16:32 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Вазири умури хориҷаи ФР Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ

Лавров: ФР омода аст ба ДИА ҷиҳати мубориза алайҳи нашъа кӯмак кунад

© Sputnik
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Вазири умури хориҷаи Русия қайд кард, ки таваҷҷӯҳи асосиро аснои ҳамкорӣ бо Афғонистон ба масоили марбут ба мубориза алайҳи кишти нашъа ва ташхисгоҳҳои истеҳсолии ин падидаи номатлуб равона бояд кард.

ДУШАНБЕ, 4 июня — Sputnik. Русия омода аст ба Афғонистон ҷиҳати мубориза алайҳи коркард ва истеҳсоли нашъа кӯмак кунад, иброз дошт вазири корҳои хориҷаи ФР Сергей Лавров, менависад РИА Новости.

Оқои Лавров гуфт, Русия ҳамкориашро бо Афғонистон дар тамоми бахшҳо тақвият додан мехоҳад ва барои ин ҳама заминаҳои мусоид вуҷуд дорад. Ба гуфти вазир, таваҷҷӯҳи асосиро аснои ҳамкорӣ бо Афғонистон ба масоили марбут ба мубориза алайҳи кишти нашъа ва ташхисгоҳҳои истеҳсолии ин падидаи номатлуб равона бояд кард.

"Ҳаҷми истеҳсоли нашъа дар Афғонистон ба таври бесобиқа боло меравад ва аз қочоқи мухаддирот на танҳо гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар, балки дар хориҷа низ фоида ба даст меоранд",- қайд кард Лавров ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиши минтақавӣ оид ба амнияти Созмони ҳамкории Шанхай.

Мавзуъ

Даъвати Раҳмон аз ҷаҳониён барои мубориза алайҳи нашъа ва тундгаройӣ
Барчаспҳо:
ҷилавгирӣ аз вабои аср, мухаддирот, нашъа, истеҳсол ва паҳнашавии нашъа, кӯмаки Русия ба Афғонистон, Созмони Ҳамкории Шанхай, Сергей Лавров, Афғонистон, ДИА, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ