17:16 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Осиёи Марказӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар назди СПАД-и кишварҳои узви ИДМ чунин меҳисобад, ки қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба амнияти кишварҳои минтақа хатари ҷиддӣ дорад, аз ин рӯ зарурати эҷоди тасмаи бехатарӣ ва молиявӣ атрофи ин кишвар ба миён омадааст.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Манбаи аслии таҳдид ба кишварҳои минтақаи СПАД ин Афғонистон аст ва бояд марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таҳким ёбад, иброз дошт ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар назди СПАД-и кишварҳои узви ИДМ Вафо Ниятбеков, менависад РИА Новости.

"Бояд марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таҳким ёбад, зеро амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, аз он сӯи Ому таҳдид мешавад. Бо вуҷуди он ки пас аз тақсими қудрат дар Афғонистон вазъи амниятӣ дар ин кишвар то ҳадде ба эътидол омадааст, аммо ҳанӯз ҳам хатарҳо аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои минтақа, ба хусус минтақаи СПАД вуҷуд дорад",- афзуд ин масъули мақомоти тоҷик рӯзи ҷумъаи 3 апрел дар оғози ҷаласаи "Гурӯҳи "Афғонистон"-и СПАД.  

Ин аст, ки Ниятбеков манбаи аслии таҳдид ба кишварҳои минтақаи СПАД-ро дар қаламрави Афғонистон донист ва гуфт, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба амнияти кишварҳои минтақа хатари ҷиддӣ дорад.

"Мақомоти Тоҷикистон бо сохторҳои зидахли Афғонистон, ба хусус пулис ва марзбонӣ ҳамкории танготанге доранд, ки муштаракан алайҳи ҳама чолишҳо метавонанд мубориза баранд",-илова кард ӯ.

Ба гуфти вай, Тоҷикистон низ барои тақвияти фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон кӯмаки худро мерасонад. Ниятбеков ба унвони мисол зикр кард, ки ҳар сол теъдоди 500 нафар аз афсарони афғон дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд. 

Дар шаҳри Душанбе нишасти гурӯҳи корӣ роҷеъ ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ идома дорад. Дар ин нишаст муовинони Дабири кулли СПАД, намояндагони доимӣ ва ҳамоҳангсозони миллӣ роҷеъ ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон ширкат доранд.

Масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳкими вазъи сиёсӣ-низомӣ дар Афғонистон, инчунин нақшаи гурӯҳи кории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД-ро аз масоили мавриди баҳс дар ҷаласаи ин гурӯҳ  унвон карданд.

Мавзуъ

Гурӯҳи кории СПАД оид ба Афғонистон 3 апрел дар Тоҷикистон ҷамъ меоянд
Омодагии Русия ва СПАД барои кӯмак ба Афғонистон
Барчаспҳо:
хатар аз он сӯи Ому, мубориза алайҳи чолишҳо, қочоқи маводи мухаддира, тасмаи бехатарӣ, ҳамоҳангсози миллии СПАД, Гурӯҳи Афғонистони СПАД, Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД, СПАД, Вафо Ниятбеков, ИДМ, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ