Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ боз ба тавофуқ нарасиданд

Обуна шудан
Зарурати ҳалли масоили таъин ва аломатгузории хати марзии миёни ду кишвар баъд аз вуқӯъи чанд ҳодисаи даргирӣ миёни сокинони манотиқи марзӣ бо сарҳадбонон пайдо шуд.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Бо вуҷуди ба даст расидани харитаҳои қадимӣ аз Маскав, масоили аломатгузорӣ ва таъини хати марзӣ  ҳалношуда боқӣ монданд, хабар медиҳад Радиои "Азаттик".

Масоили марзӣ дар ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ дар масоили марзӣ дар Душанбе бо ширкати муовинони нахуствазирони Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев баррасӣ шудаанд.

"Ҷонибҳо натавонистанд ба як ҳалле тавофуқ кунанд ва барномаи корӣ барои соли ҷориро таъйид карданд. Ҷаласаи оянда дар Бишкек баргузор мешавад", — хабар дод ба "Азаттик" намояндаи вижаи ҳукумат дар масоили таъини хати марзӣ Қурбонбой Искандаров.

Гузаргоҳи марзӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафир: даргириҳо дар марз наҳваи нигаронкунанда касб карданд

Дар ҷаласа Қирғизистон ва Тоҷикистон харитаҳои қадимии аз Маскав ба даст расидаро, ки ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон марбут аст, аз назар гузарониданд. "Вале то ҳол тасмиме гирифта нашудааст, ки барои ҳалли масоили манотиқи баҳсталаби марз харитаи кадом сол истифода шавад. То ин замон намояндагони ду ҷониб харитаҳои мухталифе ироа мекарданд", — тавзеъ дод Искандаров.

Зарурати ҳалли сареъи масоили тайъин ва аломатгузории хутути марзии миёни ду кишвар баъд аз вуқӯъи чанд ҳаводиси даргирӣ миёни сокинони манотиқи марзӣ бо марзбонон пайдо шуд.

Дарозии марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр аст, ки аз он то ҳол 567 километраш таъйид шудааст.

Лентаи хабарҳо
0