ ва инчунин системаҳои иктишофии заминии Автобаза-Мро таъмин мекард.

Барои фаҳмидани тавозуни технологии байни Озарбойҷон ва Арманистони дар низоъии Қарабоғ, хотиррасон мекунам: Арманистон аввалин воридкунандаи чор системаи мушакии Русия, аз қабили "Искандер-Э" (бо маҷмӯи 25 мушак), 12 ҷангандаи беназири Су-30SM (то имрӯз 4-тоашро гирифтааст), TOS-1A "Солнцепек",  системаҳои вазнини оташгиранда, системаҳои сершумори мушакӣ (MLRS) "Смерч", мушакҳои идорашавандаи зиддитанкии 9M113M дар ҷаҳон буд.

Силоҳи амният: чаро Русия истеҳсоли мушакбарҳои стратегиии Ту-160М-ро ба роҳ монд

Ереван силоҳҳои Русияро бо нархҳои имтиёзноки дохилии Русия мегирад, ки пурра бо қарзҳои давлатии Федератсияи Русия ба маблағи умумии 300 миллион доллар ба даст овардааст.

Чунин ба назар мерасад, ки силоҳҳои Арманистон шикасти шадидро дар муноқишаи низомии нисбатан кӯтоҳ пешгӯӣ накардаанд.

Омили туркиву сустии арманӣ

Машқҳои муштараки низомии Озарбойҷон ва Туркия "Бародарии вайроннашаванда", ки дар қаламрави Озарбойҷон ба таври муназзам баргузор мешуданд, барои Ереван махфӣ набуданд, ки на танҳо Ҷумҳурии Автономии Нахичевон, балки атрофи шаҳрҳои Ганҷа, Курдамир, Евлох ва дигар нуқтаҳои аҳолинишини назди Қарабоғи Кӯҳиро фаро мегирифтанд.

Лозим буд, пештар чораандешӣ ва барои ҷавоби системавӣ роҳе омода карда мешуд.

Мавриди зикр аст, ки Русия Озарбойҷонро "аз ҳад зиёд мусаллаҳ" накардааст, ба таври ошкоро ба он (ба монанди дигар кишварҳои ИДМ) дар тӯли якчанд сол 100 танки Т-90S, 118 БМП-3, 230 БТР-82, 18 гаубитсаи худгарди "Мста-С"- и қутраш 152 мм , 18 худгарди "Вена" -и қутраш 120 мм, 18 мошини ҷангии MLRS "Смерч" -и қутраш 300 мм ва 24 мошини ҷангии системаи TOS-1A “Солнцепек" системаи оташгирандаи вазнин, фурӯхтааст. Шарикони Беларус низ инчунин ба таври шаффоф ба Бокуро РСЗО "Полонез"-ро фурӯхтанд.

Чаро Туркия қушунҳояшро ба Озарбойҷон дохил мекунад?

Ва бо ин вуҷуд, пирӯзӣ бар душман хеле пеш аз ҷанг дар фулузу барномаву  нақшаҳои Ситоди Генералӣ зарба зада шуда буд.  Замоне ки 27 сентябр ҳавопаймоҳои бесарнишини Исроил ва Туркия дар болои Қарабоғ пайдо шуданд, ин яке аз имконоти рушди низое, ки муддати тулонӣ хобида, буд. Ҷониби Арманистон бояд ба ин беш аз чоряк аср омода мешуд.

Ҷангҳои минбаъда нишон доданд, ки Озарбойҷон нисбат ба ҷониби Арманистон аз ҷиҳати технологӣ ба амалиёт беҳтар омода шудааст. Қӯшунҳои Озарбойҷон сахт ҷустуҷӯ ва нуқтаҳои заиф дар ҳимояи душманро пайдо карданд.

"Тактикаи ҷангро дигар мекунанд": Русия соҳиби силоҳи нави зарбазан шуд

Дронҳо, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати равонӣ фишор оварданд. Ҳамлу нақл, ақибгоҳ ва тамоми умури низомии ҷониби Арманистон ба талабот ҷавобгӯ набуданд.

Барчаспҳо:
техника, ҳайат, зарба, омодагӣ, ҷанг, Қарабоғи Кӯҳӣ, силоҳ, Туркия, Арманистон, Озарбойҷон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ