09:14 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
226 0 0

Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки ҳоло душвортарин марҳилаи сохтмон аст. Дар зимистон, баҳри Балтика хеле тундбод аст. Ғайр аз ин, лӯлаи газро таҳримҳои ИМА ҳамчунон таҳдид мекунанд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ҳама кӯшиши Иёлоти Муттаҳида барои боздоштани "Маҷрои шимолӣ -2" бенатиҷа анҷом ёфт. Сохтмони қисми хориҷии лӯлаи газ дар хушкӣ ба анҷом расид. Ҳоло қубурҳои обро Олмон, сипас дар Дания ҷобаҷо мекунанд.

Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки лоиҳа ба хатти поён расидааст ва ба рағми ҳама чиз ба анҷом расонида мешавад. Аммо, дар марҳилаи ба истифода додан мушкилот метавонанд пеш оянд, менависад РИА Новости.

Дар мулоқот бо бонкҳои сармоягузорӣ муовини раиси Раёсати "Газпром", директори генералии "Газпром Экспорт" Елена Бурмистрова гуфт, ки қисмати хориҷии лулаи газ дар хушкӣ комилан омода аст.

Рӯзи 11 декабр кор дар обҳои ҳудудии Олмон - пас аз танаффуси яксола аз сар гирифта шуд. Аз 15 январ дар обҳои Дания қубурҳо гузошта мешаванд. Ба гуфтаи Бурмистрова, мӯҳлати ба итмом расонидани сохтмони қитъаи оффшорӣ аз як қатор шароитҳо, алахусус обу ҳаво вобаста аст.

Қубургузорони "Фортуна" ба "Мурман", "Балтийский исследователь" , Хадамоти наҷоти баҳрии Русия ва инчунин дигар киштиҳои ёрирасон кумак мекунанд. Дар баҳр дар ду тарафи хатти қубуркашӣ минтақаи истисноии муваққатӣ, ки паҳноияш 200 метр аст, сохта мешавад. Онҷо муваққатан наметавон шино кард, ғаввосӣ кард ва ё моҳӣ дошт.

Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки ҳоло душвортарин марҳилаи сохтмон аст. Дар зимистон, баҳри Балтика хеле тундбод аст. Ғайр аз ин, лӯлаи газро таҳримҳои ИМА ҳамчунон таҳдид мекунанд.

Насби қубурҳои "Маҷрои шимолӣ - 2" наздик омадаст

Олмон аллакай эълом карда буд, ки агар Кохи Сафед ин нақшаҳоро амалӣ кунад, Бундестаг чораҳои муқобил омода хоҳад кард. Аз ҷумла, тибқи санади дохилии Вазорати иқтисоди Олмон, ҳукумати Меркел амалҳои бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамоҳангшударо баррасӣ мекунад.

Шарикони лоиҳа низ қайд мекунанд: Русия дар ҳама ҳолат таҳримҳоро убур карда, сохтмонро ба анҷом мерасонад. "Қубургузаронӣ аз сар грифта мешавад ва маҷрои шимолӣ ба итмом мерасад", - мегӯяд Рейнер Селе, директори ширкати нафтии Австрия.

"Маҷрои шимолӣ -2"-ро метавонад то тобистон ба итмом расад ва то зимистони оянда -  барои интиқоли газ шаҳодатнома гирифт, мегӯянд коршиносони Институти тадқиқоти энергетикии Оксфорд. Таҳримҳои минбаъда эҳтимолан мӯҳлатро кашол медиҳанд, аммо дар ниҳоят Русия "роҳи рафъи ҳама гуна монеаҳоро пайдо мекунад." Амрикоиҳо "бояд дарк кунанд, ки онҳо лоиҳаро боздошта наметавонанд" қайд мекунанд, таҳлилгарон.

Мавзӯъҳои асосӣ