18:31 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Афсари афғон манотиқи марзӣ бо Тоҷикистонро назорат мекунад. Акс аз бойгонӣ

Афғонистон намегузорад, ки ҷангиён ба Тоҷикистон ҳамла кунанд

© AP / Emilio Morenatti
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
801

Фармондеҳи нерӯҳои марбонии ВКД Афғонистон Шафик Фазлӣ зикр кард, ки дар вулусволиҳои Имом Соҳиб ва Дашти Арчаи вилояти Қундуз амалиёти панҷрӯзаи нерӯҳои амниятии Афғонистон сурат гирифтанд, ки дар пайи он гурӯҳҳои мусаллаҳ маҳв карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Нерӯҳои амниятии Афғонистон аз имкони ҷилавгирӣ ва маҳви ҷангҷӯён дар сурати талоши онҳо ба самти марз бо Тоҷикистон бархурдор ҳастанд, изҳор дошт ба Радиои Озодӣ фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ВКД Афғонистон Шафик Фазлӣ.

"Ҷангҷӯёни аз қаламрави Афғонистон бидуни ҳамоҳангсозӣ бо ҳамтоёни эҳтимолии худ дар Тоҷикистон қодир нестанд, ки ба марз бо Тоҷикистон ҳамла кунанд", — гуфт вай ва изофа кард, ки нигаронии СПАД дар мавриди нигарониаш аз марзҳо, онҳоро ошуфта накардааст.

Вай амалиёти панҷрӯзаи ниҳодҳои амниятии Афғонистон дар вулусволиҳои Имом Соҳиб ва Дашти Арчи вилояти Қундузро мисол овард, ки натоиҷи хубе дар пай дошт. Дар ин минтақа гурӯҳҳои мусаллаҳ маҳв карда шуданд.

Дар сурати пайдо шудани хатарот дар ҳифозати марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон роҳандозии амалиёти муштараки ду кишвар дар назар гирифта шудааст, гуфт Фазли ва зикр кард, ки "феълан дар марзи миёни Афғонистон ва Тоҷикистон мушкиле вуҷуд надорад".

Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа рӯзи 13 март дар Душанбе изҳор дошт, ки дар сурати вуқӯъи даргирӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, из созмон аз имкони интиқоли нерӯҳояш ба ин минтақа дар тӯли се рӯз бархурдор буда метавонад аз ҳар гуна таҳоҷум ҷилавгирӣ бикунад.

Мавзуъ

Сарбозони асири тоҷик ба умқи Афғонистон интиқол ёфтанд
Русия ба тақвияти ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мекунад
Дар Афғонистон ҷангҷӯи тоҷик боздошт шуд
Аслов: Афғонистон пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО ба кӯмак ниёз дорад
Барчаспҳо:
даргирӣ дар сарҳад, марзи муштарак, изҳори назар, ВКД Афғонистон, Шафик Фазлӣ, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ