Афғонистон нобудсозии бозори нашъаро пешниҳод менамояд

© Sputnik / Махпора КиромоваИмомуддин Мутмаин
Имомуддин Мутмаин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари идораи зиддимухаддиротии ҶИА изҳор дошт, ки Афғонистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳеч вақт вуҷуди мушкилоти марбут ба парвариши нашъаро дар дохили кишвар пинҳон намедорад, аммо мавсуф таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба он ҷалб кард, ки “решаи бадбахтӣ” тамоман дар ҷои дигар аст.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Кишварҳои узви СПАД таваҷҷӯҳашонро набояд ба киштукори мухаддирот дар Афғонистон, балки ба нобудсозии роҳҳои интиқол ва фурӯши он дар хориҷ аз давлати исломӣ равона созанд, гуфт аснои сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон роҳбари Хадамоти муқобала бо маводи нашъадори Афғонистон Имомуддин Мутмаин.

Ба қавли ӯ, Афғонистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳеч вақт вуҷуди мушкилоти марбут ба парвариши нашъаро дар дохили кишвар пинҳон намедорад, аммо мавсуф таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба он ҷалб кард, ки "решаи бадбахтӣ" тамоман дар ҷои дигар аст.

Кашфу мусодираи 32 кило ҳероин дар Бадахшони Афғонистон

"Афғонистон манбаъи аслии паҳншавии мухаддирот дар ҷаҳон нест, ҳарчанд таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ аснои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба нашъа ба кишвари мо нигаронида шудааст ва равона мешавад. Агар жарфтар назар андозем, вақте талабот ҳаст, пешниҳод ҳам вуҷуд хоҳад дошт. Маҳз барои ҳамин ман пешниҳод кардам, ки интиқолу паҳншавии нашъа дар дигар кишварҳо ҷилавгирӣ шавад",- гуфт сарвари идораи зиддимухаддиротии ҶИА.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки истеҳсол ва фурӯши прекурсору дигар ҳабҳои психотропии нашъаовар на дар Афғонистон, балки дар хориҷ ба роҳ монда шудааст.

"Аммо ин маънои онро надорад, ки аз мушкилоти мавҷуда дар масири кишти тарёк (нашъа- шарҳи идора) дар қаламрави Афғонистон канора бигирием. Ба ҳеч ваҷҳ. Дар маврид бояд қайд намоям, ки давлати мо тани танҳо бо қочоқи нашъа мубориза мебарад ва мо натиҷаҳое назаррас ҳам дорем: фақат тайи як соли гузашта ҳудуди 3 ҳазор амалиёти зиддимухаддиротӣ анҷом додем. Зимни ин амалкард 2,5 ҳазор қочоқчӣ боздошт шуда, зиндонҳои мо аз нашъаҷаллобон лабрез аст",- илова кард Имомуддин Мутмаин.

Ба қавли ӯ, миёни боздоштшудагон ашхоси маъруф миёни мафиозҳо, мансабдорони неруҳои мусаллаҳ ва афроди баландпоя аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд. Ҳамчунин, 10 нафар нашъаҷаллоб, ки исми онҳо дар феҳрасти сиёҳ ҳамаи кишварҳо буд, дастгир гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0